Бозорҳои пойтахт ба муносибати Соли нав кор намекунанд. Кадом бозор ва чанд рӯз?

Ба муносибати таҷлили Соли нав бархе бозорҳо дар шаҳри Душанбе аз як то се рӯз кор намекунанд. Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, бозори “Корвон”,“Корвон-плюс” ва “Корвон-ситӣ” рӯзҳои 1, 2, 3-юми январ кор намекунанд. Ин бозорҳо шуруъ аз 4-уми январ ба кор […]

Asia-Plus

Ба муносибати таҷлили Соли нав бархе бозорҳо дар шаҳри Душанбе аз як то се рӯз кор намекунанд. Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бозори “Корвон”,“Корвон-плюс” ва “Корвон-ситӣ” рӯзҳои 1, 2, 3-юми январ кор намекунанд. Ин бозорҳо шуруъ аз 4-уми январ ба кор оғоз мекунанд.

Дар бозорҳои “Кӯшониён” ва “Меҳргон” рӯзҳои 1, 2-юми январ истироҳатӣ аст. Ин бозорҳо аз рӯзи 3-юми январ ба фаъолият оғоз мекунанд.

Инчунин бозори “Фаровон” танҳо рӯзи 1-уми январ баста хоҳад шуд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дигар бозору марказҳои савдои пойтахт дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нав тибқи маъмул кор мекунанд.

Бояд гуфт, ки сокинони Тоҷикистон низ ба  ин муносибат рӯзҳои 1, 2, 3 ва 4-уми январ истироҳат мекунанд ва 5-уми январ ба кор мебароянд.

Инчунин, мувофиқи қарори Вазорати маориф ва илм, хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 7 январ ба таътили зимистона мебароянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.