Home Blog Page 4

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

0

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди Фитр дар Тоҷикистон 20-юми март таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз Шӯрои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, ба чунин натиҷа расидаанд.

Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози иди Рамазон дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 7:30-и рӯзи 20-юми март хонда мешавад.

Дар ҷаласа аз имомхатибон талаб кардаанд, ки дар бораи расонидани ёрии моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардум мавъиза хонанд.

Инчунин, ба тамоми имомхатибон супориш шудааст, ки матни табрикотии Шӯрои уламоро ба самъи мардум расонанд.

Бояд гуфт, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 29 рӯз шуморида мешавад. Аз ҷумла, соли гузашта ҳам ин моҳ 29 рӯз шуда буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон 10-уми апрел иди Рамазон таҷлил мешавад

 

Хайру садақоти марбут ба Рамазон

Тибқи қарори Шӯрои уламо, дар соли 2026 маблағи фитри рӯза ва фидяи савм нисбат ба соли гузашта кам шудааст, аммо нисоби закот афзоиш ёфтааст.

Фитри рӯза: Имсол ҳар як кас бояд 7 сомонӣ фитри рӯза пардохт кунад, ки нисбат ба соли 2025 (8 сомонӣ) як сомонӣ кам шудааст. Бояд ин садақа давоми моҳи шарифи Рамазон то пеш аз намози иди Фитр пардохт шавад.

Нисоби закот: Агар шахс 64 ҳазор сомонӣ ё зиёдтар дошта бошад, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот диҳад. Дар соли гузашта ин нишондиҳанда 36 ҳазору 900 сомонӣ буд ва маблағи закот 880 сомонӣ ташкил медод. Имсол ҳам нисоб ва ҳам маблағи закот қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.

Муҳимтарин нукот дар бораи закотро дар ин матлаби мо хонед.

Фидяи савм: Барои онҳое, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза намегиранд, фидяи савм дар соли 2026 барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар карда шудааст. Соли 2025 ин рақам 480 сомонӣ (16 сомонӣ барои як рӯз) буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот

 

Шӯрои уламо мегӯяд, ки ба ниёзмандон садақа диҳед

Дар матни таҳниятии Шӯрои уламо, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, гуфта мешавад, ки вақте асҳоби Пайғамбар (с) дар рӯзи ид ба дидори ҳам мерасиданд, ба якдигар мегуфтанд: “Тақаббалаллоҳу минно ва минкум”, яъне Худованд аз мову шумо қабул фармояд.

Яке аз суннатҳои рӯзи ид, чуноне Шӯрои уламо мегӯяд, ба таъхир андохтани намози ид мебошад, то ин ки қабл аз намоз садақаи фитр ба дасти фақирону ниёзмандон расида, ба хонаводаи онҳо ёриву дастгирӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи иди Рамазон сокинон дастархон меороянд ва ба хонаҳои якдигар барои табрик мераванд. Вале соли 2024 идгардаки кӯдакон дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон расман манъ карда шуда,  кӯдакон ҳақ доранд бо волидон ва шахсони калонсол ба идгардак раванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.​​​​​​​​​​​​​​

“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?

0

Қаллобии молиявӣ ба мушкили мубрами рӯз табдил ёфтааст, ки ҳар рӯз чандин нафар аз он шикоят мекунанд. Сокинон аз тасарруфи пулҳояшон хабар медиҳанд, мақомот эътироф мекунанд, ки ин навъи ҷиноят афзудааст. Кошиносон ва мутахассисон роҳҳои ҳифзи худ ва пули худро гуфтанд.

 

Эътирофи вазир

Соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 78 дарсади он қаллобӣ будааст. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ зимни нишасти хабар иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, қаллобӣ нисбат ба соли 2024 афзоиш ёфта, яке аз намудҳо муъмули он қаллобии молиявӣ аст, ки аз суратҳисобу ҳамёнҳои мобилии сокинон пул дуздида мешавад.

Раҳимзода гуфт, қаллобон одатан тавассути тамоси телефонӣ аз шаҳрвандон рамзҳои кортро мепурсанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи онҳо тасарруфи маблағ аз суратҳисоби корти бонкӣ аст.

“Қаллобон барои ҷалби шаҳрвандон ба беҳтар намудани сифати интернет ва истифодаи шабакаи 5G ба онҳо паёмакҳо мефиристанд ва бо баҳонаи фаъолсозии хидматрасонӣ рамз талаб мекунанд. Ба чунин паёмакҳо бовар кардан мумкин нест, зеро онҳо барои тасарруфи маблағ сохта шудаанд”, – баён дошт вазир.

 

Шаҳрвандон чӣ гуна ба доми қаллобон меафтанд?

Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон аз тасарруфи пулашон тариқи кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ шикоят мекунанд.

Диловар Суфиев, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, як нафар ба ӯ занг зада, худро корманди бонк муаррифӣ кард ва гуфт, ки дар корташ амалиёти шубҳанок дида шудааст ва бояд онро бонк муҳофизат кунад. Барои бекор кардани амалиёт рамз талаб кардааст.

“Фикр кардам воқеан ҳам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам. Пас аз чанд сония ба телефонам паём омад, ки аз кортам пул гирифта шудааст. Ҳамин вақт пай бурдам, ки ба доми қаллобон афтодам. Вақте дубора занг задам, он рақам хомӯш буд”, – гуфт Диловар.

Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик низ дар саҳифаи фейсбукаш аз дуздии пули корти бонкиаш хабар дода, гуфтааст, ки қаллобон худро аз ширкати Тселл муаррифӣ карда, гуфтаанд, ки онҳо ба барномаи 5G гузаштаанд ва бояд ин барномаро дар телефонаш насб кунад.

“Мо қариб ду соат сарф карда, ҳамаи замимаҳоро аз нав дида баромадем. Баъд телефон якбора парид. Аз соати ду дирӯз то 10 онро барқарор карда натавонистам. Ҳозир як шогирди ҳунарманд онро комилан барқарор кард, вале аз кортам пулро рабудаанд”, – навишт ӯ.

 

Давлатова навишт, ки ба “Алиф-бонк” дархост гузошт, ки ба мушкилаш расидагӣ шавад, аммо посухи ин бонк ин будааст, ки “дар ин маврид кореро анҷом дода наметавонад ва ҳоло масъул низ нест”. Дертар ӯ хабар дод, ки ба Раёсти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ муроҷиат кардааст вҷа онҳо “масъаларо зери назорат гирифтаанд”.

Аммо дар ҳарду ҳолат ҳам натиҷаи муроҷиат ба мақомоти тафтишотӣ номаълум аст.

 

Ҳушдори мақомот

Бояд гуфт, мақомоти кишвар, аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва мақомоти тафтишотиву назоратӣ борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки ба доми фиреби қаллобон наафтанд, вале бо вуҷуди ин шаҳрвандон ба фиреби қаллобон дода мешаванд.

