Home Blog Page 5115

Дар ноҳияи Ҷомӣ ғоратгарон аз нуқтаи мубодилаи асъор беш аз 13 ҳазор сомониро рабуданд

0


Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ғоратгари номаълуме корманди нуқтаи мубодилаи асъори воқеъ дар назди бозори марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро латукӯб намуда, беш аз 13 ҳазор сомониро ба яғмо бурд. Баъдтар ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини ноҳияи Рӯдакӣ К.Д. боздошт шуд.




Чӣ тавре ки аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ғайр аз ин, шоми 27-уми март ба шӯъбаи милиса хабар расидааст, ки ғоратгарон ба нуқтаи мубодилаи асъор дар ноҳияи Ашт ҳамла намуда, вале дар хазина чизе дарёфт намекунанд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. «Феълан ҷусутуҷӯи онҳо идома дорад», – афзуд сарчашма.

 



Бонкҳои Тоҷикистон ҳамагӣ сеяки қарзи ҳукуматро баргардониданд

0


Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз 140 млн. сомонии соли гузашта ҷудогардида ба хоҷагиҳои пахтакор то имрӯз бонкҳо беш аз 40 млн. сомониашро пардохтаанд. Маблағ дар ҳаҷмҳои гуногун аз ҷониби «Агроинвестбонк», «Амонатбонк», «Тоҷиксодиротбонк ва «Тоҷпромбонк» ворид гардида, то ҳанӯз «Ориёнбонк» аз ин ҳисоб маблағе пардохт накардааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департамент оид ба буҷаи Вазорати молияи ҶТ Нарзулло Ҳабибуллоев хабар дод.




Н.Ҳабибуллоев мегӯяд, феълан ҳукумат пешниҳоди бонкҳои тиҷоратиро бобати дароз кардани мӯҳлати қарзҳо, ки то 1-уми апрел муқаррар шудааст, мавриди барррасӣ қарор додааст.



Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март намояндагони «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк» ва «Тоҷпромбонк» аз Вазорати молия дархост карданд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои аз ҷониби ҳукумат ҷудогардида дароз карда шавад.



Дар ҳамин ҳол, аз худи бонкҳо мегӯянд, ки маблағи пардохтшуда ба Вазорати молия айни замон 46 млн. сомониро ташкил медиҳад.



Ҳамин тариқ, дар шӯъбаи маълумоту таҳлилии «Амонатбонк» гуфтанд, ба вазорат 20 млн. сомонӣ пардохтаанд, яъне 50 дарсади қарзро ҳисоббаробарӣ намудаанд.



Дар «Тоҷиксодиротбонк» изҳор доштанд, ки ҳанӯз ахири соли гузашта қарзи вазорати молия дар ҳаҷми 10 млн. сомонӣ барои хоҷагихои пахьакорро бо фоизҳояш пурра пардохт кардаанд.



Раиси раёсати «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев зикр намуд, ки бонк аз 5 млн. сомонӣ воситаҳои барои қарз ҷудокардаи ҳукумат 2,1 млн. сомониашро баргардонидааст.



Ба «Ориёнбонк» бо ин мақсад соли гузашта вазорати молия 35 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда буд, вале муяссар нагардид, ки дар ин бора маълумоте дастрас гардад.


ЮСАИД 15-умин солгарди ҳамкории худро бо Тоҷикистон ҷашн гирифт

0


Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» –

  

Бисту ҳафтуми март 150 нафар намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи донорон, соҳибкорони маҳаллию байналмиллалӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҷлили 15-умин солгарди фаъолияти Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (ЮСАИД) дар Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъ омаданд.

 

Дар сухани ифтитоҳии худ сафири ИМА хонум Ҷейкобсон қайд кард, ки «ЮСАИД оҷонсии асосие мебошад, ки тавассути он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тӯли 15 соли охир ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад».

   





Дар рафти маросими таҷлил рушду нумӯи Тоҷикистон тайи 15 соли охир, ки ба он ЮСАИД низ саҳми арзандаи худро гузоштааст, мавриди қайд қарор гирифт. Меҳмонон аз намоишгоҳи лоиҳаҳои ЮСАИД дар Тоҷикистон дидан карданд. Намояндагони созмонҳои баҳрабардор оиди ҳамкориҳои худ бо ЮСАИД баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон нақл карданд. Дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.

   





 

Дар яке аз мавзеъҳои роҳи мошингарди Душанбе-Ош пинҳонгоҳи маводи мухаддир ошкор карда шуд

0


Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМБК зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавзеи роҳи мошингарди Душанбе-Ош пинҳонгоҳеро бо миқдори зиёди маводи мухаддир ва як автомати Калашников бо муҳимоташ ошкор сохтанд.




Чӣ тавре ки аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, маводи мухаддири мусодирашуда ҳашиш буда, вазни он ба 26,5 кило баробар аст.



Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, феълан ҷиҳати муайян сохтани соҳиби маводи мухаддир ва силоҳ корҳои тафтишотӣ анҷом дода мешаванд.


Дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон президенти нав интихоб гардид

0


Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ғиёсиддин Мироҷев президенти нави Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон интихоб гардид.




