Дар 8 моҳ ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистону Русия қариб ба $1,5 млрд расидааст

Дар ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Русия ба беш аз 1,4 миллиард доллар расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13%-ро ташкил додааст. Ин нукта дар ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки рӯзи 26-уми сентябр дар шаҳри Маскав бо иштироки Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвари мо ва Марат Хуснуллин, муовини […]

Дар ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Русия ба беш аз 1,4 миллиард доллар расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13%-ро ташкил додааст.

Ин нукта дар ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки рӯзи 26-уми сентябр дар шаҳри Маскав бо иштироки Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвари мо ва Марат Хуснуллин, муовини раиси ҳукумати Русия баргузор шуд, зикр гардид.

Дар он ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳо баррасӣ шуд.

“Таъкид гардид, ки соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Федератсияи Русия 1,9 миллиард долларро ташкил дод, ки  ин нишондод нисбат ба соли 2023 200 миллион доллар зиёд аст”, – зикр шудааст дар ҷаласа.

Ҷонибҳо ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда изҳор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Протокол оид ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидааст.

Ҳамчунин, дар ҳошияи ҷаласаи ин Комиссия, рӯзи 26-уми сентябр мулоқоти Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон бо Антон Силуанов, вазири молияи Русия баргузор гардид.

Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад, ки ҷонибҳо аҳамияти сатҳи баланди шарикӣ ва нақши Россия ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистонро таъкид карда, зикр намуданд, ки гардиши савдо соли 2024 тақрибан 2 млрд доллари амрикоиро ташкил дод.

Зимни мулоқот татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои молияи ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои муштарак баррасӣ шуд.

“Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти идоракунии рақамии молия, назорати қарзи давлатӣ, табодули таҷриба оид ба барориши коғазҳои қиматнок, аз ҷумла “сабз”, дастгирии омодасозии лоиҳаҳо бо ҷалби институтҳои рушд ва коркарди механизмҳои нави маблағгузорӣ баён намуданд”,- омадааст дар хабарномаи Вазорати молияи Тоҷикистон.

Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки дар назар аст, ки рӯзи 9-уми октябр президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ояд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо баррасии масоили муҳиму рӯзмараи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар назар аст. Владимир Путин ҳамчунин дар кори нишасти “Осиёи Марказӣ – Русия”, ки дар доираи сафари ӯ мегузарад, иштирок мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.