Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон гарм шуда, вале боришот аз меъёр зиёд мешавад. Дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ, ҳатто раъду барқ ва боридаи жола дар назар аст. Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Вилояти Хатлон ва водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ
Ҳарорати миёнаи моҳона 2 дараҷа болотар аз меъёр ва чунин дар назар аст: дар водиҳо 11-14 дараҷа гарм (меъёр +9-12), дар ноҳияҳои доманакӯҳ то +7-9 (меъёр +5-7).
Нимаи аввали моҳ дар водиҳо шабона ҳарорати 6-11, рӯзона – 14-19 дараҷа гарм; дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 4-9 ва рӯзона – 11-16 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат пешбинӣ мешавад: дар водиҳо +13-18 дараҷа гарм, рӯзона аз +20-25 то +24-29, дар ноҳияҳои доманакӯҳ: шабона +8-13, рӯзона аз +14-19 то +20-25.
Боришот бисёртар мешавад, баъзан дар ҳудуди меъёр (меъёр дар водиҳо 43-148 мм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ — 169-233 мм). Ҳамчунин дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ раъду барқ, фаромадани тӯфони чангу ғубор, боридани жола ва дар ағбаҳо туман ва пурзӯршавии суръати вазиши шамол то 15-20 м/с дар назар аст.
Вилояти Суғд
Дар ин минтақа низ дар водиҳо ҳарорат 1 дараҷа зиёдтар аз меъёри иқлимӣ хоҳад буд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан 1 дараҷа поинтар аз меъёри иқлимӣ мешавад: дар водиҳо +9-10 (меъёр +8-9), дар кӯҳҳо -3+1 дараҷа (меъёр -2+2).
Нимаи аввали моҳ ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм рӯзона – 6-11 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст. Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат дар назар аст: дар водиҳо шабона +9-14, рӯзона аз +14-19 то +21-26, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5, рӯзона аз +9-14 то +12-17 дараҷа. Дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ раъду барқ, фаромадани тӯфони чангу ғубор, боридани жола ва дар ағбаҳо туман ва пурзӯршавии суръати вазиши шамол то 15-20 м/с дар назар аст.
Боришот баъзан зиёдтар аз меъёри иқлимӣ мешавад (меъёр дар водиҳо 25-54 мм, дар кӯҳҳо — 25-47 мм). Дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ раъду барқ, дар ағбаҳо туман ва пурзӯршавии суръати вазиши шамол то 15-20 м/с дар назар аст.

Ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ
Ҳарорат дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва баъзан 1 дараҷа поинтар аз он пешбинӣ шуда, аз 2 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад (меъёр -2+5). Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, то 2-7 дараҷа гарм, рӯзона аз 9-14 то 18-23 дараҷа гарм.
Миқдори боришоти моҳона зиёдтар ва баъзан дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад (меъёр дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 62-169 мм, дар ВМКБ – 17-76 мм). Дар баъзе рӯзҳо пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 13-18 м/с ва туман дар назар аст.
Ноҳияҳои ғарби ВМКБ
Ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди меъёр ва баъзан 1 дараҷа поинтар аз он пешбинӣ шуда, 7-15 дараҷа хунук (меъёр – 7-14) мешавад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат пешбинӣ шудааст: шабона аз 4-9 то 11-16 дараҷа хунук, рӯзона аз -1+4 то 1-6 дараҷа хунук. Миқдори боришот баъзан поинтар аз меъёри иқлимӣ мешавад (меъёр – 5-23 мм).
Дар рӯзҳои ҷудогона пурзӯр шудани суръати вазидани шамол то 12-17 м/с дар назар аст.
Ҳушдор аз боришот
Ғайр аз ин, Оҷонсии ҳавошиносӣ аз боришот, баъзан боришоти пуршиддат ва хавфи фаромадани тармаҳо огоҳ мекунад.
Ин ниҳод гуфт, ки аз 4 то 6-уми март дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ба истиснои ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои шарқи ВМКБ) асосан боридани борон ва баъзан боришоти пуршиддат пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 4-5-уми март дар шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чаноқ (километрҳои 48–74 ва 78-81), бахусус дар минтақаҳои тармафарои Майхура, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма дар назар аст.
Рӯзҳои 5-6-уми март бо сабаби боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест. Ҳамзамон дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон (ноҳияҳои Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин, шаҳри Кӯлоб), ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Дарвози ВМКБ фаромадани сел пешгӯӣ мешавад.

