Ҳоҷатхона дар куҷост? “Азия-Плюс” харитаи ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ дар Душанберо омода кард

Пайдо кардани ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои давлатҳо на ҳамеша осон аст. Аз ҷумла, дар Душанбе чандин сол аст, ки дастрасии ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. Дар шуъбаи беҳдошти комуналии Марказии назорати давлатии эпидемиологии шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло дар пойтахт ҳамагӣ 73 ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ кор мекунад, ки 11-тои […]

Шаҳноз Ализода, Asuia-Plus

Пайдо кардани ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои давлатҳо на ҳамеша осон аст. Аз ҷумла, дар Душанбе чандин сол аст, ки дастрасии ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

Дар шуъбаи беҳдошти комуналии Марказии назорати давлатии эпидемиологии шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло дар пойтахт ҳамагӣ 73 ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ кор мекунад, ки 11-тои он давлатӣ буда, дар бозору марказҳои савдо, иншооти давлатӣ ва боғҳои фароғатӣ ҷойгиранд.

Дар ноҳияи Сино – 23, ноҳияи Шоҳмансур – 12, ноҳияи Фирдавсӣ – 25, ноҳияи Исмоили Сомонӣ – 12-ҳоҷатхона амал мекунад.

Аз ин шуъба гуфтанд, ки дар як сол бо сабаби тахриби биноҳо чанд ҳоҷархонаҳо низ вайрон шуда, бар ивази он дар дигар минтақа бунёд шудааст.

Аз ҷумла, дар ин муддат дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ 4 – ҳоҷатхона тахриб шуда, дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансур 3-ҳоҷатхонаи нав сохта шудааст.

Бояд гуфт, истифода аз ҳоҷатхона пулакӣ буда, аз 1 сомониву 50 дирам то 2 сомонӣ пардохт бояд кард.

Аммо бо ин ҳам, баъзан меҳмонони пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки пайдо кардани ҳоҷатхона душвор аст.

Бо ин назардошт ва дар рӯзи Рӯзи ҷаҳонии ҳоҷатхона, ки имрӯз таҷлил мешавад, “Азия-Плюс” харитаи ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанберо омода кард:

 

 Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.