Home Blog Page 12

Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад

0

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки рӯзҳои 10 ва 11-уми март дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ якбора ҳаво ноустувор шуда, борону барф меборад.

Ин ниҳод илова кардааст, ки нимаи дуюми рӯзи 10-уми март дар ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳӣ борону барф борида, баландии қабати барф дар ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Рашт, Сангвор, Лахш, Варзоб, Ишкошим ва Шуғнон ба 10 – 30 см мерасад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои доманакӯҳии Файзобод, Ховалинг, Мӯъминобод, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Панҷакент, Айнӣ, Шаҳристон ва Истаравшан баландии қабати барф ба 3 – 10 см мерасад.

Ба иттилои Оҷонсӣ, рӯзҳои 10 ва 11-уми март дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳои Анзобу Шаҳристон хавфи тармафароӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои доманакӯҳии Панҷакент, Айнӣ, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз хатари омадани сел вуҷуд дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Гарм, вале бо борону раъду барқ. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Дар идома ин ниҳод изҳор доштааст, ки имрӯз ба далели боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

"Ҳарорати ҳаво дар ин давра чунин пешгӯӣ мешавад: дар водиҳо шабона –4+1°, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2–7° хунук, рӯзона –1+4°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7–12° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то –4+1°, рӯзона аз 0–5° хунук то 2+4° гарм", – гуфтааст ин ниҳод.

Гуфта мешавад, ки рӯзҳои 10 ва 11-уми март ба далели ноустувории вазъи ҳаво, бад шудани ҳолати роҳҳои мошингард, коҳишёбии дурии биниш ҳангоми боришот ва фаромадани тормеғ, яхбандӣ ва мушкилоти муваққатӣ дар фаъолияти соҳаи нақлиёту хидматрасониҳои шаҳрӣ дар назар аст.

Қаблан, Оҷонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ гуфта буд, ки ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон гарм шуда, вале боришот аз меъёр зиёд мешавад. Дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ, ҳатто раъду барқ ва боридаи жола дар назар аст. Дар моҳи март чӣ гуна ҳаво пешгӯи мешаад, дар ин маводи мо хонед: Гарм, вале бо борону раъду барқ. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи “ITB Berlin 2026” зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст

0

Дар доираи Намоишгоҳи байналмиалиии сайёҳии "ITB Berlin-2026", ки дар пойтахти Олмон баргузор шуд,  ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шарикони аврупоӣ зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо ширкатҳои аврупоӣ масоили густариши ҳамкориҳо, роҳандозии сафар ва сайру саёҳатҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши сайёҳии кишварро мавриди баррасӣ додаанд.

 

Ба иттилои манбаъ, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон дар чаҳорчӯби ин намоишгоҳ бо Мирослав Рончак,  коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дидору гуфтушунид кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҷонибҳо доир ба ташкили форуми муштараки сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2027 ба мувофиқа расиданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


 

"Ҳадаф аз форум ҷалби сайёҳон аз Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ, инчунин роҳандозии барнома ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар минтақаҳои хушманазари Тоҷикистон унвон шуд", – мегӯяд Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дар кори намоишгоҳ имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, иншооти таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии экологӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии кишвар ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Намоишгоҳи "ITB Berlin" яке аз чорабиниҳои бузурги байнулмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, ҳамасола намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи сайёҳӣ ва сармоягузорон ба ин соҳа аз кишварҳои гуногунро гирдиҳам меорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад

0

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки аз 11-уми март парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе аз сар мегирад.

Ин ширкат гуфтааст, ки рӯзҳои 11, 13 ва 15 март аз Душанбе ба фурудгоҳи Мактуми Дубай ва баръакс парвоз анҷом медиҳад. Дар сомонаи ин ширкат ҷадвали минбаъдаи парвозҳои он дар ин масир низ гузошта шудааст.

“Сомон Эйр”  илова кардааст, ки билетҳо дар фурӯш буда, барои маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд бо рақамҳои зерин муроҷиат кунанд:

+992 44 640 40 49

+992 44 640 40 50

+992 93 7777 459 (WhatsApp)

Дар сомонаи "Сомон Эйр" нархи билет аз Душанбе то Дубай барои рӯзи 11-уми март 1700 сомонӣ нишон дода шудааст.

Қаблан, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад. Аз ин пештар гуфта буд, ки парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай то 6-уми март бозмедорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд

Баъ аз ин, ВКХ Тоҷикистон эълон кард, ки бо дастури ҳукумати кишвар, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ҳолати зарурӣ барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад.

Ҳамин тариқ, "Сомон Эйр" ва "Флай Дубай" дар чанд рӯзи охир тақрибан 550 нафарро бо парвозҳои чартерӣ аз Абу-Забӣ ва Дубай ба Тоҷикистон баргардонданд. Ду парвози охирин, рӯзи 8-уми март сурат гирифт ва беш аз 300 нафар, аз ҷумла хориҷиён ба Душанбе омаданд.

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи ин кишвар ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна, вазъ дар минтақа вахим шуда, даҳҳо ширкати ҳавопаймои парвозҳои худро ё бекор карданд ва ё ба рузи номаълумр гузоштанд. Ин сабаб шуд, ки садҳо мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд ба кишварҳои худ баргарданд ва ҳоло дар меҳмонхонаҳо ва ё фурудугоҳҳои ин кишварҳо банд мондаанд.

Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд.

Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилу дуввуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст

0

Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз ин кишвар ба хориҷ, нигаронии бархе тоҷирони тоҷикро, ки аз Ҷумҳурии Исломӣ молу маҳсулот меоранд, ба миён овардааст. Онҳо мегӯянд, бо ҷорӣ шудани маҳдудият, арзиши молу маҳсулот гарон мешавад. Бархе тасмим доранд, барои як муддат, маҳсулоти Эронро бо молу колои дигар кишварҳо иваз кунанд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанде аз тоҷироне, ки аз Эрон ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид мекунанд ва савдогароне, ки дар бозорҳои Душанбе яклухтфурӯшӣ мекунанд, дар бораи таъсири ҷанг дар Эрон ба тиҷорати онҳо сӯҳбат кард.

 

“Маҳсулот дар Туркманистон ҳабс шудааст”

Як тоҷире, ки нахост аз ӯ ном барем, гуфт, дар пайи оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, бори дархосткардаи онҳо то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст. Ӯ, ки маҳсулоти хушк ва донагӣ мефурӯшад, гуфт, пеш аз муташаниҷ шудани вазъ дар Эрон миқдори зиёди маҳсулот, аз ҷумла писта, қанду ширинӣ ва хурмо дархост карда буд, аммо таъминкунанда то ҳол наовардааст.

“Барвақт бор дархост карда будем, ҳамкороне, ки аз Эрон борро меоранд, мегӯянд. 380 вагон маҳсулот аз марзи ин кишвар рад ва дар Туркманистон ҳабс шудааст. Сабабашро шарҳ намедиҳанд, вале ба эҳтимоли зиёд, ба муносибати Амрикову Эрон рабт дорад. То омадани ин бор захираҳоро мефурӯшем”,-гуфт ин тоҷир.