Ин ниҳодҳои давлатӣ борҳо ба шаҳрвандон гуфтаанд, ки ба зангҳо ва паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳанд, истинодҳои шубҳанок, аз ҷумла дар Telegram ва дигар паёмрасонҳоро боз накунанд, барномаҳои номаълумро насб накунанд ва телефонашонро ба бегонагон надиҳанд.

“Агар ба шумо аз рақамҳои номаълум занг зада, чунин маълумот талаб кунанд, суҳбатро фавран қатъ кунед. Дар ҳамон ҳолат ба рақами расмии ширкати мобилӣ ё бонки худ мустақиман занг занед ва маълумотро санҷед”, – ҳушдор додааст Хадамоти алоқа.

 

Омилҳо ва тарзи ҳифзи амнияти молиявӣ

Ба гуфтаи мутахассисон, на ҳама корбарон тарзи дурусти истифодаи барномаҳои бонкӣ ва қоидаҳои амнияти рақамиро медонанд ва ин боис мешавад, ки ҳар нафаре худро корманди бонк муаррифӣ кунад, бечунучаро бо он бовар кунанд.

Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои навин мегӯяд, пеш аз ҳама муҳим аст, ки ҳар як шахс маълумоти техникии худро ҳифз карда тавонад. Ба гуфтаи ӯ, барои ин метавон аз барномаҳои махсус, мисли верификаторҳо, менеҷерҳои гузарвожа ва барномаҳои рамзгузорӣ истифода бурд, чун ин барномаҳо метавонанд гузарвожа ва дигар маълумоти муҳимро дар ҷои махфӣ нигоҳ доранд.

“Мутаассифона, баъзе нафарон рақами корти бонкӣ ва гузарвожаи худро дар Телеграм ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ нигоҳ медоранд, ки ин хеле хатарнок аст. Агар ҳисоби онҳо шикаста шавад, қаллобон метавонанд ба тамоми маълумоти шахсӣ ва молиявии онҳо дастрасӣ пайдо намоянд”, – зикр кард ин коршинос.

Гулов мегӯяд, агар касе ҳам худро корманди бонк гӯяд, ба ӯ маълумотибонкиро додан дуруст нест, зеро кормандони бонк одатан чунин маълумотро талаб намекунанд.

 

Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳолати дучор шудан ба қаллобии интернетӣ шаҳрвандон бояд якчанд чораҳои аввалиндараҷаро риоя намоянд:

– фавран бо бонк тамос гиранд, корт ё ҳамёни электрониро муваққатан блок кунанд.

– гузарвожаҳои дастрасӣ ба барномаҳои бонкӣ ва почтаи электрониро иваз кунанд.

– ҳамаи далелҳоро аз ҷумла, намогирифтҳо, паёмҳо, рақамҳои телефон ё сомонаҳое, ки аз ҷониби қаллобон истифода шудаанд, нигоҳ доранд.

– ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд, зеро чунин амалҳо тибқи қонун ҷинояти қаллобӣ ҳисобида мешаванд.

 

Дропҳо – василаи нави қаллобӣ

Мутахассисон мегӯянд, қаллобон бештар аз хориҷи кишвар пули шаҳрвандони Тоҷикистонро ғорат мекунанд, аммо баъзан дар Тоҷикистон ҳам шарик доранд.

 

“Бештари қаллобон берун аз Тоҷикистон қарор доранд ва онҳо шахсонеро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, фиреб дода, ҳатто ҳамдасти корҳои худ мекунанд. Қаллобон метавонанд онҳое, ки ба домашон афтода, маълумоти корташонро гирифтаанд, истифода баранд”,- мегӯяд Гуланор Атобек, роҳбари “Алиф-бонк”.

Ӯ таъкид мекунад, ки шарикони ҷинояти қаллобиро дроп мегӯянд, ки ба як мушкили аслӣ табдил ёфтааст.

“Тибқи қонунгузории Тоҷикистон оне дроп аст ва ҳамён, корт ё суратҳисобашро фурӯхтааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, яъне ӯ ҳамдасти қаллоб ҳисобида мешавад”, – афзуд Гуланор Атобек.

Дар баъзе ҳолат шарикони ҷиноят аз ҷиноят бехабар мемонанд, аммо ин онҳоро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

 

Уҳдадориҳои бонкҳо ва шаҳрвандон

Коршиносон бар онанд, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба ҳолатҳои қаллобии молиявӣ бонкҳо ва шаҳрвандон дар назди ҳам масъулият ва уҳдадориҳои мушаххас доранд.

Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки барои ҳифзи амнияти молиявӣ аз қаллобон тибқи моддаи 48 Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” бонкҳо уҳдадоранд, сирри бонкӣ ва маълумоти муштариёнро ҳифз ва махфияти маълумоти бонкӣ ва шахсии муштариёнро таъмин кунанд.

Аз ҷумла, аз низомҳои муосири амнияти рақамӣ (рамзгузорӣ, аутентификатсия, мониторинги амалиётҳо) истифода ва дар ҳолати ошкор шудани амалиёти шубҳанок муштариро фавран огоҳ намоянд. Ҳамзамон барои пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумоти молиявӣ ва шахсии мизоҷ чораҳои техникӣ ва ҳуқуқӣ андешанд.

 

Ӯ мефзояд, ки дар сурати расидани зарар, шаҳрванд метавонад тибқи моддаи 14 Кодекси мадании Тоҷикистон ҷуброн талаб кунад ва мутобиқи моддаи 19 Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ ба додгоҳ муроҷиат кунад.

“Ҳифзи амнияти молиявӣ ва шахсӣ танҳо бар дӯши бонкҳо набуда, ҳамзамон уҳдадории шаҳрвандон низ ҳаст. Онҳо уҳдадоранд маълумоти шахсӣ, рақами корт, смс-код, SVV-код ва воситаҳои воридшавӣ ба маълумотҳои бонкиро ба шахсони бегона ифшо накунанд”, – гуфт Қурбоншоев.

 

Чӣ гуна мубориза бояд бурд?

Коршиносон таъкид мекунад, ки яке аз воситаҳои муҳими мубориза бо қаллобон рушди тафаккури интиқодӣ аст.

“Масалан, агар шахси шинос ба шумо нависад ва чизе хоҳиш кунад, ки пештар чунин корро накарда буд ё ин кор ба рафтори ӯ хос нест, бояд аз эҳтиёт кор гирифт, ки ин воқеан ҳам ҳамон шахс аст ё не?. Ё ҳар нафаре, аз шумо иҷрои ягон амалро талаб кунад ё фоидаи калони молиявӣ ваъда диҳад, беҳтар аст аввал онро зери шубҳа қарор диҳед ва санҷед”,-гуфт Рустам Гулов.

Ба таъкиди Гулов, тафаккури интиқодӣ пеш аз ҳама воситаи ҳимояи шахс аз фиреб ва қаллобӣ аст. Агар инсон онро рушд диҳад, метавонад худро аз чунин хатарҳо муҳофизат кунад.

