Home Blog Page 5114

Соҳибкорони бозори «Зарнисор» баҳри ҷустуҷӯи ҳақиқат ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рӯ оварданд

0


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибкорони бозори «Зарнисор» баҳри ҷустуҷӯи ҳақиқат ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рӯ оварданд




Тибқи иттилои радиои «Озодӣ», қазияи бозори Зарнисор, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе то дастгоҳи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон кашид. Ҳудуди 15 тан аз ҷумлаи раҳбарият ва тоҷирони ин бозор ҷиҳати додхоҳӣ ва изҳори норизоиятӣ аз ҳукми Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба дастгоҳи раёсатиҷумҳур омаданд. Қаблан, Додгоҳи иқтисодии Душанбе ҳукм карда буд, ки фаъолияти бозори Зарнисор ғайриқонунист ва он бояд баста шавад. Аммо раҳбарият ва тоҷирони ин бозор мегӯянд, тамоми асноди бозор дар мақомоти давлатӣ ва қабл аз ҳама шаҳрдории Душанбе аз қайд гузашта, ҳатто дар Нақшаи генералии шаҳр низ он ҷой дода шудааст. Дар баҳси дирӯз дар Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ муовини шаҳрдории Душанбе, раиси ноҳияи Сино, намояндагони додситонӣ ва додгоҳи иқтисодии пойтахт ширкат доштанд. Баррасии шикояти тоҷирон аз соати 10 то 12.30 идома дошт. Аммо бидуни натиҷа барои тоҷирон анҷом ёфт. Масъулин аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ карданд. Танҳо яке аз онҳо бидуни зикри номаш гуфт, ки шикояти тоҷирон бояд тибқи қонун дар Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шавад.



Ба гуфтаи ҳамсари роҳбари бозор Елена Миткова, дар сурати ҳалли ғайриқаноатбахши масъала, онҳо маҷбур хоҳанд шуд, ба созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқ муроҷиат намоянд. «Бозор ба мактаби таҳсилоти умумии наздики бозор кӯмак мерасонд ва ният дошт, ки барои кӯдакони бемор мактаби махсус бунёд созад, вале агар бозорро банданд, пас аз куҷо метавон барои ин маблағ пайдо кард», – гуфт ӯ.



Е.Миткова афзуд, шиносҳои ӯ аз шаҳри Рязани Русия нияти ташкили кори тиҷоратии худро дар шаҳри Душанбе доштаанд, вале пас аз чунин муносибат маблағгузории онҳо баҳри ин кор таҳти суол қарор хоҳад гирифт.


Раиси пойтахт пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба аҳолиро таҳти назорати худ қарор медиҳад

0


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.




Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа тибқи дастурҳои қаблӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва фаъолони пойтахт ба он нигаронида шуд,

 

ки бо таҳияи барномаҳои мушаххаси соҳавию ихтисосӣ ба маъракаи оғозгардидаи 900-рӯзи ободонӣ иштироки васеъ зери масъулияти шахсии ҳар

 

як роҳбари субъекти хоҷагидорӣ ва сокини пойтахт таъмин карда шавад ва нагузоранд, ки маъракаи мазкур характери ҳисоботӣ гирифта, саҳмгузориҳо танҳо дар коғаз ифодаи худро ёбанд.




 

Бо ин мақсад таъкид дошт, ки баррасии барномаҳо ва ҷараёни татбиқи он аз ҷониби субъекти соҳибташаббус бевосита аз тарафи Раиси шаҳр назорат бурда мешавад.



Бо дахли масоили масрафоти мақсадноки маблағҳои буҷавӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои он таъкид намуд, ки назорати молиявиро пурзӯр сохта, пардохтҳои пешбинигардидаи буҷавӣ,

 

пеш аз ҳама нафақа ва маоши кормандони ташкилоту идораҳои буҷетӣ чун ҳамеша саривақт таъмин карда шавад.



Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии дигар масъалаҳои ҳаёти хоҷагидории пойтахт аз ҳолати хизматрасонии нақлиёти коммуналии мусофиркашонӣ ва

 

дар қисмати шабона ба талаботи мусофирон ҷавобгӯ ташкил накардани фаъолияти муассисаҳои хизматрасон изҳори нигаронӣ намуда, муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев ва директори муассисаи давлатии коммуналии

 

«Душанбенақлиётхадамотрасон» Р. Ҳомидовро муваззаф сохт, ки оид ба ислоҳи вазъ тадбирҳои воқеӣ андешанд.



Бо инобати ҷараён доштани мавсими боронӣ ва дар ҳолати корӣ нигаҳ доштани

 

каналҳои селпартои ҳудуди пойтахт Сарраёсати ободонии

 

шаҳрро вазифадор намуд, ки фаъолияти

 

мавҷударо дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ тақвият бахшад.



