Сокини Хуҷанд барои қочоқи телефонҳои мобилӣ 10 сол зиндонӣ шуда метавонад

Сокини шаҳри Хуҷанд Абдурауф Саидов аз рӯйи далели қочоқи 160 адад телефонҳои мобилии тамғаҳои «Samsung Galaxy A10S»,  «Samsung Galaxy A51»,  «Redmi Note 8»,  «Redmi Note 9» ва «Redmi Note 9S» боздошт шудааст. Телефонҳо бо роҳи кочоқ, яъне бидуни анҷоми расмиёти гумрукӣ ва пардохти боҷҳо ба вилояти Суғд ворид гардида, арзиши умумии онҳо ҳудуди 346 ҳазор […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини шаҳри Хуҷанд Абдурауф Саидов аз рӯйи далели қочоқи 160 адад телефонҳои мобилии тамғаҳои «Samsung Galaxy A10S»,  «Samsung Galaxy A51»,  «Redmi Note 8»,  «Redmi Note 9» ва «Redmi Note 9S» боздошт шудааст.

Телефонҳо бо роҳи кочоқ, яъне бидуни анҷоми расмиёти гумрукӣ ва пардохти боҷҳо ба вилояти Суғд ворид гардида, арзиши умумии онҳо ҳудуди 346 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, телефонҳо аз Қирғизистон ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Нисбат ба Саидов мутобиқи моддаи 289, қ.3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар сурати гунаҳкор эътироф шуданаш, ба ӯ ҷазои то 10 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.