 

“Нарх боло меравад”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Бархе тоҷирон мегӯянд, бо муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна нархи баъзе маҳсулоти воридотӣ гарон мешавад.

Тоҷири дигари бозори “Фаровон”-и Душанбе, ки ӯ ҳам нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар пайи маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Эрон, қиммати маҳсулоти истеҳсоли ин кишвар аллакай боло рафтааст.

“Имрӯз нархи як кило пистаи Эрон то 150 сомонӣ баробар шудааст, дар ҳоле, ки ҳафтае пеш аз 90 то 120 сомонӣ арзиш дошт”,-таъкид кард ӯ.

Тоҷирон мегӯянд, таъминкунандаҳои маҳсулоти Эрон дар бозорҳои Душанбе ба эҳтимоли зиёд захира доранд, вале он талаботи бозорро барои муддати зиёд қонеъ намекунад.

 

“Намедонем чӣ кор кунем”

Чанде аз тоҷирони тоҷик мегӯянд, ба маҳсулоти Эрон таваҷҷуҳи сокинони Тоҷикистон зиёд аст ва намедонанд минбаъд чӣ гуна онро дастраси муштариён кунанд.

“Ҳамин қадар пиставу 50 бастаи 5 килои хурмои Эрон боқӣ мондааст. Чун мо яклухт мефурӯшем, зуд тамом мешавад. Ҳоло намедонем муштариёнро чӣ гуна таъмин кунем”,-гуфт савдогари дигари ин бозор.

Тоҷири дигар мегӯяд, бо тоҷирони эронӣ шартнома доштанд ва фармоиш медоданд, онҳо барояшон равон мекарданд: "Ҳоло бошад намедонем чӣ мешавад, захира дорем, аммо дар муддати кӯтоҳ тамом мешавад, чун харидорони бори Эрон зиёд ҳастанд”.

Баъзе соҳибкорон мегӯянд, маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Эрон дар таъминоти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон таъсире чандоне намерасонад.

“Русия, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳое ҳастанд, ки ҳамкорӣ дорем. Минбаъд аз ин кишварҳо ворид мекунем”,-таъкид мекунад ӯ.

 

Қолинфурӯшҳо низ ба мушкил дучор омадаанд

Ин ҷанг ба тиҷорати қолинфурӯшҳо низ таъсир расонидааст. Чанде аз соҳибкороне, ки аз Эрон низ қолин меоварданд, мегӯянд, дар ин вазъи ҳасос воридоти бор аз Эрон номумкин шудааст.

“Бародарам рафта, аз Эрон бор меовард, акнун ҳоло, ки ҷанг идома дорад, намедонем чӣ мешавад. Талаботи сокинон ба қолини эронӣ зиёд аст, чун сифати хуб доранд. Ба ғайр аз ин кишвар, аз Туркия низ бор ворид мекунем”,-гуфт намояндаи мағозаи қолинҳои “Форс”.

Вазъ дигар қолинфурӯшонро низ ба ташвиш овардааст. Онҳо мегӯянд, вақте қолинҳои эронӣ тамом мешавад, танҳо бо қолинҳои туркӣ ва ватанӣ  талаботи харидоронро қонеъ мекунанд.

“Мо асосан қолинҳои истеҳсоли Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркияро мефурӯшем. Мустақилона рафта аз Эрон бор намеорем, аз таъминкунанда дастрас мекунем то мағоза оварда мерасонад ва мо савдо мекунем. Минбаъд бор меоранд ё не, иттилоъе надорем”, – гуфт Қобил, намояндаи мағозаи қолинҳои “Теҳрон”.

 

“Маҳсулоти Эрон арзон ва талабгораш зиёд аст”

Мадина Раҳимова (ном иваз шудааст), тоҷири дигари тоҷик, ки аз Эрон навъҳои гуногуни маҳсулоти беҳдоштиро ба Тоҷикистон ворид мекард, мегӯяд, дар пайи ноором шудани вазъ тиҷорати онҳо ба мушкил бархӯрдааст. Ба гуфтаи ӯ, 4 вагон боре, ки ҷанде қабл дархост карда буданд, то ҳол марзи Эронро убур накардааст.

“Бор кам мондааст, маҳсулоте, ки аз Эрон меовардем талабгори зиёд дорад. Чун яклухт мефурӯшем бор зуд тамом мешавад. Чанд сол аст, ки аз Эрон бор оварда, тиҷорат мекунем ва ҳоло ин шароит ба кори мо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Маҳсулоти Эрон нисбат ба дигар кишварҳо арзон аст ва сифати аъло дорад. Ҳоло сарамон гаранг аст, чун аз ягон кишвари дигар бор наовардаем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Бояд гуфт, Эрон яке аз бузургтарин таҳвилгарони маҳсулоти хӯрокворӣ бо шумули маҳсулоти ширӣ, сабзавоту мева, чормағз, шакар (қанд) ва хӯришҳо маҳсуб ёфта, ҳама гуна тағйирот дар ин самт метавонад ба нархи ин навъи маҳсулот таъсир расонад.

Коршиносон мегӯянд, дар чунин вазъ, ҳукумати кишварро лозим аст то хатсайрҳои ҷойгузини интиқол, масалан тариқи Ӯзбекистон ё Қирғизистонро ҷустуҷӯ кунад. Онҳо ба инанд, ки вазъи ҳозира боиси болораии нархи баъзе маҳсулот ва ноустуворӣ дар бозори маҳсулоти хӯрокворӣ мешавад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ, раҳбари нави Эронро ба муносибати интихобаш ба ин мақом табрик гуфта, ба ӯ ва мардуми Эрон “сулҳу субот ва шукуфоии пойдор” орзу кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар номаи табрикотиаш, ки рӯзи 9-уми март нашр шуд, изҳори боварӣ кардааст, ки таҳти раҳбарии Муҷтабо Хоманаӣ “мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама мушкилоте, ки имрӯз кишвари ба мо дӯсту бародар мувоҷеҳ шудааст, пирӯз хоҳад шуд”.

“Мо нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, бори дигар ҷонибдории хешро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем.

Бо табрики муҷаддад, омодагии ин ҷонибро барои таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ба нафъи ду миллати бародар бо такя ба усули ҳусни эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ изҳор медорам”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

Шаби 8 ба 9-уми март Маҷлиси хубрагони Эрон, Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаиро роҳбари нав ва муаррифӣ кард. Муҷтабо Хоманаӣ 56 сол дорад. Ӯ пас аз кушта шудани падари 86-солааш Алии Хоманаӣ дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил, ки рӯзи 28-уми феврал иттифоқ афтод, сеюмин раҳбари олии Эрон интихоб шуд.

Алии Хоманаӣ шаш фарзанд дорад: чор писар ва ду духтар. Муҷтабо фарзанди дуюми ӯ буда, 8-уми сентябри соли 1969 дар шаҳри Машҳад таваллуд шудааст.

