Home Blog Page 5105

«РТР Планета» пахши барномаҳоро дар Тоҷикистон барқарор карданист

0



           

Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузориҳои Русия бо истинод ба изҳороти мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия иттилоъ медиҳанд, ки мақомоти раҳбарии ширкат аз қатъи пахши барномаҳои шабакаи телевизиони «РТР Планета» дар қаламрави Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.





           

Ёдрас мекунем, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон шурӯъ аз 2-юми апрели соли ҷорӣ бинобар аз имзои шартнома барои соли 2009 даст кашидани ҷониби Русия пахши барномаҳои шабакаи телевизион мазкурро дар қаламрваи ҷумҳурӣ қатъ сохта буданд.




           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия, мақомоти раҳбарии ширкат дар давоми моҳи март бо ҷониби Тоҷикистон фаъолона гуфтушунид доштааст, вале 27-уми март ҷониби Тоҷикистон ба онҳо дар бораи яктрафа даст кашидан аз қарордоди паҳни мавҷҳои шабакаи телевизиони «РТР Планета» ва «Радиои Русия» хабар додааст.




           

Гуфта мешавад, мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия ҷиҳати дубора барқарор сохтани пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР Планета», ки қисми зиёди ҷомеаи Тоҷикистон ва аҳолии русзабони ҷумҳуриро бо дастрасӣ ба иттилоот аз Русия таъмин месохт, тадбирҳои зарурӣ меандешад.




           

Директори генералии ширкати Русия Олег Добродеев таъкид сохтааст, ки гурӯҳи корӣ таҳти сарварии мақомоти раҳбарии ширкат ҷиҳати ҳалли таъҷилии масъала ва гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон барои барқарор сохтани пахши барномаҳо омода аст, ба шаҳри Душанбе ташриф биоварад.


Дар даҳаи дуввуми моҳи май дар Душанбе ҷаласаи аввали Шӯрои вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад

0


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар даҳаи дуввуми моҳи май дар Душанбе ҷаласаи аввали Шӯрои вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад.




Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, зимни баргузории машваратҳо миёни вазоратҳои ду кишвар, ки рӯзи 7-апрел дар шаҳри Бишкек доир гардидааст, ҷонибҳо дар ин хусус тавофуқ ҳосил кардаанд.



Дар ҷараёни машварат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷиҳати тасдиқи вазирон омода сохтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо оид ба рушди зерсохтори нақлиёт дар минтақа, афзудани ҳаҷми боркашонӣ ва интиқоли нерӯи барқ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Қарор шуд, ки машварати навбатии вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.


Сандуқи қарзии «Ориёнбонк» ба аввали моҳи апрел беш аз 693 млн. сомониро ташкил дод

0



           




    

Душанбе. 9-уми апрел – Ба санаи 31 марти соли 2009 сандуқи қарзии


Ҷ


СК «Ориёнбонк» 693 миллиону 335 ҳазору 370 сомониро ташкил дод.





             

Ба санаи мазкур сохтори соҳавии қарзҳои


ҷ


ойгиркардашуда, аз р


ӯ


и низоми бонк бо асъори милл


ӣ


корхонаҳои ти


ҷ


оратии шахс


ӣ


– 75,88 фоиз, корхонаҳои хо


ҷ


агии қишлоқ – 17,59 фоиз, корхонаҳои давлат


ӣ


– 0,66 фоиз ва шахсони воқе


ӣ


– 5,87 фоизро ташкил медиҳад.



Бо асъори хори


ҷ


ӣ


бошад, корхонаҳои ти


ҷ


оратии шахс


ӣ


ба 65,29 фоиз, корхонаҳои хо


ҷ


агии қишлоқ – 14,52 фоиз, корхонаҳои давлат


ӣ


– 20,08 фоиз ва шахсони воқе


ӣ


– 0,11 фоиз баробар шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти бонки мазкур хабар доданд.


