Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд

Вакилони палати поёнии парлумон лоиҳаи тағйиру иловаҳои қонун дар бора рӯзҳои идро ба тасвиб расониданд, ки тибқи он ҳар сол 1-уми июл дар кишвар “Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” таҷлил мешавад. Ин лоиҳаи қонунро рӯзи 25-уми декабри соли 2025 ҳукумати кишвар бо имзои як қарори махусус, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда буд. Вакилони […]

Вакилони палати поёнии парлумон лоиҳаи тағйиру иловаҳои қонун дар бора рӯзҳои идро ба тасвиб расониданд, ки тибқи он ҳар сол 1-уми июл дар кишвар “Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” таҷлил мешавад.

Ин лоиҳаи қонунро рӯзи 25-уми декабри соли 2025 ҳукумати кишвар бо имзои як қарори махусус, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда буд.

Вакилони парлумон дар ҷаласаи рӯзи 21-уми январ дар баробари дигар қонунҳо тағийрот ба ин қонунро ҳам ба тасвиб расониданд ва аз ин пас ҳар сол 1-уми июл кормандони суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иди худро таҷлил мекунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон расман 97 иду ҷашн мавҷуд аст, ки 12 – тояш ғайрикорӣ мебошанд:

– 1 январ – Соли нав;

– 8 март – Рӯзи Модар;

– 21-24 март – Ҷашни байналмилалии “Наврӯз”;

– 9 май – Рӯзи Ғалаба;

– 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

– 9 сентябр – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 – Иди Рамазон (ҳар сол аз ҷониби мақоми давлатӣ муқаррар мешавад);

– Рӯзи иди Қурбон (ҳар сол аз ҷониби мақоми давлатӣ муқаррар мешавад).

Дар ҳамин ҳол, тибқи қарори ҳукумат рӯзҳои кории зерин дар соли 2026 ба рӯзи истироҳат гузаронида шуданд. Яъне сокинон рӯзи шанбеи 14-уми март кор мекунанд ва ба ҷои он рӯзи ҷумъаи 27-уми март истироҳат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, дар ҷашни “Наврӯз” аҳолӣ 9 рӯз пайдарҳам истироҳат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.