Дар бораи корномаи ӯ дар ин маводи "Азия-Плюс" шинос шавед: Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1931 –  Ноҳияҳои Ғарм (ҳоло Рашт) ва Ҷиргатол (ҳоло Лахш) таъсис ёфтанд.

Соли 2009 – Дар Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни маориф қабул гардид, ки тибқи он истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ расман манъ карда шуд.

Соли 2010 – Дар шаҳри Душанбе 56 узви созмони мазҳабии тундгароии “Ҷамоати таблиғ” ба ҳабс маҳкум гардиданд. Ин созмон дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгаро шинохта шуда, фаъолияташ манъ аст.

Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони расонаҳо бахшида ба 100-солагии рӯзномаи “Бухорои шариф” пешниҳод намуд, ки ҷазо барои тӯҳмат сабуктар карда шавад.

Соли 2020 – Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон, нахустин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи нақшаи вокуниш ба пандемияи COVID-19 баргузор шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1971 – Мавлуди Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва шоири тоҷик.

 

Абдуллоҳи Раҳнамо Техникуми полититехникии Душанбе ва факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Номбурда солҳои 1999-2005 дар дастгоҳи иҷроияи президент кор карда, баъдан ҳамчун мутахассиси калони Раёсати таҳлили равандҳои сиёсӣ ва этнополитикии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 2012 сардори раёсати номбурда таъйин гардида, минбаъд дар вазифаи сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии марказ ва чанд соли ахири мушовири раиси ин марказ буд.

Аз соли 2021 то 2025 мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Соли гузашта, дар пайи як тағйироти кадрӣ дар ин ниҳоди ҷамъиятӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат"-и ин иттифоқ таъин гардид. 

Абдуллоҳи Раҳнамо соли 2010 Муассисаи таълимии “Литсейи Раҳнамо”-ро таъсис додааст, ки ҳоло яке аз  беҳтарин мактабҳои типи муосир дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Абдулло Раҳнамо муаллифи беш аз 20 китоби илмию таҳлилию оммавӣ, аз ҷумла китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ”, “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ”, “Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?” “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон: ҷамъбасти назариявӣ” ва “Дидгоҳи давлатмеҳвар” аст.

Ӯ ба ҳайси коршиноси сиёсӣ низ дар расонао ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва сари ҳар чанд вақт мавқеашро дар робита ба ин ё он мавзӯи рӯз баён мекунад.

Соли 1934 – Зодрӯзи Шодон Ҳаниф, нависанда, драманавис ва тарҷумони тоҷик.

 

Шодон Ҳаниф шуъбаи тарҷумонии факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст. Солҳо дар рӯзномаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”), “Ирфон”, “Садои Шарқ” фаъолият бурдааст.

Инчунин солҳо тарҷумон ва мушовири ниҳодҳои ҳизбӣ дар Афғонистон буд. Солҳои 1980-1985 директори шуъбаи Тоҷикистонии Фонди адабии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ӯ муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои “Майна”, “Алмос”, маҷмӯаи очеркҳои “Дидор”, “Кӯҳ ба кӯҳ мерасад”, повесту романҳои “Оҳугузар”, “Бедорӣ”, “Ҷон ба гарав”, “Хунбаҳо”, “Уқоби захмин”, “Дар паноҳи Ҳиндукуш”, асарҳои драмавии “Домоди шаҳрӣ”, моҷарои “Обфурӯш” аст.

Шодон Ҳаниф 5 майи соли 2007 дар 73-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1937 – Зодрӯзи Улфатмо Мамадамбарова, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1939 – Мавлуди Рафоат Абдусаломова, рӯзноманигор, аввалин наттоқи телевизиони тоҷик.

 

Рафоат Абдусаломова соли 1963 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Аз соли 1959 то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолият бурд. “Дугонаҳо”, “Гулдаста”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила”, “Гулдухтарон”, “Дилафрӯз” аз барномаҳои муаллифии ӯ дар телевизиони Тоҷикистон аст.

Рафоат Абдусаломова муаллифии китобҳои “Телевизион – ойинаи зиндагӣ”, “Наттоқ – чеҳраи телевизион”, “Телевизион ва психологияи инсон” ва маҷмӯаи шеърии “Парвози дил” аст.

Ӯ 24-уми октябри соли 2023 дар 84-солагӣ даргузашт.

Дар ин мақолаи "Азия-Плюс" "Аз наттоқ то журналисти касбӣ. Аз марги нахустнаттоқи телевизиони тоҷик Рафоат Абдусаломова як сол гузашт" дар бораи кору пайкори ин наттоқи шинохтаи тоҷик ва хотироти ҳамкасбону ҳамкоронаш дар бораи ӯ маълумот гиред.

Соли 1945 – Зодрӯзи Сироҷиддин Бандаев, кимиёшиноси тоҷик.

Соли 1946 – Мавлуди Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, ҳунарпешаи театру синамо.

 

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев аз ҳунарпешагони маъруфи тоҷик буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар синамо ва театр номи худро мондагор кардааст. 

Ӯ хатмкардаи Институти театру кинои Маскав буда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ ва як силсила нақшҳо офаридааст. Нақшҳои ӯ дар филмҳои бадеии “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Шикори охирин”, “Хайр кабудии тобистон”, “Тали мамнӯъ”, “Ситораҳо дар шаб”, “Соя” ва чандин филмҳо дар Маскаву Кишинев ҷолибанд.

Ӯ дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили “Парвози хушдоманам”, “Сабзабаноз”, “Қисмат”, “Фиреби хаёл”, “Шифо”, “Чакидаҳо” низ нақшҳои хотирмон бозидааст.

Ҳунарпеша 7-уми январи соли 2021 дар синни 74 аз олам чашм баст.

Соли 1947 – Зодрӯзи Бобоҷон Ҳасанов, ҳунарпеша ва овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 

Бобоҷон Ҳасанов хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва факултаи санъати Институти давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) мебошад. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро соли 1972 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб оғоз карда, қариб 30 сол дар ин боргоҳи ҳунар ҳамчун бозигар, коргардон ва сароянда фаъолият дошт. Сипас, соли 2001 ба Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ омад.

Ӯ дар театр беш аз 100 нақш офаридааст, ки аксаран асосӣ ва ҳамагӣ табиӣ ва самимию ҷаззобанд.  "Ҳуррият", "Робияи Балхӣ", "Табиби зӯракӣ", "Айбномаи хотимавӣ", "Карим-Девона", "Восеъ", "Дар чорсӯ", "Мири Кабир", "Заволи Чамбули Мастон", "Офарин Шерак", "Шамшер ва рангинкамон", "Зани оҳанин", "Сафар Амиршоев" аз зумраи намоишномаҳоанд, ки ҳунари ӯ дар онҳо бештар зуҳур намудааст.

