Дар Тоҷикистон паёмрасони миллии “ORIZ” ба фаъолият оғоз кардааст

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъол шудани як паёмрасони миллӣ бо номи “ORIZ” хабар додааст, ки  “имкони ирсоли паёмҳои матнӣ, овозӣ ва видеоиро бо интернети пастсуръат низ дорад”. Манбаъ мегӯяд, “ORIZ” пурра аз ҷониби мутахассисони ҶСК “Тоҷиктелеком” таҳия шуда, ҳамаи пойгоҳи танзимот (серверҳо)-и он дар дохили ҷумҳурӣ ҷойгир аст. Ин ниҳод дар шарҳи фаъол шудани ин паёмрасон […]

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъол шудани як паёмрасони миллӣ бо номи “ORIZ” хабар додааст, ки  “имкони ирсоли паёмҳои матнӣ, овозӣ ва видеоиро бо интернети пастсуръат низ дорад”.

Манбаъ мегӯяд, “ORIZ” пурра аз ҷониби мутахассисони ҶСК “Тоҷиктелеком” таҳия шуда, ҳамаи пойгоҳи танзимот (серверҳо)-и он дар дохили ҷумҳурӣ ҷойгир аст.

Ин ниҳод дар шарҳи фаъол шудани ин паёмрасон навиштааст, ки “он имкон медиҳад, ки додаҳои корбарон дар дохили кишвар ҳифз шаванд, иртибот бе вобастагӣ аз кишварҳои дигар таъмин гардад, муассисаҳо ва шаҳрвандон дар муҳити амн ва боэътимод муошират кунанд".

Хадамоти алоқа  мегӯяд, дар ҳоле ки дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла, Русия, ки замоне дар истифодаи "Телеграм" ва "Вотсап" маҳдудият гузошт, паёмрасони нав имкони иртибот бе вобастагӣ аз кишварҳои дигарро таъмин мекунад.

“Ин бартарӣ, пеш аз ҳама, барои минтақаҳои дурдасти кишвар ва муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ хеле муҳим аст, зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд”, – гуфтааст ин ниҳод

Манбаъ навиштааст, пайвастшавӣ ба “ORIZ” сода ва осон буда, дар пойгоҳҳои боргирии “Google Play”, “App Store”, инчунин барои компютерҳои “Windows” ва “Mac” ва гунаи онлайнии он дастрас аст.

Барои сабтином ва фаъол сохтани паёмрасон рақами телефони дохилӣ лозим аст, то рамзеро, ки тавассути паёмак (SMS) ирсол мешавад, ба он ворид кунед ва худро ба қайд гиред.

Ба қавли хадамот, барномаи “ORIZ” чунин имкониятҳо дорад:

ирсоли паёмҳои матнӣ ва овозӣ;

зангҳои видеоӣ ва овозӣ бо сифати баланд;

эҷоди гурӯҳҳо ва каналҳо барои муошират ва ҳамкорӣ;

ирсоли бемаҳдуди файл, акс ва наворҳо;

ташкили ҳамоишҳои маҷозӣ тавассути пайванд (ҳатто бе сабти ном).

Гуфта мешавад, ки дастрасӣ ба “ORIZ” дар тамоми кишварҳо имконпазир аст.

Дастурҳои муфассал барои танзими барномаро дар сомонаи расмии мессенҷер – orgiz.tj пайдо кардан мумкин аст.

Дар ҳамин ҳол, зимни санҷиши месенҷер, “Азия-Плюс” натавонист паём фиристад ё зангҳои овозӣ ва видеоӣ анҷом диҳад. Маълум шуд, ки тугмаҳои фармон ғайрифаъол аст. Ҳангоми кӯшиши занг задан, огоҳиномаи "Занг аз сабаби хатогӣ ба итмом расид" пайдо мешавад ва кушодани чат бо мухотиб комилан ғайриимкон аст.

Аз Хадамоти алоқа гуфтанд, ки қаблан дар бораи кори ин паёмрасон ягон шикоят нагирифта будаанд, аммо барнома пайваста такмил дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.