“Барқи тоҷик”: Дар рӯзҳои таҷлили Соли нав сокинон пурра барқ хоҳанд дошт

Дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ, яъне аз 30-юми декабри соли 2025 то 1-уми январи соли 2026, сокинони Тоҷикистон пурра барқ хоҳанд гирифт. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сардори маркази матбуоти ҶСК "Барқи Тоҷик" ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, барои таъмини бемаҳдудияти сокинони кишвар бо барқ дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нав ба ниҳодҳои масъул […]

Asia-Plus

Дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ, яъне аз 30-юми декабри соли 2025 то 1-уми январи соли 2026, сокинони Тоҷикистон пурра барқ хоҳанд гирифт. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сардори маркази матбуоти ҶСК "Барқи Тоҷик" ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, барои таъмини бемаҳдудияти сокинони кишвар бо барқ дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нав ба ниҳодҳои масъул дастур дода шудааст.

Аммо, ба иттилои сухангӯи “Барқи Тоҷик” пас аз таҷлили Соли нав, яъне аз 2-юми январ боз реҷаи маҳдудият  ё “лимит”-и барқ барқарор мешавад, аммо он шадид нахоҳад буд.

“Шурӯъ аз соли нав дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар дигар барқ қатъ намешаванд ва сокинони он бидуни маҳдудият бо барқ таъмин хоҳанд буд”, – зикр кард Қурбон Аҳмадзода.

 

То ин лаҳза ба сокинони кишвар бо маҳдудият, махсусан ба аҳолии манотиқ барои муддате бо маҳдудияти шадид барқ дода мешуд. Ҳатто сокинони марказҳои шаҳру навоҳии манотиқи кишвар ҳам аз маҳдудияти шадиди барқ шикоят доштанд.

Он замон масъулини таъмини барқ дар Тоҷикистон маҳдудияти шадиди барқро ба резиши ками об ба обанбори НБО Норак, бузургтарин нерӯгоҳи тавлидкунандаи барқи кишвар рабт дода буданд.

Пас аз бориши барфу борон, вазъ як каме беҳтар шуд, аммо маҳдудияти барқ ҳамоно боқӣ мондааст.

Ҳоло ҳам аксари сокинони Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд ва ба қавли мардум, дар бештари минтақаҳо дар як шабонарӯз танҳо 6-7 соат барқ таъмин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.