Тоҷикистону Италия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистону Италия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Котиби Давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия, сенатор Алфредо Мантика зери Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Италия оид ба ҳамкории иқтисодиву саноатӣ ва техникӣ ва Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои […]

Виктория Наумова


Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистону Италия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.




Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Котиби Давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия, сенатор Алфредо Мантика зери Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Италия оид ба ҳамкории иқтисодиву саноатӣ ва техникӣ ва Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо имзо гузоштанд.



Пас аз мулоқот А.Мантика дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки айни замон кишварҳо рӯи созишнома оид ба ҳифзи сармоягузорӣ, ки «барои тиҷорати итиолиёвӣ басо муҳим аст», кор мекунанд.



Мушовири давлатии ВКХ Италия аз иштироки Италия дар сохтмони Кохи Миллат, Маркази исмоилиҳо дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, гуфт, кишвараш минбаъд низ ҷиҳати иштирок дар бунёди чунин иншоот омода аст.



Ба гуфтаи А.Мантика, Италия ҳамчунин ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон бо ҷалби захираҳои меҳнатӣ аз дохили ҷумҳурӣ манфиатдор аст.

 





 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова