Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт

Дар пайи зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз 1-уми январи соли 2026-ум 3 сомонӣ афзуд, нархи парастории тифлон дар кӯдакистонҳои давлатӣ низ боло рафт. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои калони дигар, акнун волидайн барои нигоҳубини кӯдаконашон ба ҷойи 150 сомонӣ, 156 сомонӣ пардохт мекунанд. Қаблан 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ […]

Asia-Plus

Дар пайи зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз 1-уми январи соли 2026-ум 3 сомонӣ афзуд, нархи парастории тифлон дар кӯдакистонҳои давлатӣ низ боло рафт. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои калони дигар, акнун волидайн барои нигоҳубини кӯдаконашон ба ҷойи 150 сомонӣ, 156 сомонӣ пардохт мекунанд.

Қаблан 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ буд ва аз 1-уми январи соли 2026 он 78 сомонӣ муқаррар гардид.

Нархи парастории кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ дар шаҳрҳои калони кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 156 сомонӣ муайян гардидааст.

Дар навоҳии кӯҳӣ ва дурдаст нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст. Тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли гузашта ин маблағ 112,5 сомониро ташкил медод ва тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои имсол он 117 сомонӣ хоҳад шуд.

Ин талабот ба боғчаҳои хусусӣ дахл надорад.

Қаблан аз Вазорати маориф ва илм гуфта буданд, ки тибқи қарори махсуси ҳукумати кишвар мақомоти  шаҳру навоҳии дурдаст ва кӯҳӣ метавонанд бо назардошти шароити минтақа нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатиро каму беш кунанд.

Волидайн маблағи нигоҳубини кӯдак дар боғчаро бояд тариқи ғайринақдӣ дар портали “Хидматрасониҳои давлатӣ” пардохт ва расиди онро ба маъмурияти боғча пешниҳод кунанд.

Бояд гуфт, қаблан сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пайи афзоиши нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ ва ҷамъоварии маблағ барои таъмири кӯдакистонҳо нигаронӣ карда, гуфта буданд, ки “бештар аз нархи муқараршуда маблағ медиҳанд”.

Қаблан Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш карда буд, ки дар сурати талаби маблағҳои иловагӣ дар кӯдакистонҳои пойтахт ба телефони боварии ин муассиса – 221-30-92 муроҷиат кунанд ва ё ба суроғаи [email protected] нома нависанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.