Бо вуҷуди оташбас дар Ховари Миёна, ки Эрон ва Покистон мегӯянд, Лубнон низ шомили он аст, ду рӯз боз ҳамлаҳои шадиди ҳавоии Исроил ба Лубнон ва дар посух ба он зарбаҳои Ҳизбуллоҳ ба Тел-Авив идома дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки шаби гузашта Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил дастури музокираи мустақим бо Лубнонро дод.
Амрико ва Исроил иддао мекунанд, ки Лубнон вориди оташбаси дуҳафтаӣ, ки бо Эрон мувофиқа карданд, намешавад. Вале ба назар мерасад, фишорҳои Эрон ва ҷомеаи байналмилалӣ аз ҳамлаи Исроил ба Лубнон дар рӯзи аввали оташбас, ки беш аз 300 нафар кушта шуданд, Бинямин Натаняҳуро маҷбур кард, ки аз музокира бо давлати Лубнон ҳарф занад.
Ӯ гуфтааст, ки “дархостҳои такрории Лубнон барои музокироти мустақим”-ро қабул дорад ва эълон кард, ки ҳадафи асосии онҳо халъи силоҳи “Ҳизбуллоҳ” ва барқарор кардани муносибатҳои осоишта байни Исроил ва Лубнон хоҳад буд. Аммо оташбасро рад мекунад.
Ҳоло маълум нест, ки дар ин музокирот “Ҳизбуллоҳ” ҳам ширкат мекунанд ё не. Онҳо қаблан гуфта буданд, ки бо Исроил музокироти мустақим намекунанд.
Қарор аст, музокираи онҳо барои баррасии оташбас ҳафтаи оянда дар Вашингтон баргузор гардад. Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА мулоқотеро дар ҳафтаи оянда барои “баррасии музокироти идомаёбандаи оташбас” тасдиқ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба Лубнон идома дорад ва “Ҳизбуллоҳ” низ, ба Исроил зарба мезанад. Исроил иддао кардааст, ки мавқеъҳо ва иншооти “Ҳизбуллоҳ”-ро ҳадаф қарор медиҳад. Тибқи иттилои “Ройтерз”, Ҳизбуллоҳ гуфтааст, ки ҳадафи он зерсохтори низомии Исроил дар шаҳри шимолии Ҳайфа буд.

Бомдоди 10-уми апрел дар Тел-Авив бар асари ҳамлаҳои мушакии “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон садои бонги хатар ба садо даромадааст. “The Times Of Israel” аз ҳамла ба Тел-Авив ва шаҳри Ашдод хабар дода, навиштааст, кин ҳамлаҳои талафоти ҷонӣ надоштааст.
Расонаҳои Эрон менависанд, ки дар пайи ин ҳамлаҳо фурудгоҳи Бер-Гуриони Тел-Авив ҳадаф қарор гирифта, фаъолияти он қатъ шудааст.
Ҳамзамон, ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳои гуногуни Лубнон идома дошта, рӯзи гузашта ба нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар Лубнон ҳамла шудааст. Ин ҳамларо беш аз 60 намояндагии кишварҳои дунё дар СММ маҳкум карданд.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дирӯз дар суҳбат бо шабакаи “NBC” изҳор доштааст, ба Бенямин Натаняҳу гуфтааст, ки ҳамлаҳои худро ба Лубнон “коҳиш диҳад”.
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида исрор меварзанд, ки оташбас дар аввал ба Лубнон дахл надошт, дар ҳоле ки Эрон қатъи ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут ва дигар шаҳрҳои Лубнонро ҳамчун шарти муҳимтарини оташбас зикр мекунад ва аз боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз барои киштиронӣ то он даме, ки Исроил ҳамлаҳои худро ба Лубнон қатъ накунад, худдорӣ мекунад. Муҳаммадбоқир Қалибоф, раиси парлумони Эрон, ки интизор меравад ҳайати Эронро дар музокирот бо ноиби президенти ИМА Ҷи Ди Вэнс дар Исломобод роҳбарӣ кунад, гуфт, ки Лубнон ва дигар муттаҳидони Эрон қисми созишномаи оташбас мебошанд. Ӯ гуфта буд, ки бе қатъи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон на оташбас ва на музокирот маъно надорад.
Покистон, ки миёнҷигарии низоъ аст, низ ҳамин назарро дорад.
Дар рӯзи аввали оташбаси Амрикову Эрон дар Ховари Миёна чӣ гузашт, дар матлаби мо “Хабарҳо аз нақзи эълони оташбас ва таҳдиди тарафҳо барои оғози ҳамлаҳо. Рӯзи аввали эълони оташбаси Эрону Амрико чӣ гуна гузашт?” хонед.


