“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон

Шаби 21-22-юми декабр дар деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат Шаби Ялдо ё Чилла бо тамоми вижагиҳояш ҷашн гирифта шуд. Барои таҷлили ин ҷашни бостонӣ, сокинони маҳаллӣ, фарҳангиён ва чанде аз эрониёни муқими Тоҷикистон дар ин деҳаи канори Душанбе ҷамъ омаданд. Ташаббускори ин маросим Шаҳобиддин Фаррухёр, эронии муқими Тоҷикистон аст, ки Ялдоро ҳамасола ҷашн мегирад. Суфраи ин шабро […]

Нозанини Исматшоҳ, Идибеки Саид, Asia-Plus

Шаби 21-22-юми декабр дар деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат Шаби Ялдо ё Чилла бо тамоми вижагиҳояш ҷашн гирифта шуд. Барои таҷлили ин ҷашни бостонӣ, сокинони маҳаллӣ, фарҳангиён ва чанде аз эрониёни муқими Тоҷикистон дар ин деҳаи канори Душанбе ҷамъ омаданд.

Ташаббускори ин маросим Шаҳобиддин Фаррухёр, эронии муқими Тоҷикистон аст, ки Ялдоро ҳамасола ҷашн мегирад.

Суфраи ин шабро аз як силсила ашё ва ғизоҳои рамзӣ ороста буданд. Дар рӯи хон асосан меваҳои сурхранг, чун тарбуз, анор, хурмо, лаблабу, гузошта буданд, ки рамзи баракат аст.

Шаби Ялдо дар ин деҳа чӣ гуна ҷашн гирифта шуд, дар гузориши мо бинед:

Имсол шаби Ялдоро дар чанд ҷойи дигар, аз ҷумла Сафорати Эрон дар Душанбе ва чанде аз тарабхонаҳои пойтахт низ ҷашн гирифтанд.

Ялдо шаби дарозтарини сол аст ва пас аз он рӯзҳо дарозтару шабҳо ку‌тоҳтар мешаванд. Ҳарчанд он дар Тоҷикистон ба таври оммавӣ таҷлил намегардад, вале чанд соли охир бештар мардумӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.