Модаре, ки дар Қубодиён се кӯдакашро бо корд захмӣ карда буд, ба 28 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон Юлдуз Бозорова, сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиёнро, ки тобистони соли равон 3 кӯдакашро бо корд захмӣ карда буд, ба куштор гунаҳкор ва 28 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора як манбаъи “Азия-Плюс” аз додгоҳи вилоят хабар дода, гуфт, Юлдуз Бозорова бо модаи 104 қисми 2, бандҳои а, в ,е (куштор) Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Хатлон Юлдуз Бозорова, сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиёнро, ки тобистони соли равон 3 кӯдакашро бо корд захмӣ карда буд, ба куштор гунаҳкор ва 28 сол равонаи зиндон кардааст.

Дар ин бора як манбаъи “Азия-Плюс” аз додгоҳи вилоят хабар дода, гуфт, Юлдуз Бозорова бо модаи 104 қисми 2, бандҳои а, в ,е (куштор) Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, ҳукми додгоҳ 16-уми сентябри соли равон содир шуд.

Манбаъ аз тафсилоти баррасии парванда худдорӣ кард, чун “ҳукм ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст ва тарафҳо имкон доранд дар муҳлати пешбини намудаи қонун аз болои ҳукм ба мақомоти болоии додгоҳӣ шикоят баранд”.

Дар ҳамин ҳол, мавқеи судшаванда наздикон ва вакили дифои ӯ нисбат ба ҳукм маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки шаби 21-уми июни соли равон Юлдуз Бозороваи 24-сола аз ноҳияи Қубодиён як духтар ва ду писари хурдсолашро бо корд захмӣ кард. Дар пайи ин, Хадича – духтараки шашмоҳае, ки ҳамроҳ бо ду бародараш (яке 4 ва дигари 5-сола) бо захми корд бистарии беморхона буд, субҳи 5-уми июл дар шуъбаи эҳё ҷон бохт. Ду бародараш шифо ёфта, аз беморхона рухсат шуданд.

Як манбаъи “Азия-Плюс” гуфт, ин зан баъди захмӣ кардани кӯдакон мехост худро ҳам корд занад, аммо дасташ хато рафта, каме осеб дид.

Сабаби ба чунин кор даст задани ин зан маълум нест.

Он замон аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфтанд, дар вақти ҳодиса падари кӯдакон дар хона набуд ва “ягон моҷарои оилавӣ низ байни онҳо вуҷуд надошт”.

Навори бо корд захмӣ шудани чанд кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва боиси вокуниши тунди корбарон гардид. Аксаран талаб доштанд, ки ҳодиса таҳқиқ шавад.

Ин ҳаводис дар ҳоле баҳсбарангез шуд, ки чанд рӯз пеш ҳодисаи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯи модарашон дар ноҳияи Фархор расонаӣ ва боиси баҳси тунд дар ҷомеа шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.