Мақомоти масъули давлатӣ ҳам ба ин нукта ишора мекунанд, ки бояд эҳтиёткор буд, маълумоти бонкӣ ва шахсии худро бояд ҳифз кард, ба касе набояд дод ва дар ҳолати зарурӣ, дарҳол ба мақомот  бояд муроҷиат кард.

Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки сарфи назар аз ҳушдори мақомот, боз нафарони зиёд қурбони қаллобон мешавад ва зарарӣ молиявӣ мебинанд.

Бо назардошти ин, ҳам коршиносон ва ҳам мақомот ба нақши ҳар як сокин дар мубориза бо қаллобӣ таъкид мекунанд ва онро муҳим медонанд. Ва огоҳ мекунанд, ки ҳар маълумоте, ки аз шахсони номаълум ё ҳатто нафарони шинос меояд, бояд бо истифода аз тафаккури интиқодӣ санҷида шавад.

Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст

0

Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд соли гузашта 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ гусел кардааст. Онҳо ҳамасола 1-уми октябр ба рухсатӣ гусел карда шуда, 1-уми апрели соли оянда  дубора ба кор мебароянд.

Дар ин бора Аъзамҷон Ҷӯраев, сардори бахши обёрии ин ниҳод рӯзи 16-уми март ба “Азия-плюс” хабар дода, гуфт, ки “сабаби асосии ба рухсатӣ гусел кардани кормандон, корҳои мавсимӣ аст”.

Номбурда ҳамчунин, гуфт, соли гузашта 200 корманди ин идора аз кор рафта, ҳамзамон 500 каси дигар ба кор қабул шуданд. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи вай, ҳоло ин идора ба 190 корманд эҳтиёҷ дорад.

“Сабаби асосии аз кор рафтани кормандон сари вақт пардохт нашудани маош мебошад”, – гуфт Аъзамҷон Ҷӯраев

Ин Раёсат (бо шумули шаҳру навоҳиҳо) дар маҷмуъ, 2949 коргар дорад, ки 1995 нафараш кори доимӣ доранд ва ба рухсатии бемузд гусел карда намешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аъзамҷон Ҷӯраев

“Ҳоло дар ин раёсат 512 нафақахур шартномавӣ кор мекунанд. Бештар нафақахӯрон ба рухсатии бемузд гусел карда мешаванд”, – гуфт номбурда.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сардори Раёсати беҳдошти замини Суғд дар доираи қазияи азхудкунии беш аз 4 млн сомонӣ 137 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Дар нишасти матбуотии тобистони соли гузашта оид ба натиҷагирии фаъолияти шашмоҳаи ин ниҳод, Ҳолимҷон Ҳоҷиев, муовини Раёсат гуфта буд, ки “дар шаш моҳи соли 2025-ум 300 корманди  Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд тарки  кор карда, ҳоло бо 500 корманди ниёз доранд.

Он замон Ҳоҷиев гуфта буд, ки 4 моҳи охир кормандон маоши худро нагирифтаанд. Ӯ сабаби сари вақт пардохт нашудани маоши кормандоро ба роҳандозии низоми биллингӣ дар пардохти пули об рабт дода буд.

Мушкилоти кадрию тарки кор кардани кормандон бо сабаби напардохтани маош дар ҳолест, ки Аминҷон Абдуллозода, собиқ сардори  Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд аз сӯйи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ба азхудкунии беш аз 4 миллиону 386 ҳазор сомонии будҷа муттаҳам ва бо қарори додгоҳи Хуҷанд ҳудуди  137 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, аз ишғоли мансаб ба муддати ду сол маҳрум гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилу ҳаштуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?

0

Рӯзи 14-уми март дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯш (ярмарка)-и маҳсулоти ниёзи аввал оғоз шуд. Ин маърака дар арафаи таҷлили иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз ташкил шуда, то 20-уми март идома мекунад. 

Хабарнигори “Азия-Плюс” аз намош ва фурӯш, ки дар таваққуфгоҳи бозори “Меҳргон” ташкил шуд боздид ва маълум кард, ки дар инҷо нархҳо то чӣ андоза аз нархи бозорҳо фарқ мекунанд ва сифати маҳсулот чӣ гуна аст.

Аз субҳи барвақт аллакай сокинони пойтахт барои харидани гӯшт дар намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар навбат буданд. Дар ин ҷо 1 кг гӯшти гов – 65 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 75 сомонӣ аст.

Бештар дар гузориши мо тамошо кунед.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1991 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ раъйпурсии умумииттифоқӣ баргузор шуд, ки дар он се чоряки овоздиҳандагон ҷонибдори ҳифзи СССР буданд. Ҳамон сол Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт.

Соли 2003 – Дар Форуми ҷаҳонии об дар Киото (Ҷопон), Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки аз соли 2005 “Даҳсолаи байналмилалии оби тоза” эълон гардад. Дар моҳи декабр, Созмони Милали Муттаҳид ин ташаббуси Тоҷикистонро расман дастгирӣ намуд.

Соли 2009 – Дар Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 2010 – Бар асари фаромадани тарма дар километри 73-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 8 нафар ҷон бохтанд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Соли 2016 – Дар шаҳри Абудаби бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ифтитоҳ гардид.

Соли 2020 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон (даъвати шашум) ҷаласаи нахустинашро баргузор кард. Раиси нави палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода – собиқ муовини сарвазири ҷумҳурӣ интихоб гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1934 – Зодрӯзи Мусофиршо Маликов, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Мусофиршо Маликов, ки солҳо дар Театри Хоруғ ҳунарнамоӣ кардааст, хатмкардаи Институти театри бадеии ба номи А. Островскийи Тошканд буда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи Хоруғ ба сифати ҳунарпеша фаъолиятро шурӯъ намуд ва беш аз се даҳсола дар ин саҳна ҳунар озмуд.

Ӯ, махсусан, дар иҷрои нақшҳои драмавӣ маҳорати хоса дошт ва нақшҳои ӯ дар ин жанр муассиранд. Нақшҳои ӯ дар намоишномаҳои “Найрангҳои Майсара”, “Нисо”, “Соати бурҷи Кремл”, “Барқия ба В. И. Ленин”, “Ситораи умед”, “Қишлоқи тиллоӣ”, “Нидои суханвар”, “Ҷойи сердаромад” намунаҳои беҳтарини ҳунарнамоиаш мебошанд.

Баъдан ҳамчун коргардон намоишномаҳои “Дуртар аз сарҳад”, “Муҳаббат ва адоват”, “Зафар”, “Эй ҷавонӣ, ҷавонӣ”-ро таҳия намудааст.

Ӯ ҳамчунин маҳорати хуби навозандагӣ дошт ва “Рубоби ман”, “Ленинободам”, “Москваи ман” барин сурудҳоро эҷод кардааст.

Соли 1960 – Мавлуди Ғуломқодир Бобизода, кимиёдон, профессор ва дорушиноси тоҷик.

