Дар Душанбе панелҳои офтобӣ насб мекунанд. Дар куҷо ва барои чӣ?

Дар Душанбе, аз ҷумла дар роҳҳои пиёдагард насби панелҳои офтобӣ оғоз шудааст. Яке аз аз чунин панелҳо дар болои пули роҳи оҳан дар мавзеи наздии “Комбинати нассоҷӣ” ё худ “Текстилкомбинат” насб шудааст. Дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 январ ба иттилоъ доданд, ки "панелҳои офтобӣ бо мақсади сарфаи нерӯи барқ ва истифодаи минбаъдаи […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар Душанбе, аз ҷумла дар роҳҳои пиёдагард насби панелҳои офтобӣ оғоз шудааст. Яке аз аз чунин панелҳо дар болои пули роҳи оҳан дар мавзеи наздии “Комбинати нассоҷӣ” ё худ “Текстилкомбинат” насб шудааст.

Дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 январ ба иттилоъ доданд, ки "панелҳои офтобӣ бо мақсади сарфаи нерӯи барқ ва истифодаи минбаъдаи онҳо дар корхонаҳои хурд, муассисаҳо барои кӯдакон ва биноҳои истиқоматӣ насб мешаванд".

“Бо фармоиши раиси Кумита, иншооте, ки бояд панелҳои офтобӣ насб шавад, аз ташхис гузаштанд. Фармоиш рӯзи 1-уми апрели соли 2024 имзо шуда, аз то он лаҳза 1 530 иншоот аз ташхис  гузаштанд. Дар онҳо насби панелҳои офтобӣ бо иқтидори аз 250 то 500 ватт пешбинӣ шудааст”, – изҳор дошт Низом Мирзозода.

Яъне барқи панелҳои офтобӣ дар суртаи қатъи барқ истифода мешаванд.

Раиси Кумита илова кард ки лифт ва камераҳои мушоҳидавӣ бояд бо панелҳои офтобӣ кор кунанд, ки ин ҳам “як кумак ба шабакаҳои мутамарказ аст”.

Ҳамин тариқ, мувофиқи маълумоти Раёсати ташхиси давлатии ғайрисоҳавии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, дар доираи амалисозии фармоиши зикршуда дар давраи аз 1-уми апрели соли 2024 насби панелҳои офтобӣ дар 558 иншоот пешбинӣ шудааст.

“Аз ҷумла, дар 381 бинои истиқоматӣ, 23 корхонаи саноатӣ, 61 муассисаи таълимӣ, 13 муассисаи томактабӣ, 42 бемористон ва марказҳои тиббӣ, инчунин 36 бинои маъмурӣ”, – гуфтанд дар Кумита.

Ёдрас мекунем, ки Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои об дар яке аз маҷлисҳои ҳукумати кишвар иттилоъ дод, ки "аз ҳисоби сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, афзоиши иқтидор боз ба 253 МВт ба туфайли таъмиру навсозии нерӯгоҳҳои амалкунанда, барқарор намудани 440 МВт иқтидор аз ҳисоби навсозии таҷҳизот ва гирифтани 1500 МВт барқ аз ҳисоби нерӯи офтоб дар назар аст".

Он замон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин, дастур дод, ки дар биноҳои истиқоматӣ низ панелҳои офтобӣ насб шуда, онҳо ба шабакаи миллии барқ ҳамгиро (пайваст) шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.