Мақомот мегӯянд, 40 шаҳру навоҳӣ нақшаи даъват ба артишро иҷро кардаанд

Дар 20 рӯзи мавсими тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, нақшаи даъват ба артиш 86% иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати дифои кишвари хабар дода, гуфтааст, ки то 20-уми октябр ҳудуди 40 шаҳру ноҳия нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд. Бар асоси оморе, ки ин ниҳод нашр кардааст, минтақаҳои Тоҷикистон ба таври […]

Дар 20 рӯзи мавсими тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, нақшаи даъват ба артиш 86% иҷро шудааст.

Дар ин бора Вазорати дифои кишвари хабар дода, гуфтааст, ки то 20-уми октябр ҳудуди 40 шаҳру ноҳия нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд.

Бар асоси оморе, ки ин ниҳод нашр кардааст, минтақаҳои Тоҷикистон ба таври зайл нақшаро иҷро кардаанд:

– ВМКБ – 101,2%;

– вилояти Хатлон – 97%;

 – Душанбе – 87%;

– шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури – 80%;

– вилояти Суғд – 73%.

Вазорати дифоъ иҷро шудани нақшаро ба “масъулиятшиносии ҷавонон ва бо хоҳиши худ ҳозир шудани онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зистшон”, рабт дода гуфта буд, ки  маъракаи даъват “муташаккилона идома дорад”.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дасти кам чор навори, ба гуфтаи корбарон, “облава”, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бардошта шудаанд, паҳн гардид. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки чанд нафар ҷавонписаронро боздошт ва иҷборан ба мошинҳо савор карда мебаранд.

Солҳои гузашта низ аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Бояд гуфт, маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусалаҳи кишвар аз 1-уми октябр оғоз гардид ва то 30-юми ноябр идома хоҳад ёфт. Бар асоси фармони раисҷумҳур, дар ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1998-2007) дар ба артиш ҷалб мешаванд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.