“Тақдири миллатро ҳал кард”. Сокинон дар бораи Иҷлосияи 16-ум чӣ медонанд?

Имрӯз аз оғози Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Тоҷикистон, ки 16 рӯз давом кард, 34 сол мегузарад. Иҷлосияи мазкур 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, то 2-юми декабри ҳамон сол идома кардааст. Дар Иҷлосия, вакилони мардумӣ истеъфои президент Раҳмон Набиевро тасдиқ карда, 19-уми ноябр 186 вакил ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ба […]

Нозанини Исматшоҳ, Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Имрӯз аз оғози Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Тоҷикистон, ки 16 рӯз давом кард, 34 сол мегузарад. Иҷлосияи мазкур 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, то 2-юми декабри ҳамон сол идома кардааст.

Дар Иҷлосия, вакилони мардумӣ истеъфои президент Раҳмон Набиевро тасдиқ карда, 19-уми ноябр 186 вакил ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – амалан роҳбари давлат овоз доданд. Ҳамчунин, як қатор қарорҳои дигаре, ки ба давлатдории Тоҷикистон рабт дошт, қабул карда шуд.

Ба ин хотир Иҷлосияи 16-ми Шурои Олии Тоҷикистон аз сӯйи ҳукумати кунунӣ ба таври густурда таблиғ мешавад ва “тақдирсоз” унвон шудааст.

Мо аз сокинон пурсидем, ки оё аз таърихи баргузории Иҷлосия огоҳанд ва ба кадом далел он “тақдирсоз” унвон гирифтааст.

Дар умум, шаҳрвандони дар бораи ин иҷлосия маълумоти куллӣ доранд, аммо буданд нафароне, ки ба пурсиши мо натавонистанд посух диҳанд.

Посухи сокинонро муфассал дар навор тамошо кунед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.