Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон

Ҳукумати Ҷопон ба аввалин нишаст бо сарони давлатҳои 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1, ки рӯзҳои 19-20 декабр дар Токио баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон хабар медиҳад. Дар ҷараёни кори нишаст сарони кишварҳо атрофи масоили мусоидат ба рушди мустақил ва устувори минтақа табодули назар намуда, рушди минбаъда […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ҳукумати Ҷопон ба аввалин нишаст бо сарони давлатҳои 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1, ки рӯзҳои 19-20 декабр дар Токио баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни кори нишаст сарони кишварҳо атрофи масоили мусоидат ба рушди мустақил ва устувори минтақа табодули назар намуда, рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. Дар доираи нишаст ҳамчунин форуми тиҷоратӣ баргузор мегардад.

Ғайр аз ин, вохӯриву гуфтушунидҳои дуҷонибаи сарвазири Ҷопон Санаэ Такаити бо сарони кишварҳои минатқа ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори нишаст иштироки сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст. Хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон дар бораи вохӯрии Қосим-Ҷомарт Токаев хабар дод. Дастгоҳҳои сарони боқимонда кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон то ҳол иштироки онҳоро тасдиқ накардаанд.

Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муддати ду даҳсола аллакай дар шакли муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” дар сатҳи вазирон ҳамкории мутақобила ба роҳ мондаанд. Нишасти қарибулвуқӯъ вохӯрии аввалини сарони ин кишварҳо маҳсуб меёбад.

Васоити ахбори умум зикр мекунанд, ки Санаэ Такаити нишастро ба сифати густариши ҳамкорӣ ва беҳбуди амнияти иқтисодӣ баррасӣ мекунад.

Баргузории нишасти “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” моҳи августи соли 2024 дар Қазоқистон пешбинӣ шуда буд. Аммо бо сабаби эҳтимоли заминларзаи шадид дар Ҷопон пеш аз чорабинӣ ҳайати ин кишвар аз сафар даст кашид.

Қолаби C5+1 муколама байни 5 икшвари минтақаи Осиёи Мароказӣ (С5) ва 1 шарики хориҷӣ, дар ин мавриди Ҷопонро дар назар дорад. Чунин қолаб барои баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ – аз соҳаи иқтисоду тиҷорат то амният ва рушди минтақавӣ истифода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба кор оғоз кард. Маросими тантанавӣ кормандони ширкат, шарикон ва меҳмонони аввалинро ба ҳам овард —...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