Вазири фарҳанг: Нуриддин Саид назари худро дорад, аммо аз марги бузургон бояд гуфт

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти хабарии вазорат гуфт, ки расонаҳо дар мавриди бузургони илму фарҳанг бояд иттилоърасонӣ кунанд. Ин нуктаро вазири фарҳанг дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди гуфтаҳои ахири Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио гуфт, ки ахирӣ гуфта буд, зарурати нашри хабар ё некролог дар бораи марги чеҳраҳои бузурги илму […]

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти хабарии вазорат гуфт, ки расонаҳо дар мавриди бузургони илму фарҳанг бояд иттилоърасонӣ кунанд.

Ин нуктаро вазири фарҳанг дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди гуфтаҳои ахири Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио гуфт, ки ахирӣ гуфта буд, зарурати нашри хабар ё некролог дар бораи марги чеҳраҳои бузурги илму адабро намебинад.

Вазири фарҳанг гуфт, ки “фикри Нуриддин Саид назари шахсии ӯст, ҳар як одам фикри шахсии худро дорад. Ман ягон мухолифат ба фикри ӯ надорам, аммо  фикр мекунам, бояд нашр карда шавад. Чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг арзиши инро доранд. Мо ин корро кардем, дар бораи даргузашти ин 25 нафар дар сомонаи худ ва ҳафтаномаю маҷаллаҳо хабару матолиб чоп намудем”.

Ба гуфтаи Зулфия Давлатзода, имсол  25  ҷеҳраи шинохтаи илму фарҳанг аз коронавирус  гузаштаанд. "Ин барои мо хело талафоти бузург мебошад. Он ҳунармандоне, ки имрӯз дар бари мову шумо нестанд, барояшон биҳишти ҷовидона тамано дорам", – гуфт ӯ.

Бо зикри номи бархе аз онҳо вазир гуфт, ки аз сӯйи вазорат кумакҳои ночизе  ба хонаводаи ин ҳунармандон расонида шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳарчанд расман дар мавриди далели марги чеҳраҳои дурахшони илму фарҳанг оморе пешниҳод намешавад, вале дар давраи ҳамагирии коронавирус теъдоди зиёде аз ин чеҳраҳо даргузаштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.