Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи “ITB Berlin 2026” зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст

Дар доираи Намоишгоҳи байналмиалиии сайёҳии "ITB Berlin-2026", ки дар пойтахти Олмон баргузор шуд,  ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шарикони аврупоӣ зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо ширкатҳои аврупоӣ масоили густариши ҳамкориҳо, роҳандозии сафар ва сайру саёҳатҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши […]

Asia-Plus

Дар доираи Намоишгоҳи байналмиалиии сайёҳии "ITB Berlin-2026", ки дар пойтахти Олмон баргузор шуд,  ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шарикони аврупоӣ зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо ширкатҳои аврупоӣ масоили густариши ҳамкориҳо, роҳандозии сафар ва сайру саёҳатҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши сайёҳии кишварро мавриди баррасӣ додаанд.

 

Ба иттилои манбаъ, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон дар чаҳорчӯби ин намоишгоҳ бо Мирослав Рончак,  коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дидору гуфтушунид кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҷонибҳо доир ба ташкили форуми муштараки сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2027 ба мувофиқа расиданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


 

"Ҳадаф аз форум ҷалби сайёҳон аз Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ, инчунин роҳандозии барнома ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар минтақаҳои хушманазари Тоҷикистон унвон шуд", – мегӯяд Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дар кори намоишгоҳ имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, иншооти таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии экологӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии кишвар ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Намоишгоҳи "ITB Berlin" яке аз чорабиниҳои бузурги байнулмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, ҳамасола намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи сайёҳӣ ва сармоягузорон ба ин соҳа аз кишварҳои гуногунро гирдиҳам меорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз ҳамла ба Иморот то ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.