Соли 1960 – Зодрӯзи Ҳаким Тошхӯҷаев, физикдон ва риёзидони тоҷик.

Соли 1972 – Мавлуди Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дилбар Одилзода

Дилбар Одилзода, ки чор сол инҷониб муовини раиси шаҳри Душанбе буда, ҳамзамон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ аст, фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгор ва мураббӣ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои роҳбарикунанда барои худ роҳ кушодааст.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб буда, аз соли 1994 то соли 2004 дар макотиби Кӯлоб омӯзгору директор будааст. Сипас ба Душанбе омада, аввал ҳамчун мураббӣ дар кӯдакистон, як муддат мудири кӯдакистон кор кардааст. Аз соли 2010 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба кор шуруъ карда, сипас муддате дар Раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва илми кишвар ва солҳои 2011-2017 ҳамчун мудири шуъбаҳои маорифи Шоҳмансуру Синои пойтахт фаъолият доштааст. Сипас як муддат дар Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорат кор кард ва солҳои 2018-2020 директори "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб" буд.

Аз соли 2020 фаъолияти ӯ дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба ҳайси муовини раиси шаҳри Кӯлоб оғоз шуда, сипас муддати кутоҳе директори Коллежи омӯзгории шаҳри Турсунзода буд.

Соли 2022 муовини раиси шаҳри Душанбе интихоб шуда, то ҳол дар ин мансаб ифои вазифа мекунад. 

Соли 2010 – Муҳаммадшариф Ҳимматзода, сиёсатмадор, яке аз муассисон ва нахустин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистн мамнуъ аст) дар синни 59-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 2017 – Атахон Сайфуллоев, адабиётшиноси маъруф ва профессори шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Атахон Сайфуллоев

Атахон Сайфуллоев солҳо ҳамчун сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, ходими пешбар ва сарходими илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, директори Донишкадаи марказии такмили маҳорати муаллимони Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муовини раиси Шӯрои мазкур, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии "Паёми Суғд" будааст.

Сайфуллоев муаллифи беш аз 1000 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла тадқиқотҳои таърихӣ-адабӣ доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Т.Асирӣ, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Карим, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, А.Шукуҳӣ, Ф.Мухаммадиев, П.Толис ва дигарон, ҳамчунин проблемаи таъсири мутақобилаи адабиётҳои миллиро ба тадқиқ гирифтааст.

Яке аз муаллифони асари шашҷилдаи "Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик" ва "Таърихи адабиёти сермиллати шӯравӣ", муаллифи повест ва очеркҳои бадеӣ ва тарҷумони як қатор осори ҷаҳонӣ аст.

Атахон Сайфуллоев моҳи марти соли 2017 аз олам даргузашт.

Соли 2024 – Умар Зиёев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Умар Зиёев

Умар Зиёев Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ соли 1974 ба дастаи эстрадии “Гулшан” даъват гардид ва беш аз ду даҳсола дар пешбурди эстрадаи тоҷик саҳм гирифт. Мавсуф аз сарояндаҳои хушноми 50 соли охир буда, солҳо раҳбарии дастаҳои ҳунарии “Гулшан” ва “Сипар”-ро ба дӯш дошт.

Ин овозхон солҳои 1980-ум бо сурудаҳои “Сад раҳ дар интизорат”, “Зулфи парешон” ва “Замини маҳбуб ва зодгоҳ” шӯҳрат ёфта, солҳои 2000-ум ба хондани сурудҳои ватанпарварона пардохт.

Дар охирин мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” гуфта буд, бо сари баланд масъулияти ба дӯш доштаро ба поён расонид.

Овозхон 18-уми марти соли 2024 дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ дар охири умр ният дошт, ки таърихи дастаи ҳунарии "Гулшан"-ро нависад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

17 марти соли 1845 соҳибкор ва ихтироъкори англис Стивен Перри бинти эластикиро патент кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Перри мушоҳида кард, ки коргарони плантатсияҳои каучук дар охири рӯзи корӣ дастонашонро бо тасмаҳои каучук мепечонданд, ки ин ба онҳо имкони истироҳат медод. Ин мушоҳида ӯро ба ихтирои бинти махсуси эластикӣ илҳом бахшид.

17 марти соли 1816 қайиқи буғии “Элиза” аз бандари хурди Нюҳейвени Англия (80 км ҷанубтар аз Лондон) ба бандари Гаври Фаронса расид ва ба ин васила, аввалин киштии буғӣ шуд, ки гулӯгоҳи Ла-Маншро убур кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи ин он буд, ки киштиҳои нав бо муҳаррики буғӣ на танҳо барои ҳаракат дар дарёҳо, балки барои уқёнусҳо низ муносибанд.

17 марти соли 1941 дар Вашингтон Галереяи миллии санъат ифтитоҳ гардид.

Ин галереяро соли 1937 бонкдор, саноаткор ва хайрхоҳи амрикоӣ Эндрю Уилям Меллон таъсис дода буд. Асоси коллексияҳои галереяро маҷмӯаҳои хусусии асарҳои гаронарзиш ташкил медиҳанд, ки давраҳои гуногунро фаро мегиранд – аз Проторенессанси асри XIII-и Италия то импрессионизми Фаронса ва модернизми аврупоӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Галереяи миллии санъати Вашингтон ё Галереяи миллии тасвирӣ яке аз бойтарин ва ҳамзамон ҷавонтарин осорхонаҳои санъат дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

17 марти соли 1989 дар шаҳри Гизаи Миср, наздикии пирамидаи Хеопс, дар умқи ду метр мумияи зани ҷавони ашрофзода пайдо шуд, ки тахмин меравад дар давраи сулолаи сеюми фиръавнҳо (тақрибан соли 2600 пеш аз милод) зиндагӣ мекард. Барои муддате гумон мерафт, ки ин яке аз аввалин таҷрибаҳои мумиёсозии инсон буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф, дар шарқи вилоят дар баъзе минтақаҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 2+4º гарм, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард.    

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 6+8º гарм. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 6+8º гарм.  

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 17 ба 18-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”

0

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазъи ҷанги Амрикову Исроил зидди Ҷумҳурии исломиро тавзеҳ дод ва гуфт, ки Теҳрон дар шароити кунунӣ тамоми диққати худро ба дифоъ аз кишвар равона кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Амрико ва Исроил мехостанд, ки дар зарфи 48 соат низоми Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва ҳузури мардум дар саҳна ин нақшаро вайрон кард.

Ба қавли ӯ, дар ин ҷанг беш аз 1 ҳазору 200 ғайринизомӣ ҷон бохтанд, вале “душман ба ҳеҷ як аз ҳадафҳои худ нарасид”.

Дар бораи вазъ дар Эрон муфассал аз забони сафири ин кишвар дар Тоҷикистон огоҳ шавед:

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Алиризо Ҳақиқиён аввалин бор ба “Азия-Плюс” мусоҳиба дода, перомуни шароити кунунии кишвараш ва ояндаи ин ҷанг гуфтугӯ карда буд, ки дар ин пайванд метавонед бубинед ва бихонед.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи “Оскар-2026” гирифтанд ва чӣ паём доштанд?

