Home Blog Page 5110

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии кӯмак ба амалиёти алайҳи минаҳо таҷлил мегардад

0


Дцушанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии кӯмак ба амалиёти алайҳи минаҳо таҷлил мегардад.




Чӣ тавре ки сардори Маркази Тоҷикистон оид ба масоили минаҳо Ҷонмаҳмад Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, Тоҷикистон бо хатари мина бар асари даргириҳои мусаллаҳи дохилӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта, ки аксари минтақаҳо дар қаламрави кишвар мингузорӣ шуда буданд, рӯбарӯ гардид.



Соли 2004 бо дастгирии созмонҳои байнулмиалӣ ва кишварҳои мададрасон барномаи амали алайҳи минаҳои Тоҷикистон таҳия гардида, айни замон муваффақона амалӣ мегардад.



Дар давоми фаъолияти барнома қаламрави беш аз 900 деҳа таҳқиқ гардида, беш аз 2 млн. 300 ҳазор метри мураббаъ қитъаҳо тозакорӣ шуданд. Дар қитъаҳои хавфнок зиёда аз 4 ҳазор аломат гузошта шуда,ҳудуди 12 ҳазор мина ошкор ва безарар гардонида шуд.

 




Тибқи маълумоти тадқиқотӣ, ба беш аз 60 млн. метри мураббаъи қаламрави Тоҷикистон хатари мина таҳдид карда, феълан зиёда аз 17 млн. метри мураббаъи қаламрави кишвар аз минаҳо безарар гардонида нашудаанд.



Мувофиқи маълумоти пешакӣ, шурӯъ аз соли 1992 то имрӯз аз таркиши мина дар Тоҷикистон ҳудуди 800 нафар зарар дидаанд, ки қисмате аз онҳо ба ҳалокат расида, қисми дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.


Раиси «Амонатбонк» ва мушовири БРО масоили сабук гардонидани оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуюми имрӯз ҳайати

 

Бонки Рушди Осиё, ки аз 1 апрел соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқоту вохӯриҳо бо як катор бонкҳо дар мавзӯи «Мақоми Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ дар Идорасозии бӯхрони молиявӣ» ташриф овардаанд, бо роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мулоқот намуданд.





   

Дар мулоқот

 

мушовири БРО Арне Боруб Петерсон бо Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва дигар шахсони расми атрофии таъсир ва чораҳои пешгирии бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва вазъи имрӯзаи

 

сохторҳои

 

БДА ҶТ «Амонатбонк» сӯҳбати пурмӯҳтаво сурат гирифт.




  

Ҳамзамон дар мулоқоти мазкур

 

вазъи имрӯзаи кишоварзон, саноату тиҷорат ва дигар соҳаҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт.




   

Қайд кардан ба маврид аст, ки мутахассисини Бонк ҷиҳати пешгирии бӯҳрони милиявию иқтисодӣ дар ҳамкори бо дигар мақомоту ташкилотҳои ҷумҳурӣ як идда чорабиниҳоро ба нақша гирифта,

 

фаъолияти рӯзмарраи сохторҳои бонкро дар маҳалҳо аз рӯи онҳо ба роҳ мондаанд.




 

Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот аз ҳамкориҳои самарабахш ва ояндасозӣ ҳар ду тараф дар оянда ибрози андеша карданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» хабар доданд.


Дар Душанбе дурнамои муносиботи ҳамкориҳои Тоҷикистону ЮНИСЕФ баррасӣ шуд

0


Душанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар мулоқоти вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбари намояндагии Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Хонгвей Гао дурнамои муносиботи ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот атрофи тамоми самтҳои ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистону ЮНИСЕФ дар давраи кунунӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо барномаи ҳамкории Тоҷикистону ЮНИСЕФ барои солҳои 2010-2015-ро муҳокима карданд.



Ҳадафаи аслии барнома дар саҳм гузоштан ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, бахусус қишри осебпазир ба ҳаёт, рушд, дифоъ ва иштирок ифода меёбад. Барномаи мазкур кӯшишот ва нақшаи ҳукумати ҷумҳуриро дар бахши ҳалли мушкилоти асосии рушди иҷтимоии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.


IFC истеҳсолкунандагони ширро бо истифодаи таҷҳизоти санҷиши таъҷилии сифати шир ошно месозад

0



           

Душанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) дар доираи татбиқи барномаи рушди таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ истеҳсолкунандагони ширро бо истифодаи таҷҳизоти санҷиши таъҷилии сифати шир ошно месозад.





