Нигаронии як созмони ҷаҳонӣ аз вазъи “Бешаи палангон”. Хатари калонтарин ба ин мамнуъгоҳ чӣ аст?

Вазъи “Бешаи палангон” дар гузориши  Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN)  “нигаронкунанда” арзёбӣ мешавад.  Ин гузориш 11—уми октябри 2025 дар саҳифаи расмии иттиҳодия нашр шудааст, ки дар бораи вазъи ду ёдгории табии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон гузориш медиҳад. Ёдгории табиии дигар “Парки миллии Тоҷикистон” воқеъ дар Бадахшон аст. Вазъи ёдгориҳои табии ЮНЕСКО дар чор зина муайян карда […]

Вазъи “Бешаи палангон” дар гузориши  Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN)  “нигаронкунанда” арзёбӣ мешавад.  Ин гузориш 11—уми октябри 2025 дар саҳифаи расмии иттиҳодия нашр шудааст, ки дар бораи вазъи ду ёдгории табии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон гузориш медиҳад. Ёдгории табиии дигар “Парки миллии Тоҷикистон” воқеъ дар Бадахшон аст.

Вазъи ёдгориҳои табии ЮНЕСКО дар чор зина муайян карда мешаванд: “хуб”, “хуб, бо назардошти баъзе ҳолатҳо”, “нигаронкунанда” ва “хатарнок”.

Хатари калонтарин ба табиати “Бешаи палангон” идораи ҷараёнӣ дарёи Вахш бо сохтани обанборҳо ва тақсимоти он барои обёрии кишоварзӣ гуфта мешавад.

Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” дар ҷануби Тоҷикистон, дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷойгир аст. Он ягона ҷангали табиии туғайӣ дар саросари Осиёи Марказӣ аст.

Дар гузориши IUCN зикр мешавад, ки то соли 1960, пеш аз идораи равиши дарёи Вахш, ҷангал баҳор аз ҳисоби баланд шудани сатҳи дарё зери об мемонд, ки ба раванди барқароршавии табии ҷангали туғайӣ, пешгирӣ аз эрозияи замин, танзими шӯршавии замин ва захираи обҳои зеризаминӣ мусоидат мекард.  

 

Ҳоло ҷангалҳои туғайӣ танҳо бо ҷараёнҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии корезишуда таъмин мешаванд, ки барои таъмини табиату набототи минтақа кофӣ нест. Дар гузориш омадааст, ки сеяки оби дарёи Вахш барои обёрӣ истифода мешавад ва тақрибан панҷяки оби боқимонда обҳои партовӣ мебошанд, ки дар таркиби он моддаҳои ғализ ва зарарноки кимёвӣ мавҷуданд.

Ин партовҳо бо равиши об ба дарё ва кӯлҳои ҷангал ворид мешаванд ва экосистемаи обии ҷангал зарар мерасонанд. Дар натиҷа моҳиҳои нодир ва растаниҳои зерӣ обӣ кам шуда, бештари онҳо зарар мебинанд.

Вале таъкид мешавад, ки ин таҳлилҳо дар асоси мушоҳида ҳосил шуда, аз ҷиҳати илмӣ ва гидрологӣ тасдиқ нашудаанд.

IUCN пешниҳод дорад, ки барои арзёбии дуруст ва ҳалли мушкилот ҳар чӣ зудтар бояд омӯзиши илмии гидрологӣ, бо назардоштӣ таъсири манфии тағйирёбии иқлим гузаронида шавад.

 

Дар ҳамин ҳол, IUCN вазъи ёдгории табиии дигари Тоҷикистон – “Парки миллӣ” дар Бадахшонро бо зикр чанд ҳолат “хуб” арзёбӣ кардааст.

Бояд ёдовар шуд, ки мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” соли 2023 ба феҳристи ёдгории табии ЮНЕСКО ворид шуд

Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” 4-уми ноябри соли 1938 таъсис шудааст. Масоҳати он 49 700 га мебошад.

Мамнуъгоҳ дар қаламрави ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён дар вилояти Хатлон ҷой дошта ва яке аз ҷозибаҳои гардишгарии минтақаи сайёҳии водии Вахш аст.

 

Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхӯрони даранда – бабри туронӣ “Бешаи палангон” номгузорӣ шудааст. Бино ба маълумоти манобеи боз, дар ҳудуди мамнуъгоҳ ин намуди ҳайвони ширхӯр то солҳои 50-уми асри гузашта дучор мешуд. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сатҳи рӯйи Замин нест шудааст.

Аз ҷонварони нодир дар ин мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ боқӣ мондааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.