Дар ҷодаи сарояндагӣ низ пештоз буда, як силсила таронаҳои ҷаззоб, чун "Бишкан", "Бӯса ба дарё задам", "Суруди сулҳ", "Ҳадиси лаб", "Тоҷикистон", "Падар" сароидааст.

Соли 1954 – Мавлуди Муҳсин Аминзода, шоири тоҷик, фарзанди Муҳиддин Аминзода.

Соли 1983 – Зодрӯзи Бахтовар Сафарзода, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус.

Соли 2014 – Амир Қароқулов, доктори илмҳои кишоварзӣ, собиқ раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар синни 71-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

10-уми март Рӯзи байналмилалии занони додрас (International Day of Women Judges) таҷлил мешавад. Ин рӯз бо мақсади эътироф ва қадрдонии саҳми занон дар низоми адлия ва таъмини адолати додгоҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муайян шудааст.

 

Таъсиси Рӯзи байналмилалии занони додрас ба соли 1993 бармегардад, вақте ки дар Конгресси байналмилалии занони ҳуқуқдон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ қарор қабул шуд, ки ҳар сол 10 март ҳамчун рӯзи махсус барои ҷашнгирии дастовардҳои занон дар соҳаи ҳуқуқ ва таъмини адолат таҷлил шавад.

10 -уми марти соли 1889 Алмон Браун Строуджер, соҳибкори амрикоӣ истгоҳи телефонии худкорро патент кард ва бо ин унвони “Падари ҳамаи АТС”-ро ба даст овард. Строуджер дар Канзас-Сити фурӯшандаи асбобҳои гӯручӯбкунанда буд, аммо тиҷораташ ба сабаби ришваситонии як телефонистка хароб шуд. Ҳамин сабаб шуд, ки ӯ ихтироъкори низоми рақамзанӣ бе миёнарав гардид.

 

Рӯзи 10-уми марти соли 1910 бо фармони императори ноболиғ, Пу И дар Чин ғуломдорӣ расман манъ карда шуд. Пу И охирин императори таърихи Чин буд. Ин яке аз охирин амалҳои ҳокимияти чандинасраи императорӣ буд, ки дар натиҷаи инқилоби солҳои 1911-1913 сарнагун гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард. 

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландиҳои зиёда аз 1000 метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона-2+3º, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар ғарби вилоят шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе минтақаҳо то 12-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 4+6º гарм. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 10 ба 11-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна

0

Дар рӯзи даҳуми ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, тарафҳо якдигарро аз истифодаи маконҳои ғайриизомӣ барои ҳамла айбдор карданд. Ҳамчунин, дар пайи ин ҷанг, арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳон ба болотарин сатҳ расида, омори кушташудаҳо аз ҳарду ҷониб афзудааст. Вале муҳимтарин хабар дар ин рӯз, интихоби роҳбари нави Эрон буд. Муҷтабо Хоманаии 56-сола, писари Алии Хоманаӣ, роҳбари пешини ин кишвар роҳбари нав ва сеюми Ҷумҳурии Исломиро интихоб ва муаррифӣ гардид. Муҳимтарин ҳаводиси шабонарӯзи охирро дар Ховари Миёна дар ин матлаби мо хонед.

 

“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, ки баъди оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе қатъ карда буд, эълон кард, ки аз 11-уми март парвозҳояшро дар ин масир аз сар мегирад.

Ин ширкат гуфтааст, ки рӯзҳои 11, 13 ва 15 март аз Душанбе ба фурудгоҳи Мактуми Дубай ва баръакс парвоз анҷом медиҳад. Дар сомонаи ин ширкат ҷадвали минбаъдаи парвозҳои он дар ин масир низ гузошта шудааст.

Нархи билет барои сафар дар парвозҳои мазкур маълум нест.

 

Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 8-уми март иддао кардааст, ки Эрон барои анҷоми амалиёти низомӣ, аз ҷумла партоби паҳподҳо ва мушакҳои балистикӣ “аз минтақаҳои пурҷамъияти ғайринизомӣ” истифода мекунад.

 

Вале ин ниҳод ҳеҷ далеле дар робита ба гуфтаҳои худ ироа накардааст.

Ин ниҳод дар саҳифаи расмии худ дар “Х” навиштааст, ки “Амрико наметавонад, амнияти ғайринизомиёнро дар дохил ё наздики таъсисоте ки Эрон барои мақсадҳои низомӣ истифода мешавад, кафолат диҳад.

Дар ин баробар, Эрон низ, Амрикоро ба истифода аз маконҳои маскунӣ дар ҳамла ба Эрон айбдор мекунад.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, имрӯз, 9-уми март бо нашри наворе, ки дар он дида мешавад, аз пушти биноҳои истиқоматӣ мушак партоб мегардад, навишт, “мушакҳо аз минтақҳои маскунӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя ба самти Эрон партоб мешаванд ва ҷангандаҳои амрикоӣ аз ҳарими ҳавоии кишварҳои ҳамсоя барои ҳамла ба Эрон истифода мекунанд, ки ҳамаи инҳо амнияти минтақаро ба хатар меандозанд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна

Вале ӯ нагуфт, ки ин навор кай сабт шуда ва партоби мушаки дар он тасвирёфта, аз хоки кадом кишвар сурат гирифтааст.

 

Идомаи ҳамлаҳо ва афзоиши теъдоди қурбониён

Эрон шаби гузашта ва субҳи 9-уми март аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба Исроил хабар дод. Расонаҳои исроилӣ аз шунида шудани “бонги хатар” дар даҳҳо минтақаи ин кишвар иттилоъ доданд.

Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил низ эълон кардааст, ки шаби гузашта ба Эрон ҳамлаҳо анҷом додааст.

Хабаргузории “ИРНА” навишт, ки дар пайи ҳамлаҳои рӯзи гузашта 4 донишҷӯи дигар кушта шудааст. Ба иттилои Вазорати улуми Эрон то кунун теъдоди донишҷӯёни кушташуда ба 10 нафар расидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 8-уми март Артиши Эрон омори кушташудаҳои новчаи “Дена”-ро 104 нафар ва теъдоди захмиёнро 32 нафар гуфт.

Ёдовар мешавем, 5 рӯз пеш киштии “Дена”, ки аз як размоише аз Ҳинд бармегашт, дар соҳилҳои уқёнуси Ҳинд киштии ҳарбии Амрико зарба зад ва ғарқ гардид.

Дар ҳамин ҳол, Алӣ Ҷаъфариён, муовини вазири беҳдошти ин кишвар ба “Ал-Ҷазира” иттилоъ додааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон 1255 тан кушта шуда, беш аз 12 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни кушташудаҳо аз 7 моҳа то 77-сола дида мешаванд ва инчунин миёнашон 200 зан низ ҳастанд.

Ҳамчунин, Исроил хабар дод, ки дар ҳамлаҳои рӯзи 9-уми март аз сӯи Эрон 1 нафар кушта ва 2 тани дигар захмӣ шудааст. Шаби гузашта дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Тел-Авив 6 нафар маҷрӯҳ шуда буд. Дар умум Исроил аз захмӣ шудани наздики 2 ҳазор тан дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар хабар додааст.

