Кай хонандагон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд ва чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 7-уми ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, натиҷаҳои чоряки аввали соли хониш рӯзи 31-уми октябр ҷамъбаст мегардад. Барои хонандагони синфҳои 5-11 рӯзи 8-уми ноябр таҳсил оғоз мегардад ва хонандагони синфҳои 1-4 ба далели ба рӯзҳои истироҳатӣ […]

Манзумаи Фирӯз, Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 7-уми ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, натиҷаҳои чоряки аввали соли хониш рӯзи 31-уми октябр ҷамъбаст мегардад.

Барои хонандагони синфҳои 5-11 рӯзи 8-уми ноябр таҳсил оғоз мегардад ва хонандагони синфҳои 1-4 ба далели ба рӯзҳои истироҳатӣ мувофиқ омадани ду рӯзи баъдии таътил, то рӯзи 9-уми ноябр истироҳат мекунанд.

Ҳамчунин аз вазорат гуфтанд, дар робита ба мувофиқ омадани Рӯзи Конститутсия (6-уми ноябр), ки истироҳатӣ аст, дар рӯзҳои таътили тирамоҳӣ, рӯзи истироҳатӣ ба рӯзи дигар гузаронида намешавад.

Ба иттилои манбаъ, таътили тирамоҳӣ ба донишҷӯёни макотиби олии кишвар рабт надорад. Дар мактабҳои олӣ низ дар ҳамин марҳила бояд рейтинги аввал ҷамъбаст гардад, аммо ба далели он ки дар ҳар донишгоҳу донишкада замони дақиқи ҷамъбасти рейтинги аввал фарқкунанда аст, наметавон як санаро зикр кард.

Ба иттилои манбаъ, имсол таътили зимистона аз 1 то 7-уми январ ва таътили баҳорӣ аз 25 то 29-уми март давом мекунад.

Қаблан хонандагони тоҷик дар таътилҳо 10 рӯз истироҳат мекарданд. Соли 2024 муҳлати таътилҳои мактабӣ тағйир ёфт ва як сол инҷониб хонандагон дар таътилҳои тирамоҳӣ ва зимистона 7 рӯз ва дар таътили баҳорӣ ҳамагӣ 5 рӯз истироҳат мекунанд.

Мақомот далели кам шудани таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳориро зиёдшавии рӯзҳои таътили тобистона унвон дода буд. Қаблан соли хониш 36 ҳафта идома карда, 14-уми июн ҷамъбаст мегардид. Бо қарори ҳукумати кишвар, акнун чоряки охири соли хониш рӯзи 31-уми май ҷамъбаст гардида, хонандагон аз 1-уми июл ба таътили тобистона мебароянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.