Тоҷикистонро се рӯз хокбориш фаро мегирад

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 21 то 24-уми ноябр дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво ғуборолуд шуда, хокбориш рух медиҳад, менависад хабаргузории "Ховар". Ин ниҳод гуфтааст, ба шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ, шаҳри Бохтар, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ-ҷанубии кишвар гарду ғубор ворид мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, ин […]

Asia-Plus

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 21 то 24-уми ноябр дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво ғуборолуд шуда, хокбориш рух медиҳад, менависад хабаргузории "Ховар".

Ин ниҳод гуфтааст, ба шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ, шаҳри Бохтар, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ-ҷанубии кишвар гарду ғубор ворид мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳолат боиси баланд шудани сатҳи олудагии ҳаво (аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) мегардад, ки ба саломатии бархе сокинон таъсири бад расонад.

Зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Ин гуна зарраҳо ба саломатии кӯдакон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин таъсири манфӣ мерасонанд.

Мақомот ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз сайругашт дар кӯчаву хиёбонҳо худдорӣ кунанд ва аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд. Ба беморони дилу раг, диабети қанд, диққи нафас маслиҳат додаанд, ки ҳавои хонаро тоза нигоҳ доранд.

Бояд гуфт, ҳавои ҷангу ғуборолуд ва хокборишҳо дар кишвар ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфта, сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд. Коршиносон сабаби инро тағйирёбии иқлим ва ҳамчунин, бетаваҷҷуҳии мақомот ба унсурҳои пешгирикунандаи ҳавои ифлос, аз ҷумла буридани дарахтону сохтмони зиёди баландошёнаҳо медонанд.

Ддар ҳамин ҳол "Ховар" навиштааст, кит яке аз омилҳои асосии ин ҳолат паст будани намнокӣ дар биёбонҳо ва нимбиёбонҳои давлатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва ҳатто биёбони Сахара мебошад, ки боиси ба вуҷуд омадани хокбориш мегардад. Ин чангу ғуборе, ки ба ҳаво паҳн мешавад, ба тариқи шамол ба давлати мо ворид мегардад.

"Омили боқӣ мондани хокбориш- ин кам будани намнокии ҳаво, набудани бориши борон ва вазиши сусти шамол мебошад. Агар борон борад ва шамол бо суръати баланд вазад, ҳолати ифлосшавии ҳаво аз байн меравад",- навиштааст манебаъ.

Дар ин ин мақолаи “Азия-Плюс” дар бораи хатари чангу ғубор ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти бештар гиред: Тоҷикистонро хокбориш фаро мегирад. Он чӣ хатар дорад ва барои пешгирӣ чӣ бояд кард?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.