Ҷазои 1 ҳазору 312 падар ва модар дар Душанбе барои таълиму тарбияи нодурусти фарзандонашон

Asia-Plus

Ин омор дар 10 моҳи соли равон танҳо дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.

Онҳо бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадории таълиму тарбияи кӯдак) ҷазо гирифтаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз 750 сомонӣ (10 нишондиҳанда) ҷарима то 10 рӯз ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Пулиси пойтахт бо нашри ин омор, гуфтааст, ки "дар аксари маврид маҳз аз беназоратӣ ва бемасъулиятии падару модарон наврасон истифода бурда, даст ба кирдорҳои гуногуни ҳуқуқвайронкунанда ва ҳатто ҷиноятҳои вазнин мезананд”.

"Дар натиҷаи санҷишҳои мақсаднок, давоми 10 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати 1312 нафар волидайн тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои дахлдори суд нисбати онҳо ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ гардидааст", – гуфтааст Раёсати ВКД дар Душанбе.

Дар робита ба ин, мақомот аз ҷомеа хостаанд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд.

Ин ҳушдор дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар пайи як муноқишаи наврасон дар пойтахт як тан ҷон бохта, як навраси дигар маҷруҳ шуд. Дар натиҷа чанд ноболиғ боздошт ва алайҳи як нафари онҳо бо гумони куштор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин ниҳод гуфт, ки ҳодиса рӯзи 9-уми ноябр дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст. Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, баҳси зиёдро барангехт.

 

Ҳамчунин, дар пайи ин ҳодиса, мақомот дар беш аз 15 мактаби ноҳияи Фирдавсӣ бо волидайни хонандагон суҳбат гузаронида, "ҳодисаи муноқишаи гурӯҳии наврасон, ки мутаассифона боиси ба ҳалокат расидани як нафар ноболиғ гардида буд, мавриди муҳокима ва таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт"

"Таъкид гардид, ки сарфи назар аз таъкидҳои доимӣ, то ҳол баъзе аз волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони худ бемасъулиятӣ ва беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб мегардад, ки наврасон дар кӯчаҳо кордбадаст шабона ба оворагардӣ, бозиҳои компютерӣ, истеъмоли "калян" ва дигар амалҳои зиддиҷамъиятӣ машғул шуда, оқибат даст ба ҷиноят мезананд", – гуфтааст пулиси пойтахт.

Қаблан низ занозанӣ ва кордкашӣ миёни наврасон, ки аксаран аз баҳс дар шабкаҳои иҷтимоӣ оғоз мешавад,  рух дода буд, ки дар он гоҳе наврасон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекарданд. Қаблан, мақомот барои пешигирӣ аз ин амалҳо бо аҳолӣ суҳбату вохуриҳо гузаронида, ҳамчунин сар аз соли 2019 амалиёти шартии "Корд" баргузор мекунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...