Home Blog Page 5117

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» метавонад бозистад

0



           

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз бинокорон тариқи хаттӣ мақомоти раҳбарии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1»-ро дар бораи даст задан ба коршиканӣ огоҳ карданд. Онҳо пардохти музди меҳнат аз моҳи декабри соли гузашта то имрӯзро тақозо доранд ва дар сурати иҷро нагардидани талабот, таҳдид доранд, ки корҳои сохтмониро комилан қатъ месозанд. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ медиҳад.





           

Дар иттилои хабаргузорӣ гуфта мешавад, аз ситоди сохтмони нерӯгоҳ хабар додаанд, ки дар натиҷаи пардохт нагардидани қарз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 10 млн. $, онҳо имкон надоранд музди меҳнати бинокоронро ҳисоббаробарӣ намоянд ва мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон аз ин вазъ ба хубӣ огоҳ аст. «Мо борҳо ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ хотиррасон намудем, ки бинобар напардохтани қарз аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик», ширкати

 

мо наметавонад ҷиҳати анҷоми пурраи сохтмони иншоот таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда, музди меҳнати коргаронро пардохт намояд, вале то ҳанӯз посухи мушаххасе нагирифтаем», – омадааст дар хабар.




           

Бояд гуфт, дар воҳидҳои ширкати мазкур тақрибан 400 коргари соҳибихтисос фаъолият дорад. Анҷоми пурраи сохтмони иншоот ахири моҳи март ба нақша гирифта шуда буд, аммо чанде қабл он то ахири моҳи апрел дароз карда шуд. Бинокорон итминони комил надоранд, ки ин мӯҳлат низ мавқуф гузошта нашавад.


САҲА Маркази матбуоти ҷумҳуриро бо таҷҳизоти техникии муосир таъмин сохт

0



           

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба Маркази матбуоти ҷумҳурӣ аз ҷониби Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 25 ҳазор Евро таҷҳизоти муосири техникӣ супурда шуд.





           

Чӣ тавре ки сарвари иҷроияи иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» Гулрухсор Нурова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, таҷҳизоти мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи САҲА таҳти унвони «Дастгирии фаннӣ» тақдим карда шудааст.




           

Ба гуфтаи Г.Нурова, таҷҳизоти мазкур аз дастгоҳҳои тарҷумаи мустақим, диктофон, панели плазмавӣ, ноутбук ва ғайра иборат аст.




           

Дар маросими супоридани кӯмаки техникӣ роҳбари Маркази САҲА

 

дар Тоҷикистон Владимир Пряхин, роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назрӣ, намояндагони ВАО ва дигарон иштирок доштанд.


Нерӯгоҳи Сарез ба иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ дар минтақа – НБО Роғун баробар шуда наметавонад, – назари коршинос

0





           








  

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси варзидаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон Георгий Петров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки пешниҳоди коршиносони бахши энергетикаи Ӯзбекистон дар бораи ба ивази нерӯгоҳи Роғун бунёд кардани нерӯгоҳ дар кӯли Сарез ба иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ дар минтақа – НБО Роғун баробар шуда наметавонад, зеро иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи кӯли Сарез 150 МВт-ро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки иқтидори нерӯгоҳи Роғун ба 3600 мегаватт баробар хоҳад буд.









           

Г.Петров мегӯяд, арзиши корҳои сохтмонии нерӯгоҳи Сарез хеле гарон хоҳад буд, зеро иншоотро лозим меояд дар манотиқи душворгузари кӯҳӣ бунёд кард ва он ҷо то ҳанӯз ҳатто хатҳои интиқоли барқ низ вуҷуд надоранд. Дар мавриди коҳиши хавфи рахнашавии сарбанди Усой, коршинос зикр кард, ки он амалан ба лоиҳаи Роғун ҳеҷ муносибате надорад. «Баҳри ҳалли масъалаи мазкур Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи Даштиҷум дар рӯдхонаи Панҷро ба нақша гирифтааст ва обанбори ин нерӯгоҳ қодир аст, хатари рахнашавии сарбанди Сарезро пешгирӣ кунад», – гуфт ӯ.








           

Ба қавли Г.Петров, пешниҳоди сарвари давлати Тоҷикистон оид ба истифодаи оби кӯли Сарез чун оби тозаи нӯшокӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон дар як вақт метавонад ҳам масъалаи паст гаштани мизони оби кӯл ва ҳам хавфи рахнашавии сарбандро ҳал намояд.




Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои коҳиш додани зарбаи бӯҳрони молӣ 20 миллион $ кӯмак мекунад

0


Душанбе. 27-уми март – Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои коҳиш додани зарбаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар ин кишвар 20 миллион доллар кӯмак мекунад.




Намояндаи доимии ин ниҳоди молии байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, Кяра Бронки гуфтааст, ин сармоя бояд ба пуштибонӣ аз барномаи ҳукумат дар ҳифзи эътидоли макроиқтисодӣ равона шавад.



Вай афзуд, мақсади кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон ислоҳотро идома дода, ба барномаҳои коҳиши фақр тамаркуз кунанд ва қисман камбуди сармояро, ки бар асари бӯҳрон падид омадааст, ҷуброн намоянд.



Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисодиро дар Тоҷикистон дар соли равон 3 % пешгӯӣ мекунад, аммо Кумисюни иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ мегӯяд, даромади нохолиси миллии Тоҷикистон дар қиёс бо соли гузашта қариб 2,5 % кам хоҳад шуд. Дар ин бора радиои «Озодӣ» хабар медиҳад.


М.Додоҷонов: Бӯҳрони молӣ ба баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дарТоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад

0


Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари дастгоҳи Комисссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҶТ Муҳибулло Додоҷонов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бӯҳрони молӣ ба баргузории интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.




М.Додоҷонов мегӯяд, то интихоботи парлумонии навбатӣ ҳамагӣ 9 моҳ мӯҳлат боқӣ мондааст, вале то ҳанӯз марҳилаи фаъоли омодагӣ ба он шурӯъ нагардида ва иллати аслӣ дар он аст, ки маблағгузорӣ ба корҳои омодагӣ нокофӣ аст. «Соли 2004 вазъ тамоман дигар буд ва қонун дар бораи интихобот миёни ҷомеа муҳокима гардида, қабул шуда буд, вале феълан парлумони ҷумҳурӣ акнун ба баррасии лоиҳаи қонуни нав шурӯъ кардааст ва он нимаи моҳи май тасдиқ хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Роҳбари дастгоҳи комисиияи марказии интихобот афзуд, дар муқоиса бо маъракаҳои интихотии солҳои пешин созмонҳои байнулмилалӣ ва аҳзоби сиёсӣ низ он қадр фаъол нестанд ва иллати ҳамаи инро ба бӯҳрони молӣ ва вазъи молиявии онҳо марбут медонад.


Тоҷикистону Муғулистон ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун тавофуқ ҳосил карданд

0


Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фурӯдгоҳи байналмилалии пойахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор фурӯд омад.




Дар фурӯдгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ва бо ифодаи эҳтиром гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.



Мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ субҳи рӯзи 27 – уми март оғоз ёфтанд.



Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Давлатии Муғулистон баргузор гашт.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр истиқбол гиифт.



Маросими истиқболи расмӣ бо садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузориши фармондеҳи горди ифтихорӣ, гузаштан аз назди ҷузъу томҳои низомӣ ва арзи салом ба онҳо, эҳтиром овадан чониби парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ҷараён гирифт.



Сипас мулоқоти хосаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр баргузор гашт.



«Мо омодаем, ки ҳамгироии минбадаи худро бо дӯстони муғул дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ густариш диҳем», – изхор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.



Яонагӣ ва ё наздикии мавқеъҳои ду давлат доир ба масоили асосии муносибатҳои минтақаию байналмилалӣ заминаи хуб барои рушди робитаҳои гуногунҷанба маънидод гардид.



Ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла дар самтҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва мубориза бо хатарҳои ҷахони муосир таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.



Чорводорӣ, захира ва коркарди саноатии маҳсулоти гӯшту шир ва пашму пӯст аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар арзёбӣ шуд.



Миёни ду кишвар таъсис додани комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.



Эмомалӣ Раҳмон Намбарин Энхбаярро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.



Масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар гуфтушиниди расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб ба таври муфассал баррасӣ шуд.



Баъди музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат як зумра санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.



Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Муғулистон оид ба принсипҳои асосии муносибатҳои ду давлат сарони давлатҳо – Эмомалӣ Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр имзо гузоштанд.



Ҳамчунин ба имзо расид:



– Cозишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ;



– Созишнома

 

миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;



– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;



– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо;



Дар охир сарони ду давлат –

 

Эмомалӣ Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқотҳои расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.



