Коршиносони бахши энергетикаи Ӯзбекистон ба ивази нерӯгоҳи Роғун бунёди нерӯгоҳи Сарезро пешниҳод мекунанд

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории REGNUM иттилоъ медиҳад, ки ғолиби озмуни ҳамасолаи энергетикаи алтернативӣ-2008, роҳбари гурӯҳи ERG (Engineering Research Group) Герман Трешалов ва муҳандиси сохтмони гидроэнернетка Владислав Трешалов аз фоидаи истифодаи имконоти кӯли Сарез ба ивази сохтмони нерӯгоҳи Роғун натиҷагирӣ кардаанд. Хабаргузорӣ менависад, коршиносони бахши энергетикаи Ӯзбекистон чунин мешуморанд, ки бунёди нерӯгоҳ бо […]

Виктория Наумова


Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории


REGNUM


иттилоъ медиҳад, ки ғолиби озмуни ҳамасолаи энергетикаи алтернативӣ-2008, роҳбари гурӯҳи ERG (Engineering Research Group) Герман Трешалов ва муҳандиси сохтмони гидроэнернетка Владислав Трешалов аз фоидаи истифодаи имконоти кӯли Сарез ба ивази сохтмони нерӯгоҳи Роғун натиҷагирӣ кардаанд.




Хабаргузорӣ менависад, коршиносони бахши энергетикаи Ӯзбекистон чунин мешуморанд, ки бунёди нерӯгоҳ бо истифода аз захираҳои оби кӯли Сарез имкон фароҳам хоҳад сохт, ки об дар обанбори Роғун муддати 5-6 сол захира нагардида, баръакс, истифодаи оби тӯли сад соли ахир дар кӯҳҳои Помир захирагардида имконпазир шавад.



Гуфта мешавад, сохтмони нерӯгоҳ дар кӯли Сарез хавфи рахнашавии сарбанди Усойро бамаротиб коҳиш медиҳад. «Ҳисобҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки истифодаи 70-


100 метр

оби кӯли Сарез ба воридшавии то 6-8 млрд. метри мукааб об ба баҳри Арал шароит муҳайё месозад ва ҳарчанд ин миқдор об барои баҳри Арал аз қатрае беш набошад ҳам, он муддати якчанд сол воридшавии ҳаҷми оби иловагиро ба баҳр таъмин месозад», – гуфта мешавад дар иттилои хабаргузорӣ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.