Аз озодкунии гаравгонон то безараркунии террористон дар фурудгоҳ. Размоишҳои нерӯҳои СААД поён ёфт

Asia-Plus

Машқҳои муштараки Неруҳои сулҳҷӯёнаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ “Бародарии шикастнопазир-2025”, тамринҳои махсус бо воҳидҳои муҳофизатӣ ва дастгирии тиббии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ “Монеа-2025” ва машқи муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори Иттиҳоди давлатҳои мустақил “Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025”, ки давоми 10 рӯзи охир, аз 14 то 24-уми октябр дар машқгоҳи Фахробод ҷараён дошт, поён ёфт.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ба навиштаи манбаъ, дар ин размоишҳо 1 ҳазору 500 низомӣ аз Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок карданд. Ҳамчунин, дар ин размоиш зиёда аз 200 техникаи ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, истифода шуданд.

 

Давоми машқҳои амалӣ қисму воҳидҳои низомӣ амалиёти шартии сулҳҷӯёнаро дар қаламрави як давлати аъзои СААД анҷом доданд ва вазифаҳоро барои нигоҳ доштани оташбас байни тарафҳои даргир, инчунин таъмини риояи шартҳои оташбас иҷро карданд.

“Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ барои озод кардани гаравгонон, безарар намудани террористон дар фурудгоҳ ва дар бинои маъмурӣ аз матлаби асосии машқҳои муштарак ба ҳисоб мерафт”, – навиштааст АМИТ “Ховар”.

Ҷамъбасту натиҷагирии марҳилаҳои ниҳоии машқҳои муштарки ҳарбии “Бародарии шикастнопазир-2025” бо иштироки Котиби Шурои амнияти ҷумҳурӣ, вазири мудофиаи мамлакат, сардори ситоди муштараки СААД, намояндагони низомии кишварҳои иштирокчӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардидааст.

 

АМИТ “Ховар” навиштааст, ки дар маросими ҷамъбастии ин размоиш Юсуф Раҳмон, раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиа, Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва Андрей Сердюков, сардори Ситоди муштараки СААД иштирок ва суханронӣ кардаанд.

СААД як созмони ҳарбии минтақаии зери нуфузи Русия аст, ки соли 1992 бо иштироки ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ таъсис шуд, вале дар солҳои баъдӣ аз узвияти он чандин кишвар, аз ҷумла Ӯзбекистону Гурҷистон берун шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...