“Эроди хусур ва ғазаби модар”. Додситонии Хатлон сабаби куштори фарзанд аз дасти модар дар Қубодиёнро шарҳ дод

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Юлдуз Бозорова, сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиён, ки моҳи гузашта барои захмӣ кардани ду ва куштори 1 кӯдакаш гунаҳкор ва барои 28 сол расонаи зиндон шуд, сабаби даст ба ҷиноят заданашро шарҳ додааст.

Ҳодиса шаби 21-уми июни соли равон рух додааст. Он шаб Юлдуз Бозорова як духтар ва ду писари хурдсолашро бо корд захмӣ кард, ки дар пайи ин, Хадича – духтараки шашмоҳаи ӯ ҷон бохт. Ду писари 3 ва 5-солааш шифо ёфтанд.

Варқа Зайниддин, ёвари додситони вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфт, сабаби қасди ҷони фарзандон кардани Юлдуз Бозорова “ҷанҷоли кӯдакон ва эроди падари шавҳараш” будааст.

“Рӯзи 21-уми июни соли 2025 миёни Муҳаммад Хомитов, писари Бозорова ва Абдулҳомит Хомитзода, додари хурдсоли шавҳари ин зан ҷанҷол мешавад. Юлдуз Бозорова фарзандашро латукӯб мекунад. Ин ҳолатро хусураш Панҷибой Хомитов дида, сарзаниш мекунад. Бозорова дар ғазаб шуда, кӯдаконашро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, дарро маҳкам ва ба ҷонашон қасд мекунад”, – гуфт ёвари додситон.

Ба нақли ӯ, дар ин Умиджон Хомитов, шавҳари Юлдуз Бозорова меояд ва зан дарро боз мекунад. Аммо баъди пайи корҳояш рафтани шавҳар, тахминан соати 23 ба нияти худ идома медиҳад.

“Бо корди қаблан овардааш аввал ба ҷисми писари калонияш Муҳаммад Хомитови 5-сол, ки хоб будааст, 5 маротиба корд мезанад. Баъдан ба тани Исо Хомитови 3-сола, ки гаҳвораи хоҳарашро меҷунбонид 5 корд мезанад. Хатича Хомитоваи 4-моҳаро, ки дар гаҳвора хоб будааст, 3 корд мезанад. Сипас ба шиками худаш низ корд мезанад”, – мегуяд Варқа Зайниддин.

Тибқи иттилои қаблан дастрасшуда, яке аз кӯдакон аз дасти модар сӯйи дар гурехта, бобояшро садо мекунад. Аъзои дигари хонавода аз ҳодиса хабардор шуда, якҷо бо ҳамсоя кӯдаконро ба беморхона мебаранд.

Табибон ду писари ин зан – Муҳаммад ва Исоро наҷот доданд, аммо Хатича 5-уми июл дар шуъбаи эҳё ҷон бохт. Ҷасади ӯро ҳамон рӯз ба хок супориданд.

Додгоҳи вилояти Хатлон Юлдуз Бозороваро бо модаи 104 қисми 2, бандҳои а, в ,е (куштор) Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста, 16-уми сентябри соли равон, барои 28 сол равонаи зиндон кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...