Душанбе Сити Бонк доираи пардохтҳои ғайринақдиро дар ВМКБ васеъ менамояд

Таблиғ

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №586 аз 22 июни соли 2023 “Дар бораи тадбирҳо ҷиҳати густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, ҶСП “Душанбе Сити Бонк” ҳамчун яке аз пешсафон дар соҳаи технологияҳои молиявии рақамӣ, фаъолона воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро татбиқ менамояд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ тадриҷан рушд мекунад. Душанбе Сити Бонк нақша дорад, ки дар наздиктарин вақт марказҳои нави хизматрасонии бонкиро дар ноҳияҳои Мурғоб, Ванҷ ва Ишкошим кушояд.

Барои сокинони минтақа ин на танҳо имконияти пардохти хизматрасониҳо бе навбат ва бе истифодаи пули нақд аст, балки як қатор афзалиятҳои дигарро низ фароҳам меорад:

– амнияти баланд ҳангоми иҷрои интиқолҳои онлайн ва нигоҳдории маблағҳо;

–  дастрасӣ ба тамоми воситаҳои муосири бонкӣ ва хизматрасониҳои электронии бонк;

– имкониятҳои нав барои соҳибкорони маҳаллӣ: онҳо метавонанд пардохтҳои ғайринақдиро қабул кунанд, қарз гиранд ва воситаҳои молиявиро тавассути барномаи мобилӣ идора намоянд;

– шаффофият, ки банақшагирии молиявиро осон мекунад.

Душанбе Сити Бонк — бонки муосиру инноватсиониест, ки ба мизоҷони худ доираи васеи воситаҳои идоракунии молияро пешниҳод менамояд. Аз ҷумла, барномаи электронӣ DC Next ва хизматрасониҳои махсус барои тиҷорат, ки имкониятҳои навро ҳам барои шахсони воқеӣ ва ҳам соҳибкорон фароҳам меоранд.

Ҳамёни электронии DC Next имкон медиҳад, ки садҳо амалиёт дар чанд сония анҷом дода шаванд — аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ то интиқоли маблағ ва харидҳо. 

Тавассути он мизоҷон метавонанд:

– кортҳои виртуалӣ (масалан, Visa Virtual) кушоянд ва онҳоро барои харидҳои интернетӣ истифода баранд;

– кортҳои дебетию қарзиро идора намоянд, амалиётро назорат кунанд, пасандоз кушоянд ва қарз гиранд;

– молу хизматрасониҳоро тавассути QR-рамз пардохт намоянд, ки ин дар мағозаву нақлиёт хеле қулай аст.

Душанбе Сити Бонк самти хизматрасониҳои тиҷоратиро, ки барои соҳибкории хурду миёна аҳамияти калон дорад, фаъолона рушд медиҳад. Бонк имконияти пайвастшавӣ ба эквайринг, насби POS-терминалҳо ва истифодаи QR-рамзи ягонаро барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам меорад. Ҳамаи ин барасмиятдарории гардишҳои молиявӣ, боз ҳам қулайтар кардани хизматрасониҳо барои мизоҷон ва тезонидани амалиётҳои молиявиро таъмин менамояд.

Ин раванд пурра ба ҳадафҳои Фармони президентӣ №586, ки таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои бонкӣ, боло бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ва таъсиси экосистемаи рақамии ягона барои тамоми кишварро муқаррар мекунад, мувофиқ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...