Раиси ҲНИТ ва сафири Бритониёи Кабир вазъи иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоти раиси ҳизб, намояндаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Бритниёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур баргузор шуд.




Чӣ тавре ки сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Тревор Мур ба масоили таҳия ва қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ», омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар кишвар ва назари раиси ҳизб дар мавриди таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон мароқ зоҳир сохт.



Ба гуфтаи Ҳ.Сайфуллозода, М.Кабирӣ оид ба ибрози андеша дар бораи қонуни дар боло зикршуда изҳор доштааст, ки дар қонуни нав ҳеҷ яке аз пешниҳодоти ҲНИТ ба эътибор гирифта нашудаанд.



Дар мавриди омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ раиси ҲНИТ изҳори умедворӣ кардааст, ки лоиҳаи қонуни нави интихобот, ки аз ҷониби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешниҳод шудаасту дар ҷараёни таҳияи он наояндагони ҲНИТ низ иштирок кардаанд, дастгирӣ хоҳад шуд.



Зимни ибрози ақида дар бораи таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҳукуматдоронро ба бесалоҳиятӣ ва бо он айбдор сохтааст, ки пеш аз бӯҳрон вазъро мавриди таҳлил қарор надодаанд. «Дар Тоҷикистон ду кишвар мавҷуд аст: яке – виртуаливу рушдёфта ва амну осуда дар тасаввури ҳукумат ва дигаре – кишварест, ки мо дар он умр ба сар мебарем», – гуфтааст ӯ.


Ҳукумати Ҷопон ба лоихаи обёрии ҷамоати «Чилдара»-и ноҳияи Тавилдара маблағгузорӣ мекунад

0


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бо кӯмаки Ҷопон 820 нафар аҳолии деҳаи «Чилдара» заминҳои кишташонро обёрӣ мекунанд.


Чӣ тавре ки аз сафлорати Ҷопондар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба «Лоиҳаи сохтмони канали обёрӣ дар деҳаи «Чилдара»-и ҷамоати Чилдараи ноҳияи Тавилдара

 

73651 доллари ИМА ҷудо карда шуд.




Обанбор ва канали


600 метра

барои обёрӣ кардани

40 гектар

замини кишт сохта


мешавад. Лоиҳа тавасути обёрӣ кардани заминҳо дар кӯҳистон ба кам кардани сатҳи


камбизоатӣ сабаб шуда метавонад. Инчунин хавфи офати табиӣ дар мавзеи мазкур паст


гардонида мешавад.



Саҳми аҳолӣ дар лоиҳа бисёр муҳим мебошад. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои идора кардани системаи обёрӣ машғул хоҳанд шуд.



            Ҳукумати Ҷопон тайи ду соли охир ба сохтмони ҳафт лоиҳаи обёрӣ дар


Тоҷикистон кӯмак расонидааст. Беҳтар намудани системаи обёрӣ самараи ҳосилнокии


заминро махсусан дар чойҳое, ки системаи обёрӣ надоранд, баланд мекунад.



                Ноҳияи Тавилдара дар моҳи ҷорӣ бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон


ба иҷрои лоиҳаи мазкур шурӯъ кард. Дар назар гирифта шудааст, ки лоиҳа дар тайи 12


моҳ ба итмом хоҳад расид.




 

Театри драмавии русии ба номи Маяковский ба ҷоизаи ба номи Кирилл Лавров сазовор дониста шуд

0



           

Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Театри драмавии русии ба номи Маяковский ба ҷоизаи ба номи арбоби шинохтаи санъати театрии Русия – Кирилл Лавров сазовор дониста шуд. Барандагони ҷоизаҳои ҷашнвораи


XI


-уми байнулмилалии театрҳои кишварҳои узви ИДМ ва Балтика таҳти унвони «Вохӯриҳо дар Русия» чанде қабл муайян гардиданд.