Чӣ тавре ки корманди бахши иттилооти ҶҲАТ Сайидо Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар Анҷумани ғайринавбатии ҷамъият, ки рӯзи 28-уми март баргузор шуд, тавассути райъдиҳии кушод намояндаи ташкилоти ибтидоии шӯъбаи ҶХАТ дар Бадахшон, директори пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии ҶТ, академик Ғиёсиддин Мироҷев бо аксари кулли оро президенти ҷамъият интихоб карда шуд.



Ба гуфтаи С.Назаров, худи ҳамин рӯз ҷаласаи нахустини Пленуми нави ҷамъият баргузор шуда, бо пешниҳоди президенти тозаинтихоб намояндаи ҶҲАТ дар пойтахт Зайнурамо Одинаева ноиби президент интихоб шуд. Номзадии Зафар Муҳаббатов бори дигар ба мансаби дабири кулли ҷамъият тасдиқ карда шуд.


Самбочиёни Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Хуҷанд ғолиб омаданд

0


Хуҷанд. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба гӯштии самбо дар шаҳри Хуҷанд дастаи Тоҷикистон пирӯз гардид.




Мусобиқа барои аввалин бор дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, дар он 140 варзишгар аз панҷ кишвари минтақа ширкат варзид. Қувваозмоиҳо аз рӯи 9 вазн дар ду тарз – гӯштии самбои врзишӣ ва низомӣ доир гардиданд.



Дар мусобиқот миёни мардон дастаи Тоҷикистон 6 медали тилло ва ду нуқра ба даст оварда, соҳиби мақоми аввал шуд. Ҷойҳои дуввуми саввум насиби самбочиёни Ӯзбекистону Қазоқистон гардид.



Дастаи Ӯзбекистон дар мусобиқот миёни занон мақоми аввалро ишғол кард. Дастаи занонаи Қазоқистон зинаи дуввум ва Тоҷикистон мақоми саввумро соҳиб шуданд.



Дар мусобиқоти гӯштии самбои низомӣ дастаи Ӯзбекистон

 

ғолиб дониста шуда, зинаҳои дуввуму саввумро гӯштигирони Қирғизистону Туркманистон ишғол карданд. Тоҷикистон дар ин навъи мусобиқот мақоми чаҳорумро соҳиб гашт.


Котиби давлатии Вазорати умури хориҷии Италия ба Тоҷикистон ташриф меорад

0


Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 2-юми апрел Котиби давлатии Вазорати умури хориҷии Италия, сенатор Алфредо Мантика ба Тоҷикистон ташриф меорад.




Чӣ тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни сафари дипломати итолиёвӣ дидору гуфтугӯи ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар назар аст.



«Дар қатори баррасии масоили ҳамкории дуҷониба, вазъи минтақаву Афғонистон низ баррасӣ хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.


Аз ҷараёни сохтмони маҷмааи манзили зисти «Пойтахт-80» комиссияи муштараки Душанбеву Маскав назорат хоҳад кард

0


Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – 28-уми марти соли 2009 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо муовини сардори Департаменти сохтмонии шаҳри Маскави

 

Федератсияи Русия Дмитрий Коробов мулоқоти корӣ анҷом дод.




Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ба комиссияи давлатии қабул оид ба истифодабарӣ омодасозии сексияҳои 4 ва 5 –уми Маҷмааи манзилии «Пойтахт-80», ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст ва шурӯи корҳои бунёдӣ дар сексияҳои 2 ва 3-юми иншооти мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки пас аз ҷониби фармоишгари иншоот ҶММ «Жилкапинвест» тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт иншоот ва ҳуҷҷатҳои дахлдори он барои иҷрои

 

ин амалкард

 

омода гардидан шаҳдорӣ имкон дорад санади марбутаро оид ба таъсиси комиссияи давлатии қабул ба имзо расонад.



Дар фарҷоми мулоқот ҷиҳати назорат ва вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншоот вобаста аз масъалаҳои баррасигардида тибқи муқаррароти шаҳрдор гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд. Дар ин бораи сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.




 



 

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон дастгир шуданд

0


Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ дастгир шуданд.




Чӣ тавре ки аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл дар қитъаи гурӯҳи сарҳадии «Ишкошим» марзбонон чаҳор нафар шаҳрванди аз 20 то 29-солаи Тоҷикистонро бо ду халтаи маводи мухаддири гурӯҳи каннабис , ки 43 кило вазн дошт, боздошт намудаанд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Бояд гуфт, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беш аз 800 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.


Вазорати фарҳанг ба идомаи намоиши спектакли Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93» иҷоза дод

0



           

Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба идомаи намоиши спектакли Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93» иҷоза дод.





           

Шурӯъ аз пагоҳ намоиши спектакли мазкур дар саҳнаи театри драмавии русии ба номи В.Маяковский идома меёбад. Пас аз нахустнамоиши спектакл вазорат намоиши минбаъдаи онро манъ карда буд.




           

Чӣ тавре ки худи коргардон Б.Абдураззоқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл ӯ бо мақомоти раҳбарии вазорати фарҳанг ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар ин хусус мулоқот кардаааст. «Сӯҳбати мо ду соат давом кард ва дар анҷом мо ба мувофиқа расидем», – гуфт ӯ.




           

Б.Абдураззоқов афзуд, баъе аз ҷузъиёти саҳнаҳои спектакл ихтисор шудаанд, ки он ба моҳият ва ҳадафи он ҳеҷ дигаргуние ворид насохтааст.