“Чораи ҳабси пешакӣ тағйир дода шуд”. Оҷонсии зиддифасод хабари раҳоии Исматулло Абдуллозода ва зердастони ӯро шарҳ дод

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон тасдиқ кард, ки чораи ҳабси пешакии Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва чанде аз зердастони ӯ тағйир дода шудааст. Се боздоштшуда аз ҳабси пешакӣ раҳо шудаанд, аммо тақдири худи Исматулло Абдуллозода ба таври возеҳ шарҳ дода нашудааст. Пештар, 8-уми августи соли равон, Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар нишасти […]

Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон тасдиқ кард, ки чораи ҳабси пешакии Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва чанде аз зердастони ӯ тағйир дода шудааст. Се боздоштшуда аз ҳабси пешакӣ раҳо шудаанд, аммо тақдири худи Исматулло Абдуллозода ба таври возеҳ шарҳ дода нашудааст.

Пештар, 8-уми августи соли равон, Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар доираи ин парванда алайҳи Исматулло Абдуллозода, директори фурудгоҳ, Аслиддин Маликзода, муовини директор, Муҳриддин Давлатов, сардори хадамоти таъминот ва хидматрасонии фурудгоҳ, Тағоймурод Ҷуразода, хазинадори фурудгоҳ ва дар маҷмуъ нисбати 22 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ӯ зикр карда буд, ки танҳо Исматулло Абдуллозода ба тасарруфи 961 млн сомонӣ ё муодили қариб 100 млн доллар гумонбар буда, ҳоло дар боздошт аст.

Дар мактубе, ки Оҷонсии зиддифасод дар посух ба мактуби хабаргузории “Азия-Плюс” ирсол кардааст, гуфта мешавад: “Дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бинобар аз ҷониби Меликзода А.И., Давлатов М.М. ва Ҷӯразода Т.Ҳ. пурра пардохт карда шудани зарарҳои молиявӣ нисбати номбурдагон бо ба инобат гирифтани муқарароти қисми 6 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастрасии моддаҳои 104 ва 105 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораи пешгирии ҳабси пешакӣ ба забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат иваз карда шудааст”.

Яъне, Аслиддин Маликзода, Муҳриддин Давлатов ва Тағоймурод Ҷуразода бо сабаби пурра пардохт кардани зарарҳои молиявӣ аз ҳабс раҳо шудаанд, аммо забонхат додаанд, ки маҳалли истиқоматии худро тарк намекунанд.

Дар бораи Исматулло Абдуллозода навиштааст: “Аз ҷониби Абдуллозода И.Ф. як қисми маблағҳои зарарҳои молиявии ба зиммаи ӯ ошкоргардида барқарор карда шуда, нисбати номбурда бо гирифтани ухдадории аз ҳисоби фурӯши амволҳои ба ҳабс гузошташуда пардохт намудани қисми боқимондаи зарар, чораи пешгирӣ тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шудааст”.

Ҳарчанд Оҷонсӣ менависад, ки чораи пешгирӣ нисбати Исматулло Абдуллозода низ тағйир дода шудааст, аммо дақиқ нагуфтааст, ки ӯ аз боздошт раҳо шудааст ё не.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ пештар бо такя ба манобеи худ навишт, ки Исматулло Абдуллозода, Аслиддин Меликзода, Муҳриддин Давлатов ва Тағоймурод Ҷӯразода рӯзи 17-уми сентябр бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ва бо супурдани 300 миллион сомонӣ – муодили наздики 32 миллион доллар аз боздошт раҳо шудаанд.

Оҷонсии зиддифасод дар мактуби худ зикр накардааст, ки Абдуллозода ва зердастони ӯ чӣ қадар зарарро барқарор кардаанд, аммо таъкид кардааст, ки ҳоло тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Назари худи Исматулло Абдуллозода, зердастони ӯ ва ё вакилони дифои онҳо дар робита ба ин парванда маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Исматулло Абдуллозода ҳамроҳи муовинонаш бо сабаби "ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон зимни санҷиши молиявӣ" аз вазифа озод гардиданд. Баътар Оҷонсии зидди фасод гуфт, ки нисбати ӯ ва чанде аз зердастонаш бо моддаи 245 қисми 4 банди б (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 бандҳои а, б (сохтакории такрории ҳуҷҷатҳотакрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ба ҷои Абдуллозода, ки аз соли 2016 директори фурудугоҳ буд, Зайнулло Шарифзода роҳбари нави ин ниҳод таъин гардид. Шарифзода то ин дам директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон кор мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.