           

Тибқи иттилои хабаргузориҳои Русия, спектакли «Омурзиш» (Исповед)-и коргардон Барзу Абдураззоқов, ки аз ҷониби театри драмавии русии ба номи Маяковский намоиш дода шуд, ба ҷоизаи Кирилл Лавров таҳти унвони «Саҳнаи хурд» сазовор дониста шуд.




           

Маросими супурдани ҷоизаҳо дар театри «Балтийский дом», ки муддати 8 рӯз дар он спектаклҳои ҷашнвора намоиш дода шуданд, баргузор гардид.


Дар Душанбе ҷаласаи саратоншиносони кишварҳои узви ИДМ ба кор шурӯъ кард

0


 



           

Душанбе. 9-уми апрел. – Имрӯз

таҳти роҳбарии олими шинохта, академик ва президенти Академияи улуми тибби Русия Михаил Давидов



дар толори ма


ҷ


лисҳои меҳмонхонаи «То


ҷ


икистон» ма


ҷ


лиси навбатии сиюми Иттиҳоди директорони паж


ӯ


ҳишгоҳҳо ва марказҳои саратоншинос


ӣ


, таҳқиқи шуои радиатсион


ӣ


ва рентгенологии мамлакатҳои ИДМ ба кор шурӯъ кард. Инчунин, дар меҳмонхонаи «То


ҷ


икистон» бахшида ба ин масъала конфронси илм


ӣ


баргузор мегардад.





            

Дар ин


ҷ


амъомадҳои муҳим проблемаҳои соҳаи саратоншинос


ӣ


дар То


ҷ


икистон ва мамлакатҳои дигари ИДМ, инчунин, масъалаҳои ташкилии гузаронидани ан


ҷ


умани шашуми саратоншиносони мамлакатҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе соли 2010 мавриди баррас


ӣ


қарор дода мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар хабар медиҳад.



Тибқи маълумоти Маркази илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии ҶТ, феълан дар маркази мазкур 9634 нафар бемори саратон ба қайд гирифта шудааст, ки 3900 нафарашон мардон ва 5734 нафарашон занон мебошанд. Соли 2008 дар ҷумҳурӣ 2218 нафар бемори бори нахуст ба ин касалӣ гирифторшуда ошкор карда шуд. Табибон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки сол то сол шумори шахсони бори нахуст ба ин беморӣ гирифторшуда афзуда, синну соли беш аз 61 дарсади маризон то 45-соларо ташкил медиҳад. 

 



          Дар ҷаласа директори Маркази илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии ҶТ Дилшода Зикриёхоҷаева дар мавзӯи «Мушкилот ва дастовардҳои хадамоти саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон

»

маърӯза хоҳад кард.





Бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ доир мегардад

0



            

Душанбе. 9 –уми апрел -Нақшаи чорабиниҳои идонаи фарҳанг


ӣ


ва оммав


ӣ


бахшида ба Р


ӯ


зи пойтахт, ки 18 апрел та


ҷ


лил мешавад, бо Қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 7 аперл тасдиқ гардид.





           


 

Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Р


ӯ


зи пойтахт 18 апрел аз соати 13 то 17 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айн


ӣ


, «Д


ӯ


стии халқҳо», «К


ӯ


ли комсомол» ва Майдони «800-солагии Москва» сайругашти идона ва фур


ӯ


ши маҳсулоти қаннодию кулчаг


ӣ


ташкил карда шуда, базмҳои шеъру суруд ва маҳфили бонувон таҳти унвони «Шаҳри ман» гузаронида мешавад.




              

Дар Р


ӯ


зи пойтахт ҳамчунин, дар шаҳр як қатор иншооти муҳим мавриди истифода қарор гирифта, ҳашари умумишаҳр


ӣ


ва марафони дав ташкил карда мешавад.




