Ӯзбекистон соли 2023 комилан ба алифбои лотинӣ мегузарад

Дар Ӯзбекистон аз 1 январи соли 2023 дар тамоми ниҳодҳои ин кишвар таҷрибаи истифода аз алифбои  ӯзбекӣ бо хатти лотинӣ дар коргузорӣ ва асноди дигар ҷорӣ мешавад, хабар медиҳад Хадамоти хабарҳои ОМ. Бино ба иттилои Вазорати адлияи ин кишвар, дар ин замина қарори ҳукумат содир шудааст. Ба ҷуз ин, "харитаи роҳ"-и гузариши тадриҷӣ ба алифбои ӯзбекии […]

Asia-Plus

Дар Ӯзбекистон аз 1 январи соли 2023 дар тамоми ниҳодҳои ин кишвар таҷрибаи истифода аз алифбои  ӯзбекӣ бо хатти лотинӣ дар коргузорӣ ва асноди дигар ҷорӣ мешавад, хабар медиҳад Хадамоти хабарҳои ОМ.

Бино ба иттилои Вазорати адлияи ин кишвар, дар ин замина қарори ҳукумат содир шудааст. Ба ҷуз ин, "харитаи роҳ"-и гузариши тадриҷӣ ба алифбои ӯзбекии лотинӣ сохта шудааст. 

Дар санад коркарди асноди меъриву ҳуқуқӣ дар барои комилан гузаштан ба ин алифбо пешбинӣ мешавад, ҳамчунин дар бораи таъйиди имлои нави забони ӯзбекӣ низ гуфта мешавад. 

Мувофиқи ин қарор, лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи тасдиқи "Қоидаҳои имлои забони ӯзбекӣ" бар асоси таҳрири нави алифбои ӯзбекии лотиниасос таҳия мешавад. 

Дар "харитаи роҳ" ҳамчунин ба комилан тарҷума ва такмил кардани торнамоҳои расмӣ, санадҳое, ки шахсиятро муайян мекунад, ID-кортҳо, асноди корӣ ва намунаҳои гуногун, номи маконҳо, кӯчаҳо, созмонҳо, овезаҳо, воситаҳои ахбор, реклама ва эълонҳо ишора мешавад. 

Ба ҷуз ин, ҳамаи расонаҳои марказӣ ва маҳаллӣ, сайтҳо, нашриёт ва чопхонаҳо бояд комилан ба лотинӣ бигзаранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.