Тоҷикистон аз ИМА хост, ки ба истихроҷи маъданҳо бипайвандад

Ҳукумати Тоҷикистон омода аст ҷиҳати ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ чораҳои таъхирнопазир андешад, изҳор дошт муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид зимни вохӯрии чанде қабл бо намояндагони тиҷорати ИМА дар ҷараёни видеоконфронс. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар вохӯрӣ роҳбарон […]

Ҳукумати Тоҷикистон омода аст ҷиҳати ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ чораҳои таъхирнопазир андешад, изҳор дошт муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид зимни вохӯрии чанде қабл бо намояндагони тиҷорати ИМА дар ҷараёни видеоконфронс.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар вохӯрӣ роҳбарон ва мансабдорони мақомоти дахлдори давлатӣ, сафири Тоҷикистон дар ИМА Фаррух Ҳамрализода, президенти Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико Филлип де Леон ва намояндагони бахши хусусии ду кишвар, аз қабили American Councils for International Education, Boeing, General Electric, Caterpillar, Coca-Cola, Comsup, John Deer, Medtronic, Silverleafe, Valmont, VISA, Zeppelin, Xenophon Strategies, Somon Air, Tojik Air ва ғайра иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки тоҷирони амрикоиро бо имконоти сармоягузории Тоҷикистон шинос намуда, ба иштирок дар лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар даъват карданд.

Аз ҷумла сармоягузорӣ ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, инчунин роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, чунончи пахта пешниҳод шуд.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки ояндаи наздик силсилавохӯриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ду кишвар ташкил карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.