«Мо барои рушди воқеии ҳамкориҳои дуҷониба заминаи кофии қарордодӣ-ҳуқуқӣ муҳайё

 

намудем», -баён кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои ин сафар, аз ҷумла санадҳои имзошуда, барои густариши ҳамкориҳои ба ҳарду ҷониб судбахш роҳи васеъ мекушоянд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабинии иттилоотиву маърифатӣ баргузор мешавад

0



           

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахти ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабинии иттилоотиву маърифатӣ баргузор мешавад .





           

Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози Лоиҳаи ҲОУП дар ҶТ Саодат Қосимова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабинӣ доир ба мавзӯи пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил озмуну викторинаҳо ташкил шуда, бо иштироки устодони

 

санъати ҷумҳурӣ консерт доир мегардад.




           

Ба гуфтаи С.Қосимова, дар чорабинӣ иштироки сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ва вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар назар аст. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байнулмиллии марбут ба бахши мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.


IFC барои фермерони тоҷик баргузории тренингҳоро идома медиҳад

0


Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) барои фермерони ноҳияи Рӯдакӣ оид ба тарзи дурусти кӯчати помидор ва интихоби гибридҳо семинар баргузор намуд.




Чӣ тавре ки аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, семинар бо мақсади омӯзиши фермерон бо тарзи дурусти кӯчати помидор, интихоби гибридҳо, парвариши он ва ба даст овардани ҳосили баланди сабзавот доир гардид. «Солҳои ахир кишоварзон дар парвариши сабзавот ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд ва семинарҳои омӯзишии корпоратсия маҳз ба баланд бардоштани ҳосилнокии сабзавот ва афзоиши даромади деҳқон нигаронида шудаанд», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои сарчашма, агрономии корпоратсия Муҳаммадхон Эшбадалов дар маърӯзаи хеш ҳозиринро бо тарзи дурусту пурсамари кӯчати сабзавот шинос намуда, ба онҳо оид ба ширкатҳои Enza Zaden и Seminis, ки ба парвариши тухмии хушсифат машғуланд, маълумоти муфассал пешниҳод кард.

           



Коршиносони бахши энергетикаи Ӯзбекистон ба ивази нерӯгоҳи Роғун бунёди нерӯгоҳи Сарезро пешниҳод мекунанд

0


Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории


REGNUM


иттилоъ медиҳад, ки ғолиби озмуни ҳамасолаи энергетикаи алтернативӣ-2008, роҳбари гурӯҳи ERG (Engineering Research Group) Герман Трешалов ва муҳандиси сохтмони гидроэнернетка Владислав Трешалов аз фоидаи истифодаи имконоти кӯли Сарез ба ивази сохтмони нерӯгоҳи Роғун натиҷагирӣ кардаанд.




Хабаргузорӣ менависад, коршиносони бахши энергетикаи Ӯзбекистон чунин мешуморанд, ки бунёди нерӯгоҳ бо истифода аз захираҳои оби кӯли Сарез имкон фароҳам хоҳад сохт, ки об дар обанбори Роғун муддати 5-6 сол захира нагардида, баръакс, истифодаи оби тӯли сад соли ахир дар кӯҳҳои Помир захирагардида имконпазир шавад.



Гуфта мешавад, сохтмони нерӯгоҳ дар кӯли Сарез хавфи рахнашавии сарбанди Усойро бамаротиб коҳиш медиҳад. «Ҳисобҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки истифодаи 70-


100 метр

оби кӯли Сарез ба воридшавии то 6-8 млрд. метри мукааб об ба баҳри Арал шароит муҳайё месозад ва ҳарчанд ин миқдор об барои баҳри Арал аз қатрае беш набошад ҳам, он муддати якчанд сол воридшавии ҳаҷми оби иловагиро ба баҳр таъмин месозад», – гуфта мешавад дар иттилои хабаргузорӣ.


Дар Душанбе лоиҳаи Баёния оид ба дастгирии нашри китоб дар кишварҳои узви ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад

0



           

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали моҳи апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб ва ва полиграфия баргузор мешавад.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа ба баррасии масоили беҳбуди роҳандозии нашри китоб ва қабули лоиҳаи Баёния оид ба дастгирии нашри китоб дар кишварҳои узви ИДМ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид.




           

Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаи омодагиҳо ба баргузории Озмуни


VI


-уми байнулмилалии «Санъати нашри китоб» табодули афкор хоҳанд кард. «Масъалаҳои таъсиси мақомоти нашри ИДМ ва таҳияи созишнома дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид ҷиҳати мубодилаи маҳсулоти чопӣ байни кишварҳо низ мавриди муҳокимаи иштирокдорони ҷаласа қарор хоҳад гирифт», – гуфта мешавад дар иттилои кумитаи иҷроияи ИДМ.