Мақомоти ин кишвар охирин маротиба теъдоди кушташудаҳои ҳамлаҳои эронро 11 тан гуфта буданд.

Зимнан, фармондеҳии марказии Амрико аз марги ҳафтумин сарбози амрикоӣ дар ҷанги ин кишвар алайҳи Эрон хабар дод.

Ин ниҳод шоми 8-уми март гуфтааст, ки ин сарбози амрикоӣ рӯзи 1-уми март дар пайи ҳамлаи Эрон ба нерӯҳои Амрико дар Арабистони Саудӣ "ба шиддат маҷруҳ шуда буд".

 

Арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳон ба болотарин сатҳ пас аз соли 2022 расид

Рӯзи душанбе, 9-уми март нархи нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ марзи 100 долларро гузашта, ба баландтарин сатҳи худ аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 расид. Он замон ҳам нархи як бушкаи нафт аз 100 доллар фаротар рафта буд.

Дар пайи шадид шудани даргириҳо дар Ховари Миёна, ки бо ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон оғоз шуд, субҳи имрӯз нархи як бушкаи нафти “Брент” ба беш аз 25 дарсад афзоиш ёфта, ба наздики 120 доллар расид. Вале пасон нархи он каме коҳиш ёфт ва ба 108 доллар баргашт.

Арзиши як бушка нафти WTI-и Амрико имрӯз 13,5 дарсад зиёд ва ба 103 доллар баробар шудааст.

Ба навиштаи “Financial Times”, дар пайи афзоиши босуръати қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳон, вазирони молияи кишварҳои Гурӯҳи Ҳафт (G7) имрӯз ҷаласаи изтирори баргузор карда, роҳҳои пешгирии онро баррасӣ мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд

Маҳдуд шудани рафтуомади киштиҳо тариқи тангаи Ҳурмуз, ки тақрибан як панҷуми нафти содиротии ҷаҳон аз он мегузарад, суръати болоравии қимати нафтро бештар кардааст. Тибқи иттилои ширкати тадқиқотии “Rystad Energy”, ҳамарӯза аз ин гулӯгоҳ ҳудуди 15 миллион бушка нафти хом ё 20 дарсад таъминоти ҷаҳонӣ убур мекунад.

Дар ин ҳол, Доналд Трамп болоравии нархи нафтро “муваққатӣ” ва “баҳои ночиз дар баробари аз байн бурдани таҳдидҳои ҳастаии Эрон” донистааст. Ӯ “афзоиши кӯтоҳмуддати қимати нафт”-ро “баҳои бисёр ночиз барои амният ва сулҳи Амрико ва тамоми ҷаҳон” хондааст.

Исмоил Бақоӣ, рӯзи 9-уми март дар нишасти хабарӣ, дар хусуси нигарониҳои баъзе кишварҳои изҳор доштааст, ки нигарониҳои кишварҳои Аврупо аз нигарониҳои Эрон дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил фарқ мекунад.

“Мо нигарони ҷони шаҳрвандонамон ҳастем. Мо ба унвони кишваре, ки мустақиман мавриди тааррӯзи низомӣ ва таҷовузи ваҳшиёнаи мутаҷовизин қарор гирифтааст, машғули дифоъ ҳастем. Баъзе кишварҳо нигарони боло рафтани қимати сухт, ё қимати тамомшудаи маҳсулот дар фурушгоҳҳояшон аст”.

 

Афзоиши кушташудаҳои Лубнон. Вазъ дар Ховари Миёна

Мақомоти Лубнон рӯзи 8-уми март гуфтаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар беш аз ним миллион нафар овора шудаанд. Вазорати беҳдошти Лубнон гуфтааст, ки аз 2-юми март ба ин тараф беш аз 400 тан кушта шудааст. Исроил рӯзи 9-уми март ба сокинони чанд минтақаи Лубнон ҳушдор додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд.

Исроил ҳам расман тасдиқ кард, ки ду сарбозаш дар даргириҳо бо “Ҳизбулоҳ” дар ҷануби Лубнон кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ин  аввалин сарбозони кушташудаи исроилӣ пас оғози дигарбораи ҷанги Исроил бо "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон аст.

Дар ҳамин ҳол, дар шабонарӯзи гузашта, ҳамлаҳо аз пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна ба Эрон ва ҳамин тариқ, дар посух ба он зарбаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа идома ёфтааст. Аз ҷумла, Вазорати дифоъи Арабистони Саудӣ  субҳи 9-уми март гуфтааст, як паҳподеро, ки дар ҳоли парвоз ба самти як майдони нафтӣ буд, сарнагун кардааст.

Ин кишвар рӯзи гузашта аз ҳамла ба “як минтақаи маскунӣ дар вилояти Ал-Харҷ” хабар дода, гуфта буд, ки дар пайи он 2 нафар кушта ва 12 тан маҷрӯҳ шудааст.  

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Дар Ироқ низ шаби гузашта аз ҳамлаҳои зиёде гузориш шудааст. Аз ҷумла, чанд паҳпод дар наздикии фурудгоҳи Бағдод раҳгирӣ кардааст. “Ассошиэйтед пресс” навиштааст, ки ин паҳпод ҳангоми наздик шудан ба пойгоҳи низомии Амрико, ки дар дохили ин фурудгоҳ аст, нобуд карда шудааст.

Баҳрайн 9-уми март эълон кардааст, ки дар пайи як ҳамлаи паҳподии Эрон ба пойтахти ин кишвар дастикам 32 нафар маҷрӯҳ шудааст.

Шаби гузашта Амрико ба кормандони худ дар Сафорати ин кишвар дар Арабистони Саудӣ дастур додааст, ки ин кишварро тарк кунанд.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи гузашта эълон кард, ки Эрон беш аз 1 ҳазору 400 паҳпод ба ин кишвар партоб шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати дифоъи Иморот аз ин миқдор паҳподҳо 80 ададаш аз системаи дифоъии ҳавои гузашта, ба замин хӯрдааст. Инчунин, ба гуфтаи онҳо 238 мушали балистикӣ партоб шуда, 2 мушак расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Иморот рӯзи 9-уми март аз захмӣ шудани ду нафар дар пайи афтодани боқимондаи паҳподҳо хабар дод.

Қатар 313 нафарро барои паҳн кардани "маълумоти бардурӯғ" боздошт кардааст. Вазорати корҳои дохилии Қатар гуфтааст, ки ин афрод барои "наворбардорӣ, паҳн ва нашри маълумоти бардурӯғ" боздошт шудаанд ва боздоштшудашо аз миллатҳои гуногунанд.

Дар ҳоле, ки ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳои низомӣ ва зерсозтҳои онҳо дар кишварҳои Халиҷи Форс идома дорад, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки тасмим дар мавриди замони поёни ҷанг бо Эрон “тасмими муштарак бо Бинямин Натаняҳу, сарвазири Исроил хоҳад буд”.