             

Дар ин р


ӯ


з дар Маркази равобити пойтахт озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин», «Марафони дав», «Мактаби сол-2008», «Директори сол- 2008», «Муаллими сол-2008», «К


ӯ


дакистони сол -2008», «Мудири к


ӯ


дакистони сол -2008» «Мураббии сол-2008», «Синфи беҳтарини сол -2008»


ҷ


амъбаст гардида, ба ғолибон т


ӯ


ҳфаҳои хотирав


ӣ


тақдим карда мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар медиҳад.


Дар маҷлиси нахустини Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон раиси Шӯрои мудирон таъин карда шуд

0



           

Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар меҳмонхонаи «Ҳаёт Реҷенси Душанбе» Маҷлиси умумии нахустини Ассотсиатсияи «АмҶам Тоҷикистон» (Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон) баргузор шуд. Дар маҷлис намояндагони 23 узви ассотсиатсия, ки ширкатҳои гуногуни маҳаллӣ ва хориҷиро дар тамоми бахшҳои иқтисод намояндагӣ мекунанд, ширкат варзиданд.





           

Чӣ тавре ки як корманди Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар маҷлиси умумӣ масоили марбут ба фаъолияти ассосиатсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба роҳандозии фаъолият ва рушди минбаъдаи он қарорҳои муҳим қабул карда шуданд. Дар маҷлис 9 аъзо ва раиси шӯрои мудирон, раисони кумитаҳо ва раиси комисссияи тафтишотии ассотсиатсия интихоб гардиданд. «Аз рӯи ҳисоби кумитаи интихобот, ки аз меҳмонони холис ташкил гардида буд, тавассути овоздиҳии пӯшида бо аксари кулли овоз директори генералии намояндагии


Tethys Petroleum

дар Тоҷикистон Назир Шарипов ба муддати ду сол ба вазифаи раиси шӯрои мудирон интихоб карда шуд», – гуфт ӯ ва фазуд, ки ҳамзамон сохтори ассотсиатсия ва ваколати ҳар як воҳиди ҷудогонаи он низ тасдиқ карда шуданд.





           

Эд Биман, мушовири минтақавӣ оид ба масоили техникии лоиҳаи беҳбуди муҳити тиҷорат /Корпоратсияи Прагма), ки узви ҳайати шӯрои мудирон интихоб гардид, гуфт, вохӯрии мазкур ҷиҳати оғози фаъолият ва ташаккули ассотсиатсия хеле муҳим аст. «Хурсандиовар аст, ки намояндагони бахши тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи фаъолияти хеш зарурати узвият ба ассостсиатсияро ба хубӣ дарк кардаанд», – афзуд ӯ.


Дар Тоҷикистон кор бо маводи радиоактивӣ танҳо тибқи иҷозатномаи махсус сурат мегирад

0


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти ҷудогона» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки тибқи он, дар Тоҷикистон

 

кор бо маводи радиоактивӣ танҳо тибқи иҷозатномаи махсус сурат мегирад.





           

Намояндаи мардуми Лтофат Шарифова гуфт, пешниҳод дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо аз ҷониби ҳукумат ирсол шудааст ва дар сурати тасдиқи онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ барои фаъолият дар доираи воридоту содирот, фурӯш, коркард, истеҳсол, истифода ва нобуд сохтани маводи радиоактивӣ иҷозатномаи махсус ҷорӣ мегардад.




           

Ба гуфтаи Латофат Шарипова, пешниҳодоти мазкур аз ҷониби МАГАТЭ ва дигар созмонҳи байнулмилалӣ дастгирӣ ёфтааст. «Қабули тағйироти мазкур дар қонунгузорӣ ҳамчунин ба таъмини амният, беҳбуди вазъи экологӣ ва иҷрои ӯҳдадории байнулмилалии ҷумҳурӣ оид ба паҳн накардани маводи ҳастаӣ низ нигаронида шудааст», – афзуд намояндаи мардумӣ.




           

Тағйирот ва иловаҳои мазкурро намояндагони мардумӣ бидуни баҳсу мунозира якдилона тасдиқ карданд.