Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст

Мақомоти Русия дар 11 моҳи соли гузашта 54 ҳазору 400 муҳоҷири корӣ ё шаҳрванди хориҷиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ин омор  нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 наздики 25 ҳазор нафар (соли 2024 –ум 79 ҳазор) камтар будааст. Дар ин бора хабаргузории русии “Интерфакс” бо такя ба сомонаи долдгоҳҳои Русия иттилоъ дода, навиштааст, ки “дар […]

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Мақомоти Русия дар 11 моҳи соли гузашта 54 ҳазору 400 муҳоҷири корӣ ё шаҳрванди хориҷиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ин омор  нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 наздики 25 ҳазор нафар (соли 2024 –ум 79 ҳазор) камтар будааст.

Дар ин бора хабаргузории русии “Интерфакс” бо такя ба сомонаи долдгоҳҳои Русия иттилоъ дода, навиштааст, ки “дар 11 моҳи соли 2025 теъдоди хориҷиҳо ва шахсони бешаҳрванд, ки аз кишвар ихроҷ шудаанд, ба таври назаррас коҳиш ёфт”.

Ба навиштаи ин расона, ба коҳиши ихроҷи муҳоҷирон фармони раисҷумҳури Русия дар хусуси тамдиди муҳлати қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён, ки 10-уми сентябри соли гузашта ба анҷом расид, сабаб шудааст.

Маълум нест аз ин теъдод чанд нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ҳарсол даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Аз ҷумла, тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.