Чанде аз “хонаҳои бесоҳиб”-и Истиқлолро дубора ба соҳибонашон додаанд

Соҳибони ин хонаҳо, ки қаблан манзили худро бесоҳиб гузошта ба хориҷа рафта буданд, баъди тасмими ҳукумати Истиқлол дар бораи тақдими ин хонаҳо ба ниёзмандон, дубора ба ин шаҳр баргашта, хонаҳои худро соҳибӣ кардаанд. Дар ин бора Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол рӯзи 26-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Қаблан, мақомоти шаҳри Истиқлол мехостанд, хонаҳое, ки солҳо боз […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Соҳибони ин хонаҳо, ки қаблан манзили худро бесоҳиб гузошта ба хориҷа рафта буданд, баъди тасмими ҳукумати Истиқлол дар бораи тақдими ин хонаҳо ба ниёзмандон, дубора ба ин шаҳр баргашта, хонаҳои худро соҳибӣ кардаанд.

Дар ин бора Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол рӯзи 26-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Қаблан, мақомоти шаҳри Истиқлол мехостанд, хонаҳое, ки солҳо боз бесоҳиба буданд, ба тавозуни ҳукумат гузаронанд ва ба ниёзмандони дар навбати хонабуда диҳанд. Баъди рӯйхат кардану муҳр задани дари хонаҳо, соҳибони онҳо пайдо шудаанд.

Раиси шаҳри Истиқлол гуфт, ки то ҳол соҳиби 17 хона пайдо шудаанд ва манзилҳои худро соҳибӣ карданд. Ба гуфтаи раиси шаҳр, соҳибони хонаҳои дигар ҳам "оҳиста – оҳиста пайдо шуда истодаанд".

"Ин хонаҳо ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд. Тибқи қонунҳои амалкунанда, мо ҳақ надорем хонаҳои хусусиро ба фонди манзили шаҳр ворид кунем"-зикр кард Қаюмҷон Маҳмудзода.

Ба таъкиди номбурда, акнун соҳибони хонаҳо бояд манзилҳои худро, ки дару тиреза надошта, таъмирталабанд ва ҳусни шаҳрро коста мекунанд, таъмир кунанд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Истиқлол дар шимоли вилояти Суғд ҷойгир буда, дар он ҷо солҳои пеш ақаллиятҳои гуногуни зиёд зиндагӣ доштанд. Баъдан, теъдоде аз онҳо шаҳрро тарк карданд ва хонаҳои онҳо холӣ монд.

Тобистони соли гузашта мақомоти дахлдори шаҳри Истиқлол гуфтанд, зимни як санҷиш беш аз 50 хонаи бидуни соҳибмулк ё беназоратро ошкор кардаанд. Он замон раиси шаҳри Истиқлол гуфта буд, ки агар қарори додгоҳ содир шавад, ин манзилҳо ба ниёзмандоне,  ки дар навбат истодаанд, дода мешавад.

Ҳамин тариқ, ӯ дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли гузашта гуфт, ки баъди рӯйхат кардану муҳр задани дари хонаҳое, ки солҳо бесоҳиб буданд, соҳибони хонаҳо пайдо шудаанд ва мехоҳанд хонаҳояшонро соҳибӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии зиддифасод, аввал собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дертар Баҳодур Ахмедов, сокини шаҳри Бӯстонро бо ҷурми қаллобӣ боздошт кард, ки мехостанд ин хонаҳои бесоҳибро бо ҳуҷҷатгузории қалбакӣ ба “шиносҳояшон” фурӯшанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.