0

Дирӯз, 15-уми март, дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико дар 97-умин маросими ҷоизасупории Академияи синамогарони Амрико – “Оскар” барои беҳтарин филмҳо дар бахшҳои гуногун ҷоизаҳо тақдим шуданд.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳо баъзе паёмҳои ҳунармандони маъруф низ дар робита ба вазъи имрӯзи ҷаҳон, ҷангталабиҳои Трампу Натаняҳу, озодӣ ба Фаластин, хатми ҷанг дар Эрон ва таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия низ садо дод. Филмҳое, ки ҷоиза гирифтанд, чӣ паём доштанд ва ҳунармандони шинохта дар суханронии худ кадом нуктаҳоро таъкид карданд?

 

Кадом филмҳо “Оскар” гирифтанд?

Филми “Як набард пас аз дигаре” (“One Battle After Another”) дар соли 2026 беҳтарин филм эътироф шуда, бо 6 ҷоизаи “Оскар-2026” қадрдонӣ шуд. Ин филм бо коргардонии Пол Томас Андерсон таҳия шудааст. Худи коргардон низ ду ҷоизаи “Оскар” – “Беҳтарин коргардон” ва “Муаллифи беҳтарин филмномаи мутобиқшуда”-ро соҳиб шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Шон Пен, ҳунарпешаи филми мазкур ҷоизаи “Беҳтарин нақши мукаммали мардона”-ро соҳиб шуд. Ҷоизаи “Беҳтарин танзим” низ насиби филми “Набард пас аз набарде” шуд. Танзимгари ин филм Энди Юргенсен аст. Ҳамчунин, филм дар бахши ҷадиди ин ҷоиза – “Беҳтарин кастинг”, ки имсол нав ҷорӣ шудааст, пирӯз шуд.

Ҳамин тавр, филми “Як набард пас аз дигаре” 6 ҷоиза – “Беҳтарин филм”, “Беҳтарин коргардон”, “Муаллифи беҳтарин филмномаи мутобиқшуда”, “Беҳтарин нақши мукаммали мардона”, “Беҳтарин танзим” ва “Беҳтарин кастинг” соҳиби ҷоиза шуд.

Дар кадом бахш кадом филм соҳиби ҷоизаи “Оскар” гардид, дар баргаҳои мо бубинед:

 

ГАЛЛЕРЕЯ (12)












 

“Оскар”-и деринтизори Пол Томас Андерсон

Пол Томас Андерсон, коргардони филми “Як набард пас аз дигаре” то кунун 14 маротиба номзадии худро барои ҷоизаи асосии “Оскар” гузошта буд, аммо давоми ин муддат ӯ боре пирӯз нашуд. Гарчанде филмҳои пешниҳодкардаи ӯ, чун “Шабҳои пурбазм”, (Boogie Nights), “Магнолия” (Magnolia) ва “Хун хоҳад рехт” (There Will Be Blood) аз ҷониби мунаққидони синамо баҳои сазовор гирифта, соҳиби бисёр ҷоизаҳои байналмилалӣ шудаанд.

Филми “Як набард пас аз дигаре”, ки имсол соҳиби ҷоизаи асосии “Оскар” шуд, дар бораи бархӯрди андешаҳо миёни як фаъоли чапгарои тундрав ва бомбгузор ва як полковники нажодпараст қисса мекунад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аз дасти рост: Пол Томас Андерсон

Мунаққидон ин филмро бо филми дигари маъруфи Андерсон “Хун хоҳад рехт” (There Will Be Blood) муқоиса мекунанд, ки замоне он низ барои “Оскар” пешниҳод шуда буд, аммо “Оскар” нагирифт.

 

“Ҷаноби Ҳеҷ кас бар зидди Путин”

Ҷоиза дар бахши “Беҳтарин филми мустанади комил” насиби филми “Ҷаноби "Ҳеҷ кас" бар зидди Путин”-и Павел Таланкин ва Девид Боренштейн шуд.

Коргардони филм, Девид Боренштейн зимни суханронии худ дар маросими ҷоизасупорӣ дар бораи Русия ва масъулияти ҷамъият дар таблиғот ва ҳамдастӣ дар ҷиноятҳо чунин гуфтааст:

“Филми “Ҷаноби "Ҳеҷ кас" бар зидди Путин” дар бораи он аст, ки чӣ гуна метавон як кишварро аз даст дод. Вақте мо бо ин наворҳо кор мекардем, дидем, ки кишварро метавон тавассути садҳо амалҳои хурди ҳамдастӣ тадриҷан аз даст дод”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Павел Таланкин

Павел Таланкин, коргардони дигари ин филм бошад, чунин гуфтааст:

“Чор сол боз мо ба осмони пур аз ситора менигарем ва муҳимтарин орзуро аз дил мегузаронем. Аммо кишварҳое ҳастанд, ки ба ҷои ситораҳои афтанда аз осмон бомбҳо меафтанду бесарнишинҳо парвоз мекунанд. Ба хотири ояндаи мо ва ҳамаи кӯдакони мо, биёед ҳамаи ҷангҳоро ҳоло қатъ кунем”.

 

“Фаластини озод”

Ба навиштаи расонаҳо, дар 98-умин маросими супоридани ҷоизаҳои “Оскар” ҳунарманди испанӣ Хавйер Бардем барои эълони ҷоизаи беҳтарин филми хориҷӣ ба саҳна баромад ва шиори “Озодӣ ба Фаластин" дар суханронии ӯ садо дод, ки гуфта мешавад, “ба яке аз лаҳзаҳои муҳимтарини маросим табдил ёфт”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хавйер Бардем

Бардем бо нишонаҳои сари синаи худ – “На ба ҷанг”, ки онҳоро 23 сол қабл дар маросими “Оскар”-и соли 2003 ба бар карда будааст, ҳамчунин нишонаи “Ҳанзала” – рамзи Фаластин ба саҳна баромада, паём додааст: “На ба ҷанг, озодӣ ба Фаластин”.

Суханони ин ҳунарманди машҳур дар толор бо кафкӯбиҳои пуршӯр истиқбол шуд. Ин амали ӯ эътироз нисбати ҳамлаҳои Исроил тафсир меёбад.

Ҳамчунин, ӯ дар қолини сурх ба суоли рӯзноманигорон дар робита ба нишонаи сарисинагии худ гуфтааст:

“Ин нишонаест, ки ҳангоми ҷанги Ироқ дар соли 2003 низ доштам. Он ҷанг ғайриқонунӣ буд. Ҳоло, пас аз 23 сол, мо боз бо як ҷанги ғайриқонунии дигар рӯ ба рӯ ҳастем, ки аз дурӯғҳои нави Доналд Трамп ва Натаняҳу зуҳур кардааст”.

