Мувофиқи пешгӯйии ахири Бонки осиёии рушд (БОР), рушди иқтисоди Тоҷикистон тавре ки интизорӣ меравад, дар солҳои 2026 ва 2027 асосан аз ҳисоби рушди саноат ва соҳаи хидматрасонӣ баланд боқӣ мемонад. Баланд бардоштани рақобатпазири саноат, ки ба болоравии арзиши иловашуда равона мегардад, ба рушди дарозмуҳлати иқтисод ва фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад.
Муовиқи гузориши имрӯз чопшудаи “Гузориши рушди Осиё” барои моҳи апрели соли 2026, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон тибқи пешгӯиҳо, ба андозаи 7,3% дар соли 2026 ва 6,8% дар соли 2027 пас аз болоравии 8,4% дар соли 2025 рушд мекунад.

Дар назар аст, ки дар пасманазари афзоиши қарздиҳии истеъмолӣ ва интиқоли маблағ, болоравии пардохти музди меҳнат дар бахши давлатӣ, нуқсонҳо дар занҷираҳои таҳвил ва тасҳеҳи таърифаҳо (тарифҳо) ба хидматрасониҳои коммуналӣ, дар соли 2026 сатҳи тавррум 4,0% ва соли 2027 – 4,5%-ро ташкил диҳад.
“Рушди баланди иқтисоди Тоҷикистон барои ҳаррчи тезтар таъсис додани ҷойҳои корӣ имкон фароҳам месозад, – зикр кардааст намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото. – Бо рушди рақобатпазирӣ ва соҳаҳои даромаднок, кишвар метавонад рушди иқтисодиро ба миқдори зиёди ҷойҳои кории хушсифат табдил диҳад, ки афзалияти калидии Стратегияи шарикии мо бо Тоҷикистон маҳсуб меёбад”.
Тайи солҳои ахир истеҳсоли саноатӣ дар Тоҷикистон рушди устувор нишон медиҳад. Ҳамзамон ба иқтисоди кишвар мисли пешина хусусияти начандон кофии заминаи истеҳсолӣ баҳо дода мешавад. Содирот асосан аз ашёи хоми коркарднашуда, инчунин маҳсулоти дорои технологнияи миёна ва паст иборат аст. Камтар аз 10% аз ҳаҷми содироти маҳсулот ба маҳсулоти саноатии дорои арзиши баланди иловашуда рост меояд.
Дар ин пасманзар дар “Гузориши рушди Осиё” ба Тоҷикистон ҷорисозии барномаи маҷмӯавии рушди саноат, ки ба равиши низоми эоклогӣ асос ёфтааст, тавсия дода мешавад. Чунин равиши ҳамоҳангшуда бояд аз доираи бахшҳои ҷудогона баромада, дар миқёси низоми экологии тиҷоратии васеъ, аз ҷумла зерсохтор, тайёр кардани қадрҳои ҳирфаӣ, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва ба сурати умум муҳити корӣ, маҳдудиятҳоро бартараф намояд.
Бонки осиёии рушд бонки пешрафтаи бисёрсоҳавӣ мебошад, ки аз рушди фарогир, ба ҳаёт тобовар ва устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дастгирӣ мекунад. Дар ҳамкорӣ бо кишвар ва шарикон ҷиҳати ҳалли муштараки вазифаҳои маҷмӯавӣ, БОР аз воситаҳои навоваронаи молиявӣ ва шарикӣ баҳри тағйири ҳаёти одамон, бунёди зерсохтори босифат ва ҳифзи сайёраи мо истифода мебарад. БОР соли 1966 таъсис ёфта, 69 кишвар ба ҳайати он шомиланд, ки 50-то аз ин кишварҳо дар минтақа қарор доранд.
Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳаҷми умумии кумаки он ба ҷумҳурӣ ҳудуди 3 млрд долларо ташкил медиҳад, аз ҷумла зиёда аз 2,2 млрд доллар ба сифати грантҳо.
Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ба се афзалияти стратегӣ асос ёфтааст: ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба иқтисод.


