Соли нави 2026 муборак, ҳамдиёрони азиз!

Хонандагони гиромӣ! Соли сипаригардида пур аз ҳаводис буд, ки Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” талош кард муҳимтарини онҳоро пӯшиш диҳад ва барои хонандагони худ хабару гузоришҳо ва дар умум, муҳтавои саривақтӣ, санҷидашуда ва беғараз пешниҳод кунад. Дар соли 2025 гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” бомаром рушд кард ва дар ин самт, саҳми шумо – хонандагони мо беандоза аст, зеро […]

Бо меҳру самимият, аҳли эҷоди “Asia-Plus”

Хонандагони гиромӣ!

Соли сипаригардида пур аз ҳаводис буд, ки Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” талош кард муҳимтарини онҳоро пӯшиш диҳад ва барои хонандагони худ хабару гузоришҳо ва дар умум, муҳтавои саривақтӣ, санҷидашуда ва беғараз пешниҳод кунад.

Дар соли 2025 гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” бомаром рушд кард ва дар ин самт, саҳми шумо – хонандагони мо беандоза аст, зеро моро ҳамроҳӣ кардед.

Ташаккур, ки дар соли 20254 бо мо будед, муҳтавои офаридаи моро хондед, тамошо ва гӯш кардеду ба дигарон фиристодед ва шарҳ гузоштед.

Дар соли 2026 ҳам мо рисолати касбӣ – инъикоси саривақтӣ ва беғаразонаи ҳаводиси муҳими дохил ва хориҷи кишварро идома хоҳем дод.

Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” ҳамаи шуморо бо фарорасии соли нав табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, муваффақиятҳои беназир ва бурдборӣ таманно дорад!

Ҳамчунин, дар соли нав ба шумо хабари хуш таманно мекунем!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.