Ҳамчунин ҳунарпешагон Саҷа Килонӣ ва Амир Ҳлеҳел, ки чунин нишонаи сарисинагӣ доштанд, дар робита ба ин мавзуъ изҳори андеша кардаанд. Аз ҷумла, Килонӣ гуфтааст: "Ҳоло ҳеҷ гуна оташбас вуҷуд надорад, бомбборон идома дорад. Харобӣ ва кӯчи одамон дар ҳама ҷо дида мешавад: дар Фаластин, Лубнон, Эрон, Венесуэла. Мо талаб мекунем, ки оташбаси доимӣ ҷорӣ шавад".

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?

Ёдрас мешавем, соли гузашта ҷоизаи асосии “Оскар” ба филми “Анора”-и Шон Бейкер тақдим шуд, ки баҳсбарангез низ гардид. Баъди ба экранҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтан ва соҳиби чанд ҷоиза шудан, намоиши ин филм дар Ӯзбекистон, ба далели ӯзбектабор муаррифӣ шудани қаҳрамони асосӣ, мамнӯъ шуд ва дар Тоҷикистон низ гуфта мешуд, ки намоиши он бо далели доштани саҳнаҳои фаҳш ба эҳтимоли зиёд иҷоза дода намешавад.

Соли гузашта кадом филмҳо сазовори ҷоизаи “Оскар” шуданд, дар ин матлаб хонед: “Анора” беҳтарин филм эътироф шуд. Ҷоизадорони имсолаи “Оскар” киҳоянд?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?

0

Дар рӯзи шонздаҳуми ҷанг алайҳи Эрон, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои ташкили як эътилоф, барои ба гуфтаи худаш, “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” талош кард, вале то ҳол самаре надодааст. Аммо Эрон мегӯяд, мудирияти ин гулӯгоҳро дар даст дорад. Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 15 ва 16-уми март ҳам ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроилу зерсохтҳои Амрико дар минтақа идома доштааст. Муҳимтарин ҳаводиси ду рӯзи охир дар Ховари Миёнаро дар ин матлаби мо хонед.

 

Таҳдиди Доналд Тармп ба НАТО барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз”

Доналд Трамп рӯзи 16-уми март гуфт, ки кишварҳое, ки аз тангаи Ҳурмуз суд мебаранд, бояд ба “бозкушоӣ”-и он кумак кунанд ва ҳушдор додааст, ки агар дигар кишварҳо кумак накунанд, ин мавзуъ метавонад “барои ояндаи НАТО бисёр бад бошад”.

Ӯ дар суҳбат бо рӯзномаи “Financial Times” гуфтааст, ки Аврупо ва Чин “ба шиддат” ба нафте, ки аз Халиҷи Форс меояд, вобаста ҳастанд.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ӯ як рӯз пеш, аз Чин, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Бритониё хоста буд, барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз талош кунанд. Ба навиштаи расонаҳо, Бритониё, Ҷопон ва Австралия ин пешниҳодро рад кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тангаи Ҳурмуз

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки “тангаи Ҳурмуз барои ҳама боз аст, ба ҷуз киштиҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш”.

Пас аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, Сипоҳи посдорон борҳо таъкид кард, мудирияти тангаи Ҳурмуз дар дасти Эрон аст ва иҷозаи убури ҳатто як литр нафтро ба Амрико ва муттаҳидонаш нахоҳад дод ва пештар чанд киштие, ки талоши гузаштан аз ин гулӯгоҳро карда буданд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон

Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ низ, эълон кардааст, ки дар пайи маҳдуди шудани убури нафткашҳо аз тангаи Ҳурмуз, аз захираҳои изтирории аъзои созмон, 400 миллион бушка нафтро ба зудӣ вориди бозорҳои ҷаҳонӣ мекунад.

Вале ба назар мерасад, эълони ин иқдом ҳам дар нархи нафт таъсири чандоне надоштааст ва ҳанӯз ҳам арзиши нафт барои як баррел аз 100 доллар болост. Аз ҷумла, субҳи 16-уми март нархи як бушка нафти навъи “Брент” ба 106 доллар баробар будааст.

 

Ҳамла ба фурудгоҳ ва мактаб

Дар ҳамин ҳол, бомдоди имрӯз, 16-уми март ба шаҳрҳои Теҳрон, Караҷ ва вилояти Марказӣ ҳамлаи ҳавоӣ шудааст. Хабаргузории эронии “Меҳр” навиштааст, ки дар ҳамлаи имрӯз ба вилояти Марказӣ 5 нафар кушта ва 7 тан маҷрӯҳ гаштанд.

Расонаҳо менависанд, ки дар Теҳрон фурудгоҳи Меҳробод мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Амрикову Исроил ҳафтаи гузашта низ ба ин фурудгоҳ ҳамла карда буданд.

Ба навиштаи хабаргузории “Форс” бомдоди ҳамин рӯз, ҳамчунин ба як мактаби писарона ҳамла шудааст. Ҷузъиёти ин ҳамла маълум нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Теҳрон

Хабаргузории эронии “Меҳр” нисфирӯзии 16-уми март гузориш дод, ки дар пайи ҳамлаи имрӯз ба биноҳои маскунӣ чанд тан куштаву захмӣ гаштааст.

Зимнан, Комисари олии СММ оид ба паноҳандагӣ гуфтааст, бо вуҷуди густариши даргирӣ ва хисороти воридшуда дар Эрон, хуруҷи густурдаи мардум аз марзҳои ин кишвар сабт нашудааст.

Эрон низ давоми ду рӯзи гузашта аз чанд ҳамла, аз ҷумла ҳамлаи муштарак бо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба Исроил гузориш дод ва гуфт пойгоҳҳои низомиро ҳадаф гирифтааст.

Ҷузъиёт ва талафоти ин зарбаҳо маълум нест. Исроил сонсури шадиди низомӣ ҷорӣ кардааст ва аз талафоташ хабар намедиҳад.

Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар Исроил дар пайи ҳамлаҳои Эрон ва “Ҳизбуллоҳ” 142 нафар захмӣ шудааст. Дар умум аз оғози даргирӣ дар ин кишвар 3 ҳазор 369 нафар захмӣ шудааст.

 

Изҳороти Трамп ва чанд мақоми баландпояи Эрон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп гуфтааст, ки Эрон хоҳони музокирот аст. Ӯ 15-уми март дар посух ба саволи рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки “мо бо онҳо (манзур Эрон аст – АП) суҳбат мекунем, аммо фикр намекунам, ки ҳанӯз омода бошанд. Ҳарчанд хеле ба он наздик аст”.

Пас аз ин гуфтаҳо, Аббос Ароқчӣ гуфтааст, ки “Эрон дархости оташбас накарда ва дархости музокира ҳам надодааст”.

Раисҷумҳури Амрико инчунин гуфтааст, ки қимати нафт “ба маҳзи поёни ин даргирӣ коҳиш хоҳад ёфт ва ин ҷанг хеле зуд ба поён мерасад”.

