ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони хадамоти гумрук таҷлил мегардад. Ин рӯз ба таъсиси мақомоти гумруки кишвар иртибот дорад, ки 22-уми январи соли 1993 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гумрук” расман оғоз ёфт.
Мақомоти гумрук яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ буда, масъули назорат ва танзими ҳаракати молу маҳсулот аз сарҳадоти кишвар мебошанд. Онҳо ба таъмини амнияти иқтисодӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла қочоқи молу маҳсулот масъуланд.
Соли 1960 – Пойгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Помир ташкил шуд.
Соли 1992 – Бо дархости Тоҷикистон дар Минск роҳбарони кишварҳои ИДМ қарор қабул карданд, ки ба Тоҷикистон Қувваҳои якҷояи сулҳоварро фиристанд.
Соли 1993 – Дар Панҷакент навбати аввали корхонаи тиллокании "Тоҷикистон" ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2010 – Дар Душанбе ҳукми гурӯҳи салафиҳо ва роҳбари онҳо Сироҷиддин Абдураҳмонов эълон гардид. Ӯ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар асоси қонуни авф соли 2013 аз зиндон озод ва дубора соли 2021 барои "ташкили фаъолияти созмони ифротгароӣ гунаҳкор донистанд" 5,5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Соли 2010 – Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 2011 – Дар Хуҷанд аз ду амали террористӣ пешгирӣ шуд, ки яке дар назди бинои Раёсати ВКД ва дигаре дар назди Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда буд.
Соли 2021 – Бинои нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1966 – Зодрӯзи Ҳотами Ҳомид, рӯзноманигори тоҷик.
Ҳотами Ҳамид дар риштаи рӯзноманигорӣ солҳо фаъолият карда, муддате хабарнигори “Чархи гардун” ва ҳамзамон солҳои 2000-2004 сармуҳаррири ҳафтаномаи хусусии “Анӯшервон” буд. Ӯ муаллифи чор маҷмӯъа – “Марди нексиришт”, “Набардозмуда”, “Дасти одам – гул”, “Барги андеша” ва маҷмӯъаи ашъори бачагонаи “Гули зардолу” аст.
Ҳотами Ҳомид дар факултети филологияи тоҷик (бахши журналистика)-и Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) таҳсил намуда, аз ҳамон замон дар матбуот ба фаъолият оғоз кардааст.
Ӯ муддате мудири шуъбаи илм, варзиш ва техникаи рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (ҳоло “Анбоз”) буд. Солҳои 1990–1994 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва матни классикӣ дар мактабю дарс дода, солҳои 1995–1996 ровии барномаҳои дохилии Радиои Тоҷикистон буд. Ҳоло корманди "Омӯзгор" аст.
Соли 2015 – Шамсӣ Низомов, коргардони санъати операи тоҷик дар синни 77-солагӣ даргузашт.
Шамсӣ Низомов яке аз заминагузорони санъати опреаи тоҷик аст. Ӯ солҳо дар театрҳои Тоҷикистон ба унвони саркоргардон, коргардон ва овозхон фаъолият бурдааст. Ӯ зиёда аз 100 операи оҳангсозони тоҷик ва классикони ҷаҳонро рӯйи саҳна овардааст. Аз ҷумла, “Афсонаи Шерак”, “Лаънаткардаи халқ”, “Бозгашт”, “Рӯдакӣ”, “Ғуломон»-и Зиёдулло Шаҳидӣ, “Евгений Онегин” аз ин қабиланд.
Ӯ аз соли 1970 саркоргардони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва аз соли 1977 омӯзгори санъати операи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд.
Шамсӣ Низомов 22-юми январи соли 2015 дар синни 77 аз олам чашм баст.
Соли 2020 – Субҳон Кошонов, раиси кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” дар синни 66-солагӣ аз олам чашм баст.
Субҳон Кошонов солҳо мушовири президент оид ба сиёсати кадрҳо ва баъдан мушовири калони президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буда, чанд муддат сардабирии “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва аз моҳи феврали соли 2014 то лаҳзаи марг – соли 2020 раиси иҷроияи ҷамъияти “Пайванд” шуд.
Номбурда аз ҷумлаи онҳое буд, ки фалсафа, сиёсатшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва кори ҷамъиятиро ба ҳам пайванд медод.
Аз моҳи феврали соли 2014 то охири умр ӯ раҳбарии Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”-ро ба уҳда дошт. Дар ин мақом Субҳон Кошонов барои тақвияти робитаҳои фарҳангӣ, забонӣ ва маънавии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон талошҳои назаррас анҷом дод.
Ӯ муаллифи чандин рисола ва мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ буда, бештар ба масоили ташаккули зиёиёни тоҷик, муносибатҳои байни миллатҳо, тарбияи иҷтимоии ҷавонон таваҷҷуҳ кардааст.
Субҳон Кошонов рӯзи 22-уми январи соли 2020 аз олам чашм пӯшид.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз, рӯзи пайдоиши попкорн (ҷуворимакка) аст.
Ҳанӯз дар ибтидои асри XVI аҳолии бумии Мексика попкорнро на танҳо ҳамчун ғизо, балки барои ороиши мӯй ва ҳамчун гарданбанд низ истифода мебурданд. Аврупоиҳо танҳо соли 1630 дар бораи попкорн огоҳӣ пайдо карданд: 22 январ, мустамликадорони англис дар Амрикои Ҷанубӣ аз сардори қабилаи Кводекуа халтаи попкорн ҳадя гирифтанд. Танҳо ду аср баъд Чарли Крейтон мошини “Поппер”-ро барои пухтани попкорн ихтироъ кард.
Соли 1904 Аркадий Ҳайдар, нависанда, муаллифи асарҳои бачагона ва филмноманависи рус таваллуд шудааст. Ӯ асосан барои кӯдакон ва наврасон асарҳои таълиф кардааст. Аз ҷумла, асарҳои машҳури ӯ, ба мисли “Тимур ва дастаи ӯ” ва “Чук ва Гек” арзишҳои дӯстӣ ва адолатро тараннум мекунанд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок, барф борида, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2-7º сард, дар водиҳо шабона 2-7º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14-19º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, борон ва барф борида, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо шиддат гирифта, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар доманакӯҳҳо рӯзона 1-6º сард, дар водиҳо шабона 7-12º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-13º сард.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ба барф табдил меёбад ва дар баъзе ноҳияҳо шиддат гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона 8-13º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 18-20º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст ва дар баъзе минтақаҳо тӯфони барфӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар ғарби вилоят шабона 13-18 º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8 º сард, дар шарқи вилоят шабона аз 23-28º сард то 12-17º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок, борон ва барф борида, рӯзона шиддат гирифта, тормеғ мефарояд.. Ҳарорат: рӯзона 1-3º сард, шабона 8-10º сард.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок, рӯзона барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 0-2º сард, шабона 5-7º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад ва рӯзона шиддат гирифта, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1-3º сард, шабона 7-9º сард.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 13-15º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 22 ба 23-юми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