Ӯ дар суҳбати телефонӣ бо “The Times Of Israel” гуфтааст, ки бо Натаняҳу “суҳбатҳое” доштааст ва “дар замони муносиб тасмим хоҳад гирифт”.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

0

Шаби 8 ба 9-уми март Маҷлиси хубрагони Эрон, Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаиро роҳбари нав ва сеюми Ҷумҳурии Исломӣ интихоб ва муаррифӣ кард. Ӯ дар ин мақом падараш Алии Хоманаиро, ки ҳамроҳ бо ҳамсару чанде аз пайвандонаш дар оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, рӯзи 28-уми феврал кушта шуд, иваз кард.

Муҷтабо Хоманаӣ, писари 56-солаи Алии Хоманаӣ, ки то имрӯз аз ӯ мусоҳиба ё гуфтугӯи расмӣ нашр нашудааст, кист ва чӣ корнома дораду далели интихобаш чӣ буд? Бо такя ба маълумоти дарстрас дар бораи ӯ, кӯшиш кардем, ба ин суолҳо посух ҷӯем.

 

Аз таваллуд то таҳсил дар ҳавзаи динии Қум

Алии Хоманаӣ шаш фарзанд дорад: чор писар ва ду духтар. Муҷтабо фарзанди дуюми ӯ буда, 8-уми сентябри соли 1969 дар шаҳри Машҳад таваллуд шудааст.

Ӯ таҳсилоти миёнаро дар мактаби мазҳабии “Алавӣ” гирифт. Ба навиштаи расонаҳо, дар 17-солагиаш чанд маротиба дар ҷанги Эрону Ироқ ба таври кӯтоҳмуддат дар баъзе амалиётҳо низ ширкат кардааст.

 

Баъдан, барои идомаи таҳсили динӣ ба шаҳри Қум, ки яке аз муҳимтарин марказҳои омӯзиши улуми динӣ аст, рафт.

Муҷтабо то соли 1993 онҷо буд ва барои панҷ сол ба Теҳрон омада, таҳсилоти ҳавзавии худро онҷо идома дод ва соли 1999, замоне 30-сола буд, дубора ба шаҳри Қум баргашт, то таҳсилоти динии худро дар ҳавзаи илмии Қум идома диҳад.

Ӯ шогирди рӯҳониёни маъруфе чун Муҳаммадтақӣ Мисбоҳ Яздӣ, Маҳмуд Ҳошимӣ Шоҳрудӣ ва падараш, Алии Хоманаӣ будааст.

Муҷтабо Хоманаӣ беш аз 15 сол дар Қум ба таълими “дарси хориҷи фиқҳ ва усул” машғул буд, ки баландтарин сатҳи таҳсил дар ҳавзаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин марҳила одатан пешшарти расидан ба мақоми раҳбарӣ низ дониста мешавад.

 

Издивоҷи стратегӣ

Муҷтабо Хоманаӣ соли 1999 бо Заҳро, духтари Ғуломалӣ Ҳаддод Одил издивоҷ кард. Ин издивоҷро як пайванди сиёсӣ ва стратегӣ байни ниҳоди раҳбарӣ ва ҷиноҳи муҳофизакори фарҳангӣ-технократӣ медонанд.

Ҳаддод Одил баъдтар ба яке аз чеҳраҳои муҳими сиёсии муҳофизакор табдил ёфт ва соли 2004 раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ гардид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст

Ӯ аз Алӣ Хоманаӣ дар бораи номзадӣ ва маросими издивоҷи духтараш дар соли 1999 иқтибос меорад, ки дар он ӯ ба Ҳаддод Одил гуфтааст:

"Ман пул надорам, ки хона харам. Мо хонаеро иҷора гирифтем, ки дар он Мустафо (фарзанди аввал) дар як ошёна ва Муҷтабо дар ошёнаи дигар зиндагӣ мекунад… Муҷтабо низ як одами оддӣ нест. Ӯ мехоҳад ба Қум равад ва таҳсил кунад ва рӯҳонӣ шавад".

 

Нақши ӯ дар сиёсат

Номи Муҷтабо Хоманаӣ бори аввал дар сиёсат дар интихоботи президентии соли 2005 садо дод. Он вақт Меҳдии Каррубӣ, яке аз номзадҳо, дар номае ба Алии Хоманаӣ аз тақаллуб дар интихобот сухан гуфт ва ба нақши Муҷтабо дар ташкили раъйҳо ба нафъи Маҳмуди Аҳмадинажод ишора кард. 

Ӯ номаро бо ишора ба таъсир ва нақши Муҷтабо Хоманаӣ дар интихобот идома медиҳад ва менависад, ки "хабаре нашр шуд, ки писари мӯҳтарами шумо – ҷаноби Сайид Муҷтабо – яке аз номзадҳоро дастгирӣ кардааст ва ман пас аз он ки ин хабар зуд-зуд паҳн мешуд, нигарон шудам."

Каррубӣ дертар гуфт, вақте яке аз "бузургон" ба оятуллоҳ Хоманаӣ расонд, ки "оқозода аз фалон кас ҳимоят мекунад", Хоманаӣ посух додааст: "Эшон оқост, на оқозода".

Чор сол баъд, дар интихоботи баҳсбарангези соли 2009, дар ҷараёни эътирозҳо номи ӯ дар шиорҳои эътирозгарон боз садо дод. Эътирозгарон ӯро яке аз омилҳои дахолат дар интихобот ва саркӯби эътирозҳо медонистанд. Аз он вақт инҷониб, овозаҳо дар бораи вориси ӯ ва дахолаташ ба корҳои давлатӣ паҳн шудаанд. Ҳамчун чеҳрае, ки гуфта мешуд дар пушти пардаи таҳаввулоти сиёсӣ нақш дорад. 

 

Он чизе ки байни Муҷтабои 56-сола ва бародари бузургаш Мустафову бародарони хурдтараш Масъуд ва Майсам фарқ мегузорад, ба навиштаи расонаҳо, аз нақши маъмулии “фарзанди раҳбар” берун рафтани ӯ буд. Бародаронаш бештар дар ҳошияи корҳои фарҳангӣ ё маъмурии дафтари падарашон фаъол буданд, аммо номи Муҷтабо дар афкори умумӣ бо шабакаҳои пинҳонии қудрат ва ниҳодҳои ҳассоси амниятӣ пайваст шудааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ бо ҳалқаи наздикони падараш ва ҳамчунин бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ робитаи наздик дорад. Бархе аз таҳлилгарон бовар доранд, маҳз ин иртибот сарчашмаи нуфузи Муҷтабо Хоманаӣ дар сохтори қудрат аст, ки тайи солҳо ӯ ба яке аз ҳалқаҳои иртиботӣ миёни байти раҳбарӣ ва фармондеҳони аршади Сипоҳ табдил шудааст.

