Воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба беш аз 1 млн тонна расид. Русия метавонад квотаро зиёд кунад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 9 моҳи соли 2025 ба Тоҷикистон 1,46 млн тонна сӯзишворӣ ва маҳсулоти нафтӣ ба маблағи зиёда аз 1 млрд доллар ворид карда шуд.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2024 ба Тоҷикистон ба маблағи 2 млрд доллар 1,2 млн тонна маҳсулоти нафтӣ оварда шуда буд.

Қаблан хабаргузории Reuters иттилоъ дода буд, ки Душанбе аз Маскав дархост намудааст, ки квота барои интиқоли сӯзишвориии дизелиро бидуни боҷи содиротӣ ба андозаи 100 ҳазор тона – то 510 ҳазор тонна зиёд кунад. Ин барои сохтмони НБО “Роғун” дар шарқи кишвар зарур аст.

Дар Вазорати энергетика ва зихароҳои оби Тоҷикистон зикр карданд, ки Русия “бо ҳусни тафоҳум ба дархости Душанбе муносибат кард”. Ба нақша гирифта шудааст, ки тавозуни индикативии интиқоли маҳсулоти нафтӣ байни кишварҳо моҳи оянда дар назар буда, дар соли 2025 ҳаҷми умумии он 1,07 млн тоннаро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти моҳҳои январ-сентябри соли 2025, аз Русия ба Тоҷикистон 443,3 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 361,3 ҳазор тонна бензин, 60,2 ҳазор тонна керосин ва 275,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) нест, аз ин рӯ, ширкатҳои Русия зимни интиқоли сӯзишворӣ бояд боҷи содиротӣ пардохт кунанд. Аммо ҳукумати ду кишвар ҳар сол ҳаҷми сӯзишвории тибқи квота воридшавандаро мувофиқа мекунанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли равон камбуди сӯзишвории дизелӣ ва бензин дар кишҳвар расман ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...