Аз озодкунии гаравгонон то безараркунии террористон дар фурудгоҳ. Размоишҳои нерӯҳои СААД поён ёфт

Машқҳои муштараки Неруҳои сулҳҷӯёнаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ “Бародарии шикастнопазир-2025”, тамринҳои махсус бо воҳидҳои муҳофизатӣ ва дастгирии тиббии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ “Монеа-2025” ва машқи муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори Иттиҳоди давлатҳои мустақил “Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025”, ки давоми 10 рӯзи охир, аз 14 то 24-уми октябр дар машқгоҳи Фахробод ҷараён дошт, поён ёфт. Дар ин бора АМИТ […]

Машқҳои муштараки Неруҳои сулҳҷӯёнаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ “Бародарии шикастнопазир-2025”, тамринҳои махсус бо воҳидҳои муҳофизатӣ ва дастгирии тиббии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ “Монеа-2025” ва машқи муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори Иттиҳоди давлатҳои мустақил “Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025”, ки давоми 10 рӯзи охир, аз 14 то 24-уми октябр дар машқгоҳи Фахробод ҷараён дошт, поён ёфт.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ба навиштаи манбаъ, дар ин размоишҳо 1 ҳазору 500 низомӣ аз Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок карданд. Ҳамчунин, дар ин размоиш зиёда аз 200 техникаи ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, истифода шуданд.

 

Давоми машқҳои амалӣ қисму воҳидҳои низомӣ амалиёти шартии сулҳҷӯёнаро дар қаламрави як давлати аъзои СААД анҷом доданд ва вазифаҳоро барои нигоҳ доштани оташбас байни тарафҳои даргир, инчунин таъмини риояи шартҳои оташбас иҷро карданд.

“Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ барои озод кардани гаравгонон, безарар намудани террористон дар фурудгоҳ ва дар бинои маъмурӣ аз матлаби асосии машқҳои муштарак ба ҳисоб мерафт”, – навиштааст АМИТ “Ховар”.

Ҷамъбасту натиҷагирии марҳилаҳои ниҳоии машқҳои муштарки ҳарбии “Бародарии шикастнопазир-2025” бо иштироки Котиби Шурои амнияти ҷумҳурӣ, вазири мудофиаи мамлакат, сардори ситоди муштараки СААД, намояндагони низомии кишварҳои иштирокчӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардидааст.

 

АМИТ “Ховар” навиштааст, ки дар маросими ҷамъбастии ин размоиш Юсуф Раҳмон, раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиа, Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва Андрей Сердюков, сардори Ситоди муштараки СААД иштирок ва суханронӣ кардаанд.

СААД як созмони ҳарбии минтақаии зери нуфузи Русия аст, ки соли 1992 бо иштироки ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ таъсис шуд, вале дар солҳои баъдӣ аз узвияти он чандин кишвар, аз ҷумла Ӯзбекистону Гурҷистон берун шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.