Ба хотири қонеъ гардонидани талаботи сокинон оид ба ташкили шароити манзилӣ ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе якҷоя бо Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дастур фармуд, ки ҷиҳати идома додани азхудкунии қитъаҳои замини иловагии маҳаллаи «Ховарон»

 

ва тибқи тартиби ҷойдошта барои бунёди манзилҳои индивидуалӣ ба шаҳрвандон вобаста кардани онҳо дар мӯҳлати як моҳ корҳои тадқиқотиву пажӯҳиширо ба анҷом расонанд.


Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодгардидаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои


ҷ


умҳурияв


ӣ


пешниҳодгардидаро барои с


ӯ


ҳбат ба ҳузур пазируфт.




Сарвари давлат аз вазифаҳои пурмасъулияти давлату ҳукумат ва тамоми мақомоти ҳокимияти давлат


ӣ


дар марҳилаи кунунии бунёдкорию созандаг


ӣ


, ки ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум аст, ёдовар шуда, кадрҳои ба вазифаҳои воломақом пешниҳодшударо ба меҳнати садоқатмандона ба манфиати То


ҷ


икистони азиз ва мардуми шарафманди он ҳидоят намуд.



Таъкид гардид, ки баҳри бартараф намудани таъсири манфии б


ӯ


ҳрони


ҷ


аҳонии молияв


ӣ


аз тамоми кадрҳои роҳбарикунанда сатҳи баланди тахассус


ӣ


, қобилияти хуби ташкилотчиг


ӣ


ва кордон


ӣ


талаб карда мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ҳукумати вилояти Хатлон ва ширкати «Исмоили Сомонӣ» сарпарастии дастаи футболи «Вахш»-ро ба ӯҳда гирифтанд

0


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати вилояти Хатлон ва ширкати холдинги «Исмоили Сомонӣ» сарпарастии дастаи футболи «Вахш»-ро дар соли ҷорӣ ба ӯҳда гирифтанд.




Чӣ тавре ки сардори дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Исроил Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пас аз гуфтушуниди тӯлонӣ ҳукумати вилоят ва ширкати «Исмоили Сомонӣ» дар бораи ба ӯҳда гирифтани хароҷоти молиявии даста ба андозаи 50 дарсадӣ аз ҳарду ҷониб тавофуқ ҳосил кардаанд.



И.Шарипов афзуд, собиқ дарвозабони даста – Аслиддин Ҳабибуллоев сармураббии даста таъин гардида, яяанд футболбозони нав ба ҳайати даста даъват карда шудаанд.


Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Маркази миллии муолиҷа тавассути телевизионро таъсис доданист

0


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Маркази миллии муолиҷа тавассути телевизионро таъсис доданист. Вазифаи марказ аз ташхису табобат, назорати ҷараёни муолиҷа ва дахолати фаврӣ аз макони дигар тавассути телевизион иборат аст.




Чӣ тавре ки сардори шӯъбаи ёрии махсуси ташкили хизматгузориҳои тиббии Вазорати тандурустии кишвар Сафар Сайфуддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, маркази мазкур бо кӯмаку дастгирии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода мешавад. Дар ин кишварҳо чунин низом чандест муваффақона фаъолият дорад. «Маркази мазкур ба пизишкон имкон медиҳад, ки зимни табобат аз таҷрибаи якдигар пурсамар истифода кунанд», – гуфт ӯ.



Бо истифода аз таҷрибаи истифодаи телевизион вазорат рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҷаласаи ҳайати мушовараро баргузор намуд, ки дар он тариқи телевизион ба таври мустақим намояндагони вилояти Суғд низ иштирок карданд. «Мо тариқи Интернет ширкати мутахассисони вилояти Суғдро таъмин кардем ва агар дар давоми сол 15-16 чунин ҷаласа доир гардаду намояндагони аққалан як вилоят тариқи телевизион дар он ширкат варзанд, аз ҳисоби танҳо роҳкирои онҳо метавон 35-40 ҳазор сомониро сарфа сохт», – афзуд С.Сайфуддинов.


Имрӯз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ 49-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифт

0



           

Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ 49-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифт.





           

Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, муассисаи мазкур соли 1960 таъсис ёфта, соли 1998 Маҷлиси Олии ҶТ Қонун «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид, ки он мақоми ҳуқуқии палатаро мушаххас сохта, самтҳои фаъолияти сохторро густариш дод.




           

Ба иттилои манбаъ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон муассисаи ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ буда, ба корхонаву муассисоти кишвар ва соҳибкорон дар рушду тавсеъаи фаъолият ва ҷустуҷӯи сармоягузори хориҷӣ кӯмак мерасонад.




           

Зикр гардид, ки аз ҷониби Палата бо палатаҳои кишварҳои узви ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур беш аз 180 созишнома ба имзо расида, феълан худи палата узви як қатор созмонҳои байнулмилалӣ мебошад.

     

Айни замон беш аз 400 корхонаву муассисаи кишвар ба узвияти палата пазируфта шудаанд.