           

Чӣ тавре ки аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, истифодаи таҷҳизоти мазкур имкон фароҳам месозад, ки шир дар маҳал мавриди санҷиш қарор гирифта, аз ҷамъоварии шири пастсифат пешгирӣ карда шавад. Ба иттилои манбаъ, истифодаи таҷҳизоти «Лактоскан» осон буда, он бо аккумулятор низ кор мекунад ва ширро дар муддати як дақиқа аз санҷиш мегузаронад.

 




«Истифодаи таҷҳизот ҳангоми гирифтани шир аз хонаводаҳо хеле қулай аст, зеро як литр шири пастсифат метавонад ба ҳаҷми умумии шири ҷамъовардашуда таъсири манфӣ расонад», – афзуд манбаъ.


«Барқи тоҷик» қарзашро дар назди ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» бо нерӯи барқ пардохт мекунад

0



           

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати саҳомии холдингии кушоди «Барқи тоҷик» қарзи худ ё қисмате аз онро дар назди ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» бо нерӯи барқ ҳисоббаробарӣ карданист, зеро дар мависми тобистон ҷумҳурӣ имкон дорад тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба минтақаи ҷануби Русия нерӯи барқ интиқол диҳад.





           

Тавре сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзҳои наздик оид ба ҳалли масъалаи мазкур бо мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ ҷаласаи муштарак гузаронида мешавад.




           

Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, то имрӯз ба нерӯгоҳ 2 млн. сомонӣ аз маблағи қарз пардохта шудааст. Ба гуфтаи директори назорати техникии нерӯгоҳи Сангтӯда-1 Маҳмадсаид Шамсуллоев, қисмате аз ин маблағ ҷиҳати пардохти музди меҳнати коргарон равона гардида, ба коргарон рӯзи ба коршиканӣ даст задан маош пардохта шудааст.




           

Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди Ҷ


C


К «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ширкат барқро аз нерӯгоҳ бо арзиши 3,1 барои 1 кВт/соат харидорӣ мекунад.


Сокинони Тоҷикистон аз тамошои барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» маҳрум шуданд

0



           

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Пахши барномаҳои шабакаи ягонаи телевизионии «РТР-Планета»-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон дигар барқарор нахоҳад шуд. Ёдрас мекунем, ки имрӯз аз қатъи пахши барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» дар қаламрави Тоҷикистон як моҳ пур мешавад.





           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Самад Ҳикматов изҳор дошт, ба қатъи пахши барномаҳои шабакаи мазкур Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия, ки шабакаи «РТР-Планета» шомили он аст, гунаҳкор мебошад. «Имрӯз ҳукуматдорони Тоҷикистон дар бораи қатъи пахши барномаҳои ин шабака дар қаламрави кишвар ва даст кашидан аз идомаи гуфтушунид бо ҷониби Русия дар ин хусус қарори ниҳоӣ қабул карданд. Фазои қабули пахши барномаҳои телевизиони «РТР-Планета» барои пахши барномаҳои шабакаҳои дигар истифода хоҳад шуд», – гуфт ӯ.




           

С.Ҳикматов гуфт, мақомоти раҳбарии ҶСК «Телерадиоком» чандин маротиба унвонии мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия ҷиҳати зиёд кардани тарофаҳои хизматрасонии таъмини пахши барномаҳо мактуб ирсол кардаанд, вале посухи мушаххасе нагирифтаанд. «Мо ҳанӯз 17-уми феврали соли ҷорӣ онҳоро огаҳ сохтем, ки дар сурати ҳал нагардидани масъала аз ҷониби худ пахши барномаҳоро қатъ месозем ва воситаҳои техникии ширкатро ба шабакаҳои дигар пешниҳод мекунем, вале онҳо ҳеҷ вокунише нишон надоданд», – гуфт С.Ҳикматов.




           

Номбурда афзуд, феълан қарзи Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия дар назди ҶСК «Телерадиоком» ба 7 млн. рубли русӣ баробар аст. «Чун ҷониби Русия ҳамеша пардохти қарзҳоро ба таъхир меандозад, бо назардошти бӯҳрони молӣ ва беқурбшавии асъор хисороти молии мо танҳо дар моҳҳои ноябр-декабр беш аз 100 ҳазор сомониро ташкил доданд», – изҳор дошт С.Ҳикматов.

 



Имрӯз «Тоҷиктрансгаз» як қисмате аз қарзҳои ҳамтоҳои ӯзбеки худро пардохт карданист

0


Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» як қисмате аз қарзҳои худро барои истифодаи гази табиӣ ба «Узтрансгаз» пардохт карданист.




Чӣ тавре ки мудири кулли ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» аз 9 млн. $ қарзи доштааш дар назди «Тоҷиктрансгаз» 3 млн. долларашро пардохт мекунад ва ин имкон додааст, то қисмате аз қарз бо «Узтрансгаз» ҳисоббаробарӣ карда шавад. «Феълан қарзи мо дар назди «Узтрансгаз» ба 15 млн. $ баробар аст», – гуфт ӯ.



Дар мавриди ҳаҷми гази воридотӣ ба ҷумҳурӣ С.Шарофиддинов гуфт, айни замон дар як соат ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя 24 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад, ки дар байни аҳолӣ, корхонаҳои «Талко», «Тоҷиксемент» ва нуқтаҳои фурӯши газ тақсим карда мешавад.


«Омурзиш»-и Барзу Абдураззоқов дар Ҷашнвораи байнулмилалии «Вохӯриҳо дар Русия»-и шаҳри Санкт-Петрбург намоиш дода мешавад

0



           

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Санкт-Петербург Ҷашнвораи байнулмилалии театрҳои кишварҳои ИДМ ва Балтика ба кор шурӯъ кард.





           

Чӣ тавре ки аз театри драмавии русии ба номи Маяковский ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷашнвораи мазкур спектакли Барзу Абдураззоқов «Исповед» (Омурзиш) намоиш дода мешавад.




           

Ба иттилои манбаъ, дар зарфи ҳашт рӯзи кории ҷашнвора асарҳои саҳнавии театрҳои кишварҳои ИДМ ва Балтика ба маърази тамошо гузошта шуда, аз ҷониби мунаққидони шинохтаи театрӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд. «Инчунин атрофи ҳалли масоили марбут ба мушкилоти театрҳои русзабон дар кишварҳо низ табодули афкор сурат хоҳад гирифт», – афзуд манбаъ.


Тоҷикистону Италия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

0


Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистону Италия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.




Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Котиби Давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия, сенатор Алфредо Мантика зери Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Италия оид ба ҳамкории иқтисодиву саноатӣ ва техникӣ ва Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо имзо гузоштанд.



Пас аз мулоқот А.Мантика дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки айни замон кишварҳо рӯи созишнома оид ба ҳифзи сармоягузорӣ, ки «барои тиҷорати итиолиёвӣ басо муҳим аст», кор мекунанд.



Мушовири давлатии ВКХ Италия аз иштироки Италия дар сохтмони Кохи Миллат, Маркази исмоилиҳо дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, гуфт, кишвараш минбаъд низ ҷиҳати иштирок дар бунёди чунин иншоот омода аст.



Ба гуфтаи А.Мантика, Италия ҳамчунин ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон бо ҷалби захираҳои меҳнатӣ аз дохили ҷумҳурӣ манфиатдор аст.

 





 

Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мавриди амал қарор гирифт

0


Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Нашриёти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» чанде қабл Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро интишор сохт. Ҳамин тариқ, санади ҳуқуқии мазкур мавриди амал қарор гирифт.




Тибқи муқарароти қонуни нав, аз ин ба баъд дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танҳо як масҷиди марказии ҷомеъ амал карда метавонад.



Масҷиди ҷомеъ дар маҳаллаҳои аҳолинишини дорои нуфуси аз 10 то 20 ҳазор нафар ва дар шаҳри Душанбе дар микрорайону маҳаллаҳои дорои аз 30 то 50 ҳазор нафар аҳолӣ бунёд карда мешавад.



Ба бунёди масҷидҳои намози панҷгона дар маҳаллаҳои аҳолинишини дорои нуфуси аз 100 то 1000 нафар ва дар шаҳри Душанбе дар маҳаллаҳо ва микрорайонҳои дорои аз 1000 то 5000 нафар аҳолӣ иҷозат дода мешавад.



Ғайр аз ин, тибқи қонуни мазкур, таъини имомхатибони масҷидҳо ба вазифа бо мувофиқасозӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ сурат мегирад.