Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд меравад? Чанде аз роҳҳои вилоят се рӯз баста мешаванд

Давоми се рӯзи охир, аз 18 то 20-уми ноябри соли равон чанд роҳи мошингард дар вилояти Суғд баста мешавад. Мақомоти маҳалии Суғд бо ирсол як эълон аз роҳбандии серӯза гуфтаанд, ки “он бо мақсади тамини бехатарии меҳмони олиқадр ва шахсони ҳамроҳикунанда” анҷом дода мешавад. Эҳтимол ин ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят рабт […]

Asia-Plus

Давоми се рӯзи охир, аз 18 то 20-уми ноябри соли равон чанд роҳи мошингард дар вилояти Суғд баста мешавад. Мақомоти маҳалии Суғд бо ирсол як эълон аз роҳбандии серӯза гуфтаанд, ки “он бо мақсади тамини бехатарии меҳмони олиқадр ва шахсони ҳамроҳикунанда” анҷом дода мешавад.

Эҳтимол ин ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят рабт дорад. Чунки дар гузашта чунин хабарҳо дар осотонаи сафари раисҷумҳур ба Суғд нашр мешуд.

Тибқи иттилои шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар Суғд дар пайи ин сафар чунин роҳҳо дар вилоят баста мешаванд:

18-уми ноябр: шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Бобоҷон Ғафуров, Гагарин ва Исмоили Сомонӣ, шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои Исмои Сомонӣ, Гагарин, С. Айнӣ то чорроҳаи Сартуқай, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон.

19-уми ноябр: шаҳри Истаравшан, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, ҷамоати Сабристонва роҳи Душанбе-Чаноқ;

20-уми ноябр: шаҳри Гулситон, кӯчаҳои марказӣ, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, роҳи автомобилгарди ҷамоати Исфисор ва Конибодом-Деҳмой, ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон.

Вақту соати аниқи роҳбандӣ ҳоло маълум нест.

Ин ниҳод аз сокинон ва меҳмонони вилоят хостааст, ки дар ин рӯзҳо безарурат тавассути ин кӯчаҳо ҳаракат накунанд.  

Тибқи анъана зимни сафар ба минтақҳо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон як қатор бинову иншооти маъмуриву хидматӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд.

Президент бори охир моҳи июли соли равон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.