 

Фаъолияти мазҳабӣ ва тадрис

Дар ин солҳо, ба ҷуз аз масъалаҳои сиёсие, ки дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ матраҳ шуда буданд, расонаҳои наздик ба ҳукумат ва як қатор мақомоти сиёсӣ ӯро "Оятуллоҳ" номиданд ва гуфтанд, ки ӯ тавонист дар рутбаҳои илмӣ дар мадрасаҳо пеш равад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳеҷ гоҳ бо Амрико канор наёмад. Алӣ Хоманаӣ кӣ буд ва чӣ корномае аз худ боқӣ гузошт?

Ӯ ҳамзамон ба тадрис низ машғул буд ва дар аввал дар мадрасаи Оятуллоҳ Муҷтаҳидии Теҳрон баъзе дарсҳои ибтидоии ҳавзавиро таълим медод ва баъдтар тадриси ҳалқаҳоро идома дода, ба тадриси сатҳи олӣ дар яке аз мадрасаҳои Қум пардохт.

Соли 2008 дарси хориҷи фиқҳи хусусии ӯ дар дафтари Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Қум оғоз шуда, тадриҷан ба яке аз машҳуртарин дарсҳои хориҷии ҳавзаи Қум табдил ёфт.

Ӯ дар баробари фаъолияти илмӣ, ба таъсиси марказҳои илмӣ ва фиқҳӣ ва дастгирии муассисаҳои илмӣ низ машғул буда, ҳамчунин бо бисёре аз уламои ахлоқ ва ирфон робита доштааст.

Бояд гуфт, ки ҳамаи писарони Алии Хоманаӣ либоси рӯҳонӣ мепӯшанд ва таҳсилоти динӣ доранд ва дар бораи ҳаёти шахсии онҳо маълумоти кам мавҷуд аст. Расонаҳои Эрон мегӯянд, ки фарзандони Алии Хоманаӣ, аз ҷумла Муҷтабо (то интихоб гардидан ба ҳайи роҳбари олии ин кишвар) дар вазифаҳои давлатӣ кор намекунанд ва асосан ба "корҳои тадқиқотӣ дар соҳаи динӣ" машғуланд.

 

Тахминҳо дар бораи ҷонишинӣ

Дар солҳои охир бисёр таҳлилгарон Муҷтаборо яке аз номзадҳои асосии ҷонишинии падараш медонистанд. Гумонзаниҳо дар бораи эҳтимоли ҷонишинии ӯ солҳои зиёд матраҳ буд, махсусан вақте ки синну вазъи саломатии Алии Хоманаӣ мавзӯи баҳсҳои ҷамъиятӣ шуда буд.

 

Баъзе ҷонибдорони Алии Хоманаӣ бар ин буданд, ки барои идомаи сиёсати давраи Хоманаӣ, беҳтарин интихоб Муҷтабо аст. Дар муқобил, баъзе мухолифон аз меросӣ шудани ҳокимият изҳори нигаронӣ мекарданд.

Худи Алии Хоманаӣ  ҳамеша таъкид мекард, ки интихоби раҳбари нав бояд бо риояи усулҳои асосии Ҷумҳурии Исломӣ анҷом шавад.

ББС менависад, ки "ниҳоди раҳбарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дорои қудрати бузурги иқтисодӣ мебошад ва бисёре аз расонаҳо аз ниҳодҳои иқтисодии зери назари Валӣ фақеҳро бо унвони "импротурӣ" ёд мекунанд".

То имрӯз аз Муҷтабо Хоманаӣ мусоҳиба ё гуфтугӯи расмӣ нашр нашудааст ва маълум нест, ки дар масъалаҳои дохилу хориҷ, махсусан, нисбат ба Амрико ва Исроил, чӣ сиёсатиеро пеш мегирад.

Ягона суханронии нашршудаи ӯ ба 22-юми сентябри соли 2024 бармегардад, ки дар он гуфта буд:

“Ман муваққатан дарс доданро бидуни огоҳии падарам қатъ мекунам”.

Бо нашри ин хабар, баъзе таҳлилгарон ва фаъолони сиёсӣ қатъи тадрис аз сӯи ӯро ба масъалаи ҷонишинии Муҷтабо Хоманаӣ рабт доданд.

Акнун бисёриҳо интизор доранд, ки Муҷтабо Хоманаӣ сиёсати сахтгирон падарашро идома диҳад.

Баъзеҳо бовар доранд, ки марде, ки падар, модар ва ҳамсарашро аз ҳамлаҳои ИМА ва Исроил аз даст додааст, эҳтимолан таҳти фишори Ғарб гузашт намекунад.

Бо вуҷуди ин, назди ӯ вазифаи душвор қарор дорад: ҳифзи Ҷумҳурии Исломӣ ва бовар кунонидани мардум, ки маҳз ӯ қодир аст, ки кишварро аз бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодии берун барад.

 

Вокуниши Доналд Трамп

Дар ҳам ин ҳол, Доналд Трамп, президенти Амрико, қаблан дар вокуниш ба хабарҳои марбут ба интихоби Муҷтабо гуфта буд, ки “ҳар касе бихоҳад раҳбари нави Эрон шавад, дар ниҳоят кушта хоҳад шуд”.

Ӯ ҳамчунин дар мусоҳиба бо нашрияи “Axios” эҳтимоли ҳамкорӣ бо Муҷтабои 56-сола, писари раҳбари кушташудаи Эронро инкор ва таъкид карда буд, ки “онҳо вақти худро беҳуда сарф мекунанд. Писари Хоманаӣ шахси заиф аст”.

“Раҳбари ояндаи Ҷумҳурии Исломӣ бояд аз мо тасдиқ бигирад, агар нагирад, дер давом намекунад”, – гуфта буд ҳамчунин Трамп.

 

 

Шеваи интихобот чӣ гуна буд?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна

Тибқи хабарҳои расонаҳои Эрон, ҷаласаҳои интихоби раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ эҳтимолан ғайриҳузурӣ ё ба далели масъалаҳои амниятӣ, бо иштироки намояндагони онҳо баргузор шудааст.

Хабаргузории Форс, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, аз қавли манбаъҳои огоҳ хабар додааст, ки музокироти Маҷлиси Хубрагон “дар муҳити амн” баргузор шудааст.

Давраи чандрӯзаи номуайянӣ пас аз кушта шудани Алии Хоманаӣ ба поён расид ва Муҷтабо Хоманаӣ дар шароите, ки минтақа бо танишҳои шадид рӯбарӯст, инчунин, доихили худи Эрон ба як қатор мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ даргир аст, дар сари сохтори сиёсӣ ва мазҳабии Эрон қарор гирифт.

Муҷтабо Хоманаӣ то ҳол дар бораи интихоби худ ё сиёсатҳои эҳтимолиаш нисбат ба Амрико, Исроил ва масъалаҳои минтақавӣ изҳороти оммавӣ накардааст.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот

0

Закот яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом аст. Ҳар сол ҳазорон мусулмони тоҷик дар бораи он саволҳо доранд: Аз чӣ миқдор маблағ закот дода мешавад? Ба кӣ додан лозим? Аз тилло ва нуқра чӣ гуна ҳисоб мекунанд? Дар ин матлаб тибқи посухҳои расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон ба муҳимтарин саволҳо дар бораи закот ҷавоб медиҳем.