Ӯ ба пурсиши он ки оё омодаи эълони пирӯзӣ бар Эрон аст, посух додааст, ки “далеле барои ин вуҷуд надорад” ва афзудааст, ки Иёлоти Муттаҳида хисороти зиёде ба Эрон расонидааст ва “агар ҳоло онҳоро раҳо кунем, бозсозии он барояшон 10 сол тӯл мекашад”.

Зимнан, ӯ наворҳои ҷамъомадҳо дар ҳимоят аз Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон, қаиқҳои минагузор ва ҳамлаҳо ба нови ҳавопаймобари "Abraham Lincoln"-и Амрикоро сохтаи ҳушвора (ҳуши маснуӣ) хондааст. Вале барои ин гуфтаҳои худ ҳеҷ далеле наовардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нови ҳавопаймобари "Ҷералд Форд"

Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ, рӯзи гузашта, 15-уми март дар саҳифаи “Х”-и навишт, ки дар “боқимондаҳои тими Эпштейн” дар ҳоли омодасозии тарҳи моҷарои монанд ба “11 сентябр” аст, ки мехоҳанд ба он Эронро муттаҳам созанд. 

“Эрон усулан бо чунин тарҳҳои террористӣ мухолиф аст ва ҷанге бо миллати Амрико надорад. Имрӯз бар асоси таҷовузи Амрико ва Исроил ба Эрон дар ҳоли дифоъ аст”, таъкид кардааст Лориҷонӣ.

 

Вазъ дар дигар кишварҳои Ховари Миёна

Дар зимн, кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс аз ҳамлаҳои бештаре дар шабонарӯзи гузашта хабар додаанд. Аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб гуфтааст, ки аз оғози даргириҳо беш аз ду ҳазор мушаку паҳпод ба ин кишвар партоб шудааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, дар пайи суқути мушак дар Абу-Забӣ як фаластинӣ кушта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дур дар осмони Иморот

Инчунин, рӯзи 16-уми март ба фурудгоҳи Дубайи Иморот ҳамлаи паҳподӣ сурат гирифта, муваққатан парвозҳо тариқи он лағв гардид ва пас аз чанд соат қисме аз парвозҳояшро барқарор кард. Гуфта мешавад, ҳамла ба анбори нафти фурудгоҳ шуда буд. Минтақаи саноатии Фуҷайра низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки дишаб беш аз 60 паҳподро раҳгирӣ кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд

Дар зимн, Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, ҳамлаи бомдоди 15-уми март ба Риёз ва минтақаи Аш-Шарқия рабте ба Эрон надорад ва Арабистони Саудӣ бояд манбаи аслии ҳамлаҳоро кашф кунад.

Аббос Ароқчӣ ҳамон рӯз дар мусоҳиба бо як расонаи арабӣ гуфтааст, ки Амрико паҳподе шабеҳи паҳподи “Шоҳид”-и эронӣ сохтаанд ва аз он ба кишварҳои арабӣ ҳамла мекунанд.

“Эҳтимол дорад Исроил пушти ҳамлаҳо ба маконҳои ғайринизомӣ бошад дар кишварҳои арабӣ бошад, то равобити ин кишварҳо бо Эронро хароб кунад”, -гуфтааст Ароқчӣ.

Мақомоти Ироқ аз захмӣ шудани 5 нафар дар пайи ҳамла ба фурудгоҳи Бағдод хабар додаанд. Гуфта мешавад, ҳамла дар чанд нуқта сурат гирифта, захмиён як нафар муҳандис ва чор нафар кормандони амниятии фурудгоҳи Бағдод будаанд.

Ироқ, Кувайт ва Баҳрай низ аз ҳамлаҳои нав гузориш дода, Лубнон низ шоҳиди чанд ҳамла будааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Артиши Исроил дар ҳоли ҳамлаи заминӣ ба хоки Лубнон

Артиши Исроил эълон кардааст, ки ба Лубнон ҳамлаҳои заминиро ба “пойгоҳҳои “Ҳизбуллоҳ” шуруъ кардааст. Дар Лубнон теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Исроил афзоиш ёфта, ба 850 тан, аз ҷумла 107 кӯдак расида, 2 ҳазору 105 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Зимнан, Итолиё эълон кардааст, ки як пойгоҳи муштараки итолиёӣ-амрикоӣ дар дар Кувайт мавриди ҳамлаи паҳпод қарор гирифтааст. 

Имрӯз ҳабдаҳумин рӯзи ҷанги Амркиову Исроил алайҳи Эрон ва таниш дар Ховари Миёна ҷараён дорад ва поёни он ҳанӯз маълум нест…

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?

0

Садҳо ҳазор сомонӣ, хонаи зебо дар маркази Душанбе, мошини шик зери по ва тиҷорати муваффақ метавонад рӯъёе барои ҳар нафар бошад. Махсусан барои зан ва он ҳам дар ҷомеаи суннатӣ муваффақияти зан душвор аст. Аммо ҳар нафаре, ки талош мекунад ва ба худ эътимод дорад, метавонад ба ин дастовардҳо, ки орзуи аксар аст, ноил шавад. Қиссаи Адолат Муҳибхонова далели он аст, ки бо кӯшиш, тақвияти дониши молиявӣ ва бовар ба худ метавон ҳар орзуи рангинро ба воқеият табдил дод.

Ӯ ҳамагӣ чанд сол пеш бо се фарзанд танҳо мезист ва бо маоши ночиз ва мушкилоти ӯро печонида даст ба гиребон буд. Аммо тавонист дар ин набард пирӯз шавад ва ширкати сайёҳии “Adras Travel”-ро таъсис додаву роҳбарӣ кунад ва муваффақ шавад.

Ин қиссаи Адолат Муҳибхонова ва набарду пирӯзии ӯст.

 

Оғози қисса

“То соли 2016 ба ҳайси як муҳосиб кор мекардам. Сидқан кор мекардам ва дар рушди чандин ширкат кумак кардам. Аммо бо маош зиндагӣ мекардам ва чанд мушкиле доштам, ки “барои ҳал навбат меистоданд”. Ман ҳарчи зиёд кор мекардам, корхона муваффақ мешуд, аммо мушкили молиявии ман кам намешуд. Аз ин лиҳоз, ба худ гуфтам,  вақте саводи молиявӣ ва таҷрибаи чандсолаи кор дорӣ чаро тиҷорати худро оғоз намекунӣ?”, – ба нақл оғоз кард Адолат.

Ва ниҳоят, соли 2015 ӯ бо қатъият ба хулосае меояд, ки тиҷорати шахсии худро шуруъ мекунад. Аммо он замон ӯ барои оғози тиҷорат маблағ надошт.

