Сокинони кишвар ба муносибати Рӯзи Конститутсия чор рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

Ба муносибати Рӯзи Конститусияи Тоҷикистон сокинони кишвар чор  рӯз пайиҳам – 6, 7, 8 ва 9-уми ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ, рӯзи шанбе 1-уми ноябр рӯзи корӣ ва рӯзи ҷумъа, 7-уми ноябр – рӯзи истироҳат […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Ба муносибати Рӯзи Конститусияи Тоҷикистон сокинони кишвар чор  рӯз пайиҳам – 6, 7, 8 ва 9-уми ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ, рӯзи шанбе 1-уми ноябр рӯзи корӣ ва рӯзи ҷумъа, 7-уми ноябр – рӯзи истироҳат эълон шудаааст.

“Ба рӯзи дигар кӯчонидани рӯзҳои истироҳатӣ дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи ба дигар рӯзҳои корӣ гузарондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2025" аз 28-уми феврали соли 2025 № 121 сурат мегирад”- шарҳ доданд дар Федератсия.

Манбаъ гуфт, ки онҳое, ки панҷ рӯзи корӣ доранд, метавонанд аз 6-уми ноябр то 9-уми ноябр истироҳат кунанд ва 10-уми ноябр ба кор бароянд. Вале онҳое, ки ҳафтаи шашрӯзаи корӣ доранд, 2 рӯз истироҳат мекунанд ва рӯзи 8-уми ноябр барои онҳо корӣ аст.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи меъёри қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр  таҷлил мешавад, ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар гардидааст. Имсол 31 солагии Конситутсияи кишвар таҷлил мегардад.

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ фароғатӣ ва илмиву таълимӣ дар назар аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.