Эшони Сироҷиддин дубора барои салафигарӣ ба зиндон рафт. Ин бор 5 солу 6 моҳ

Эшони Сироҷиддин, руҳонии маъруф ва хабарсози тоҷикро дубора барои 5 солу 6 моҳ равонаи зиндон карданд. Ҳукми ӯро имрӯз додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Додгоҳи шаҳри Душабе ба "Азия-Плюс" хабар дод. "Парвандаро додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ кардааст. Сироҷиддин Абдураҳмоновро, ки дар дар доираҳои динӣ ҳамчун Эшони Сироҷиддин […]

Asia-Plus

Эшони Сироҷиддин, руҳонии маъруф ва хабарсози тоҷикро дубора барои 5 солу 6 моҳ равонаи зиндон карданд. Ҳукми ӯро имрӯз додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Додгоҳи шаҳри Душабе ба "Азия-Плюс" хабар дод.

"Парвандаро додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ кардааст. Сироҷиддин Абдураҳмоновро, ки дар дар доираҳои динӣ ҳамчун Эшони Сироҷиддин маъруф аст, бар асоси моддаи 307, прим 3 банди 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ – Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) муҷрим шинохтаанд",-гуфт манбаъ. 

Бино ба иттилои манбаъ, Эшони Сироҷиддинро дубора барои салафигарӣ ва ё таблиғи ҳаракати Салафия, ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, равонаи зиндон карданд. Ин манбаъ мегӯяд, ки хулосаи ташхиси динӣ нишон додааст, матолибе, ки Эшони Сироҷиддин дар шабакаи Ютуб мекоридааст, хусусияти ифротгароӣ доштаанд.  

Манбаъ аз додани ҷузъиёти дигари ин ки чӣ гуна Эшони Сироҷиддин дигарбора ба салафия гароид, худдорӣ кард. Вале моддае, ки ӯро бар асоси он муҷрим шинохтаанд, чунин пешбинӣ мекунад: "Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар".

Хабари дубора боздошт шудани Эшони Сироҷиддин дар оғози ноябри соли гузашта расонаӣ шуда буд, ки гуфта мешуд, дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе аз сӯйи кормандони ниҳодҳои қудратӣ бо худ бурда шудааст. Он вақт гуфта мешуд, ки ҳамроҳ бо ӯ блогнавис ё муҷрии блоги "Садои умед", ки дар он Эшони Сироҷиддин ба суолҳои динӣ посух медод, боздошт шудааст. 

Ҳоло сарнавишти ин блогнавис маълум нест, ки оё ҷазо гирифтааст ё не. Вале манбаъи "Азия-Плюс" гуфт, ки дар боздошт қарор дорад. 

Шабакаи "Садои умед" дар Ютуб аз 12 ноябр ба ин сӯ дигар маводе нагузоштааст. 

Пештар Эшони Сироҷиддин барои 7 сол равонаи зиндон шуда буд, ки он замон ӯро расман ба салафигарӣ ва раҳбари ғайрирасмии ин ҳаракат дар Тоҷикистон гунаҳкор карда буданд. Ба дунболи ӯ дар соли 2009 гуруҳи калони ҷонибдоронаш низ боздошт шуда буд, ки дар шумори онҳо писари ӯ Киромиддин Абдураҳмонов низ буд. 

Аммо соли 2013 Эшони Сироҷиддинро ғайриинтизор афв  карданд, ки баъдан дар наворҳое, ки дар шабакаҳои интернет нашр мешуд, ӯ гуфт, ки пойбанд ба мазҳаби ҳанафӣ аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.