Дар фурудгоҳҳои Русия аввалин нуқтаҳои назорати муҳоҷирон ба кор оғоз карданд

Бори нахуст дар 12 фурудгоҳи калонтарини шаҳрҳои Русия нуқтаҳои назорати муҳоҷирон ба кор оғоз кард. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, ҳадафи аслии ташкили ин гузаргоҳҳои назоратӣ муайян кардани шаҳрвандони хориҷиест, ки “қонунҳои муҳоҷиратро” вайрон мекунанд. Ба гуфтаи манбаъ, гузаргоҳҳои назоратӣ аз ҷумла дар фурудгоҳҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи, Қазон, Новосибирск, Красноярск, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳои […]

Asia-Plus

Бори нахуст дар 12 фурудгоҳи калонтарини шаҳрҳои Русия нуқтаҳои назорати муҳоҷирон ба кор оғоз кард. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, ҳадафи аслии ташкили ин гузаргоҳҳои назоратӣ муайян кардани шаҳрвандони хориҷиест, ки “қонунҳои муҳоҷиратро” вайрон мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, гузаргоҳҳои назоратӣ аз ҷумла дар фурудгоҳҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи, Қазон, Новосибирск, Красноярск, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳои Русия ташкил шудаанд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, нуқтаҳои назорати муҳоҷиронро дар истгоҳҳои марзии роҳи оҳан, дар наздикии гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва обӣ низ ташкил хоҳанд кард.

Қаблан, мақомоти ин кишвар дар фурудгоҳҳо изи ангушт (дактилоскопия) ва аксбардории муҳоҷиронро оғоз карда буданд.

Моҳи апрел президент Владимир Путин фармон дода буд, ки ба ҷои Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати  Вазорати корҳои дохилии ин кишвар Хадамоти шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода шавад, хабар медиҳад РБК.

Онро Андрей Кикот роҳбарӣ мекунад, ки қаблан ҳамчун додситони вилояти Новгород ва дар замоне, ки Игор Краснов, додситон кули ин кишвар буд, муовини ӯ кор мекард.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ин кишвар гуфта буд, ки ниҳоди нав имкон медиҳад, ки "масъалаҳои марбут ба муҳоҷират самараноктар ҳал карда шаванд, коркарди онҳо суръат гирифта шавад ва ҳамоҳангӣ байни ниҳодҳо беҳтар карда шавад".

Гуфтан зарур аст, ки тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Гузаронидани рейдҳо дар Русия дар як соли охир хеле зиёд шудааст. Мақомоти ин кишвар бо шеваҳои гуногун ба муҳоҷирон фишор меоранд, аз рейдҳо дар кӯча то тафтиши ҷойҳои истиқомат ва корхонаҳо. Ин рейдҳо одатан дар қолаби амалиётҳои “боздоштани муҳоҷирони ғайриқонунӣ” ва дар аксар ҳолат таҳқиромез гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.