 

Закот чист ва чарофарз аст?

Закот чист?

– Закот калимаи арабӣ буда, маънояш покӣ, нумӯ, афзоиш ва баракат мебошад. Дар дини Ислом закор – пардохти ҳиссаи муайяни мол ё пул ба ашхоси ниёзманд аст. Ин яке аз панҷ рукни асосии дини мубин буда, пас аз шаҳодат, намоз ва рӯза яке аз муҳимтарин фарзҳои илоҳӣ ҳисобида шудааст.

 

Чаро закот фарз аст ва он ба киҳо дода мешавад?

Худованд дар ояти 60-уми сураи Тавба дар Қуръони карим додани закотро фарз гуфтааст. Дар ҳамон оят шахсони закотгиранда ҳам муайян шудаанд:

– Фақирон;

– Мискинон;

– Коргузорони ҷамъоварии он;

– Дилҷӯшудагон (барои ҷалби дилҳои ғайримуслимҳо ба Ислом);

– Барои озод кардани бардагон;

– Барои пардохти қарзи қарздорон;

– Дар роҳи Аллоҳ (барои корҳои хайр);

– Ва мусофирон (дар роҳ мондагон).

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон

Дар Қуръон ва ҳадис гуфта мешавад, ки закот боиси тозашавии мол, пайдоиши баракат ва ёрии ниёзмандон мегардад.

 

Кай закот доданҳатмӣ мешавад?

– Вақте ки миқдори пул ё мол ба ҳадди нисоб расид ва аз он як соли қамарӣ гузашт, пардохти закот фарз (ҳатмӣ) мегардад.

 

Нисоби закот дар соли 2026

Нисоби закот дар соли 2026 чӣ қадар аст?

– Тибқи қарори Шӯрои уламо, дар соли 2026 нисоби закот 64 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Агар шахс ин маблағ ё зиёдтар дошта бошад, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот диҳад. Нисоб бо нархи тилло ҳисоб мешавад.

 

Агар аз 64 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ дошта бошем, закоти он чӣ гуна ҳисоб мешавад?

– Агар маблағ аз нисоб зиёд бошад, ҳамаи онро ба 40 тақсим мекунанд – миқдори закот мебарояд. Масалан, агар 75 ҳазор сомонӣ дошта бошед: 75 000 ÷ 40 = 1 875 сомонӣ закот пардохт мешавад.

 

Аз тилло ва нуқра чӣ гуна закот дода мешавад?

– Нисоби тилло 85 гр ва нисоби нуқра 600 гр аст. Аз зеварҳои тиллоӣ 2,125 гр тилло ва аз зеварҳои нуқрагин 15 гр нуқра ё қимати онҳо пардохт карда мешавад. Агар миқдори тилло ё нуқра ба нисоб нарасад, закот воҷиб нест.

 

Оё аз молу амволи тиҷоратӣ ҳам закот дода мешавад?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
РАСМАН: Имсол моҳи Рамазон 19-уми феврал оғоз мешавад

– Бале. Нисоби закот аз тамоми моли тиҷорат ҳисоб мешавад ва дар ин сурат нархи фурӯши мол эътибор дорад. Масалан, молеро бо 3 ҳазор сомонӣ харидед ва бо 3,5-4 ҳазор сомонӣ мефурӯшед – нархи фурӯш 3,5-4 ҳазор сомонӣ асос мешавад. Яъне, асосан нархи фурӯши мол ба инобат гирифта мешавад.

 

Аз пули қарз додашуда закот дода мешавад?

Агар қарздор эътироф кунад, ки қарздор аст ва онро мепардозад, закот аз он воҷиб мешавад. Назди Имом Абӯҳанифа пас аз баргардонидани қарз адои закоти солҳои гузашта низ воҷиб мегардад. Аммо агар қарздор нодор бошад, мункири қарз бошад ё онро кашола диҳад, дар ин ҳолатҳо закот воҷиб намегардад.

 

Аз хонаи ба иҷора додашуда закот дода мешавад?

Аз фоидаи иҷора закот пардохта мешавад, ба шарте ки маблағи ба дастомада ба нисоб расад ва як сол аз он гузарад. Агар хона барои тиҷорат бошад, аз нархи худи хона закот дода мешавад.

 

Аз манзил ва мошин закот дода мешавад?

Хонае, ки барои зиндагӣ истифода мешавад ва мошине, ки мавриди истифодаи шахсӣ аст – аз инҳо закот воҷиб нест. Агар хона ё мошин барои тиҷорат бошад – закот воҷиб мешавад.

 

Оё аз пули закот роҳ сохтан мумкин аст?

– Бале, яке аз масрифҳои закот “дар роҳи Худо” аст. Бинобар ин, як қисми пули закотро дар сохтани роҳ сарф кардан ҷоиз аст.

 

Ба кӣ закот дода намешавад?

Ба кадом хешовандон закот додан мумкин нест?

Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) ба падару модар, падаркалон ва модаркалон, фарзандон ва набераҳо, ҳамсар — закот додан дуруст нест. Аммо ба хусуру хушдоман, агар фақир бошанд, закот додан ҷоиз аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон

 

Ба кӣ дигар закот дода намешавад?

Закот ба сарватмандон, ба идораҳои давлатӣ ё барои умури умумии сохтмон (берун аз “роҳи Худо”) дода намешавад. Закот танҳо ба 8 гурӯҳи дар боло зикршуда дода мешавад.

 

Аз моли майит закот дода мешавад?

Аз моли майит закот дода намешавад, зеро дар закот ният шарт аст ва майит аҳли ният нест. Аммо агар майит барои адои закот васият карда бошад, аз сеяки молаш закотро адо мекунанд. Агар ворисон ҳама болиғ бошанд, метавонанд бештар аз сеяк низ закот диҳанд.

 

Агар маблағ барои хариди хона ҷамъ карда бошам, закот медиҳам?

– Агар шахс барои харидани хона ё замин маблағе ҷамъ карда бошад, вале пас аз як соли соҳиби нисоб шудан на хона харида тавонист ва на замин, закоташро адо мекунад. Аммо агар пеш аз гузаштани сол онро сарф кунад, закот воҷиб намешавад.

 

Агар молам ба нисоб нарасида бошад, аммо касе бароям закот диҳад​​​​​​​- гирифтан ҷоиз аст?

Бале, агар дороии инсон ба нисоб (64 ҳазор сомонӣ) нарасида бошад, ӯ закот гирифта метавонад.

 

 Кай закот пардохта мешавад — дар аввали сол ё охири сол?

Вақте ки мол ба андозаи нисоб расид ва як соли қамарӣ аз он гузашт, адои закот воҷиб мегардад.

ЭЗОҲ: Ин мавод бо истифода аз посухҳои расмии сомонаи Шӯрои уламо таҳия ва бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.