Сокинони кишвар ба муносибати Рӯзи Конститутсия чор рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Ба муносибати Рӯзи Конститусияи Тоҷикистон сокинони кишвар чор  рӯз пайиҳам – 6, 7, 8 ва 9-уми ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ, рӯзи шанбе 1-уми ноябр рӯзи корӣ ва рӯзи ҷумъа, 7-уми ноябр – рӯзи истироҳат эълон шудаааст.

“Ба рӯзи дигар кӯчонидани рӯзҳои истироҳатӣ дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи ба дигар рӯзҳои корӣ гузарондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2025" аз 28-уми феврали соли 2025 № 121 сурат мегирад”- шарҳ доданд дар Федератсия.

Манбаъ гуфт, ки онҳое, ки панҷ рӯзи корӣ доранд, метавонанд аз 6-уми ноябр то 9-уми ноябр истироҳат кунанд ва 10-уми ноябр ба кор бароянд. Вале онҳое, ки ҳафтаи шашрӯзаи корӣ доранд, 2 рӯз истироҳат мекунанд ва рӯзи 8-уми ноябр барои онҳо корӣ аст.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи меъёри қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр  таҷлил мешавад, ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар гардидааст. Имсол 31 солагии Конситутсияи кишвар таҷлил мегардад.

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ фароғатӣ ва илмиву таълимӣ дар назар аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...