Дар вилояти Маскав бар асари сӯхтор яке аз нахустин сарварони нерӯгоҳи Норак – Георгий Тихонов ба ҳалокат расид

0



           

Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 27-уми март бар асари сӯхтор дар манзили беруназшаҳрии худ дар вилояти Маскави Русия яке аз нахустин сарварони нерӯгоҳи Норак Георгий Тихонов дар синни 75-солагӣ ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русия, дар хонаи фавтида дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо сими барқӣ оташ гирифта, сипас тамоми хонаро сӯхтор фаро гирифтааст. Гуфта мешавад, фавтида кӯшидааст, оташро хомӯш созад, вале ин ба ӯ муяссар нагаштааст. То ҳанӯз дигар сабабҳои фавти Г.Тихонов маълум нест.





           

Иқтисодчии шинохтаи Тоҷикистон Георгий Кошлаков мегӯяд, саҳми Георгий Тихонов дар рушди бахши энергетикаи ҷумҳурӣ хеле бузург аст. «Солҳои 60-уми қарни гузашта ӯ роҳбарии «Норакгидрострой»-ро ба ӯҳда дошта, ҳамчун пудратчии иншоот фаъолият дошт ва таҳти сарварии ӯ дар корхонаи алюминии тоҷик корҳои сохтмонӣ шурӯъ шуда буданд», – изҳор дошт ӯ.




           

Имрӯз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба наздикону хешовандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кард.




 

Намояндагони сохтори давлатӣ ва ВАО Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро баррасӣ карданд

0



           

Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «ВАО ва қонунгузории ҶТ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»

 

намояндагони сохтори давлатӣ ва ВАО Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро баррасӣ карданд.





           

Чӣ тавре ки аз Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа мушовири давлатии президенти Тоҷикистон Саймурод Фаттоев, мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии сарвари давлат Саидалӣ Сиддиқов, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва директори Маркази исломшиносӣ дар назди президенти ҶТ Муродулло Давлатов ва дигарон маърӯза карданд.



«Иштирокдорони ҷаласа атрофи қонуни мазкур фикру андешаҳои худро иброз дошта, масоили роҳандозии ҳамкории пурсамар миёни сохтори ҳукуматӣ, васоити ахбори умум ва ҷомеаро мавриди муҳокима қарор доданд», – афзуд манбаъ.


Тоҷикистон дар рейтинги рушди технологияи иттилоотӣ миёни 134 кишвар мақоми 104-умро ишғол кард

0



           

Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон дар рейтинги глобалии рушди технологияи иттилоотӣ миёни 134 кишвар мақоми 104-умро ишғол мекунад. Дар ин хусус дар гузориши ҳамасолаи




The








Global








Information








Technology








Report




маълумот дода мешавад.









           

Гуфта мешавад, зимни таҳқиқоти сатҳи рушди технологияи иттилоотӣ дар давлатҳо, мизони ҷоришавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар сохтори давлатӣ ва тиҷорат, рушди зерсохтори шабакавӣ, омодагии кишвар ба қабули технологияҳо ва сифату шумораи хизматгузориҳо бо технологияи иттилоотӣ ба эътибор гирифта шудаанд.








           

Ҷои аввалу дуввум чун соли гузашта насиби Данияву Шветсия гардида, ИМА мақоми саввумро касб кард. Русия дар зинаи 74, Қирғизистон – 115 ва Қазоқистон дар мақоми 73-ум ҷойгир шудаанд.






Имрӯз раисони вилоятҳо ва як қатор навоҳии ҷумҳурӣ ба сарвари давлат оид ба фаъолияташон дар семоҳаи аввал ҳисобот доданд

0


Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имр


ӯ


з ба Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон раиси Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Пан


ҷ


акент ва ноҳияҳои


Ҷ


иргатолу Тавилдара аз нати


ҷ


аи корҳояшон дар семоҳаи аввали соли равон ва рафти и


ҷ


рои вазифаҳои минбаъда ҳисобот доданд.




Тава


ҷҷ


ӯ


ҳи махсус ба рафти киштукори баҳор


ӣ


, ниҳолшинон


ӣ


, к


ӯ


макрасон


ӣ


ба деҳқонон, вусъат додани корҳои ободон


ӣ


, фаъолияти корхонаҳои саноат


ӣ


, муҳайё намудани


ҷ


ойҳои нави кор


ӣ


ва гузарондани ярмаркаҳои


ҷ


ойҳои холии кор


ӣ


ва ба пардохти саривақтии маошу нафақа зоҳир карда шуд. Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон ба онҳо оид ба


ҷ


оннок намудани корҳо дар ин ва дигар самтҳои фаъолият, аз


ҷ


умла доир ба истифодаи пурсамар аз ҳар ва


ҷ


аб замини корам, ба кор даровардани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноат


ӣ


ва афзун намудани истеҳсолоти ватан


ӣ


супоришҳои қатъ


ӣ


дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.