“Аз бонк 300 ҳазор сомонӣ қарз гирифтам, бо ба гарав гузоштани ягона хонаи бо душворӣ харидаам. Ва ин бо ин тиҷоратро оғоз кардам. Қарзи аввал гирифтаро баргардонидаву боз 200 ҳазор сомонӣ гирифтам, то тиҷоратро рушд диҳам. Аммо дар ин муддат ҳамеша дар фикри баргардонидани қарз будам, чун намехостем ягона хонаамро аз даст диҳам”, – гуфт Адолат.

Ӯ, ки муддатҳо дар як ширкати фурӯши билет барои парвоз кор кардааст, вақти ташкили тиҷорат талош кардааст соҳаеро интихоб кунад, ки ба ин самт наздик бошад ва худаш дарк кунад.

 

“Ба бозор назар кардам, ки бахши сайёҳӣ бароям бештар наздик аст ва ман онро мефаҳмам. Ҳамчунин, бозор холӣ аст ва ширкати сайёҳӣ зиёд нест. Хулоса кардам, ки ширкати сайёҳӣ таъсис медиҳам”, – гуфт Адолат.

Ӯ аввал худомӯзӣ мекунад. Баъдан бо пайдо шудани имконият ва сарфи маблағ дар  чандин давраҳои омӯзишӣ иштирок карда, донишу малакаашро зиёд мекунад. Ва ҳамин тавр, ба қавли худаш, “давоми 10 сол аз худ мутахассиси соҳаи сайёҳӣ омода кард”.

Ва имрӯз ширкати муваффақеро сохтаву роҳбарӣ мекунад, ки ҳар сол ҳазорон сайёҳро ба кишварҳои дуру наздик мефиристад. Бо ин роҳ ӯ ҳам ба сайёҳон хидмат мерасонад ва ҳам фоида ба даст меорад.

Адолат таъкид мекунад, ки ҳар ширкат дар баробари муваффақият ва фоида, ҳамчунин бо хатарҳо низ рӯбарӯ аст. Ва барои коҳиши ин хатар, саводи молиявӣ, тафаккури таҳлилӣ, назорати пайваста ва мувофиқ бо тамоюлҳои рӯз зарур аст.

“Тавре мегӯянд, “то талхиро начашӣ, ба қадри неъмат нахоҳӣ расид”. Дар идораи ширкат, то бо мушкил рӯбарӯ нашавӣ, муваффақ нахоҳӣ шуд. Ман ҳам ҳамеша муваффақ набудам. Вақте буҷаи ширкат аз сӯйи коргарони худам ғорат шуд, сахт рӯҳафтода шудам. Ҳис мекардам, ки куҷое пешпо медиҳанд, аммо кай ва куҷо, намедонистам. Баъди ин дарс, чораҳои ҳифзи ширкат ва сармояи онро бештар кардам”, – гуфт Адолат.

Ӯ вақти интихоби корманд, вақти имзои ҳар гуна ҳуҷҷат барои хариду пардохт бо диққат шуд. Дигар эҳсосро канор гузошт ва ба донишу таҷриба такя кард.

 

“Аз ҳама муҳим, вақти муомила бо пул, эҳтиёткор шудам. Дигар пулро дар “болин” ва ё “сейф” нигоҳ намедорам, танҳо тавассути бонк ва бо чанд зинаи ҳимоя истифода мекунам. Ин ҳам бехатар, ҳам фоидаовар аст”, – зикр кард ӯ.

Адолат мегӯяд, нафъи кор бо бонкро пештар, вақте, ба қавли худаш, “маошхӯр” буд, дарк кардаааст. Ӯ мегӯяд, зиёд пиёда мегашт, то қадри имкон ва аз ҳар самт сарфа мекард ва пули ҷамъовардаашро дар бонк пасандоз мегузошт.

“Соли 2009 бо 100 сомонӣ дар бонк суратҳисоб барои пасандоз кушодам. Баъзан ҳатто 10 сомонӣ пайдо кунам, ба он суратҳисоб мегузоштам. Баъзан шиносҳоям механдиданд, ки “кай ту пули хона ҷамъ мекунӣ”. Аммо ман сабр кардам ва соли 2015 хона харидам, бо ҳамон пуле, ки дар бонк пасандоз карда будам”, – гуфт Адолат.

Ӯ мегӯяд, бо гузашти сол, вақте тиҷоратро оғоз кард, он таҷриба кор дод ва ҳоло барои рушди ширкат бо бонк ҳамкорӣ мекунад.

“Агар вақти ташкили ширкат ҳадафам ба даст овардани фоидаи бештар буд, ҳоло дар бораи рушди он бештар меандешам. Ин ширкат дигар бароям манбаъи даромад нест, он ҳастии ман шудааст, ки мисли фарзандам дӯст медорам”, – зикр мекунад Адолат.

Ӯ мегӯяд, ҳамин дӯст доштани кори хеш ва аз сидқи дил кор кардан ва ҳамчунин, дуруст тарҳрезиву амалӣ кардани фаъолияти ширкат самар дод ва ӯ ҳоло ҳам хона ва ҳам мошину сармояи кофӣ дорад.

“Муҳимтар аз ҳама, фарзандонам зиндагии хуб доранд ва ба таълими босифат фаро гирифта шудааст”, – меболад ӯ.

 

Саводи молиявӣ муҳим аст

Адолат гуфт, ки баъзе занон ҳангоми гирифтани қарз аз бонк шартҳои онро пурра намехонанд ё намефаҳманд, тақсими дурусти буҷетро намедонанд. Баъдан онро сари вақт баргардонида наметавонанд.

Ӯ гуфт, барои муваффақият таҳияи дуруст, назорат ва такмили саривақтии нақшаи тиҷоратӣ муҳим аст. Албатта ҳамаи мушкилотро аз пеш ташхис кардан осон нест, аммо чораҳои ҳифз аз хатарҳоро метавон ҳамеша такмил дод.

“Бештари бонувон, махсусан заноне, ки бо фарзанд аз ҳамсар ҷудо шудаанд, барои оғози тиҷорат дудила мешаванд. Вале мани танҳо бо се фарзанд аз чизе натарсидам, афтодам, аммо боз ҳам қоматамро рост кардам ва бо такя ба донишу таҷрибаи андӯхта, таваккал кардам ва сӯйи ҳадафи худ қадам гузоштам. Ба дигар занон ҳам ин тавсияро медиҳам: ноумед набояд шуд, талош бояд кард!”,  – таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи Адолат, ҳар зане, ки дар марҳилаи оғози тиҷорат аст, ҳатман дар давраҳои омӯзишии ҳисобдорӣ таҳсил гирад. Чунки худи ӯ сарфи назар аз доштани маълумоти олии муҳосибӣ ва таҷрибаи чандсола, дар шаш курси омӯзишии байналмилалии ин соҳа иштирок кардааст.

“Ҳатто ба духтарони донишҷӯе, ки барои таҷрибаомӯзӣ меоянд, чунин машварат медиҳам. Зеро ҳар қадар саводнокии молиявии бонуи оила боло бошад, буҷаи оила ҳамон қадар меафзояд”, – гуфт Адолат.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.