Home Blog Page 5118

Озмуни байнулмилалии «Панҷ ситораи интервизион» моҳи август дар «Кохи Борбад» доир мегардад

0


Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Озмуни байнулмилалии «Панҷ ситораи интервизион» моҳи август дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир мегардад. Дар ин хусус зимни сафари гурӯҳи кории Шабакаи аввали телевизиони Русия, намояндагони Фонди ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва ширкати «Красний квадрат»-и Русия ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил гардид.




Чӣ тавре ки муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдуманнонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, баргузории озмун рӯзҳои 27-30-уми август пешбинӣ мешавад.



Дар ҷараёни сафари ҳайати намояндагони Русия тамоми масоили тадорукотии марбут ба баргузории озмун, аз ҷумла, интиқоли таҷҳизоти техникӣ аз Русия, ороиши саҳна, пахши мустақими он тариқи телевизион, ташкили маъракаи таблиғ ва ғайра мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанд.

 

 


Қочоқбарони афғон чӯпонҳои ба гаравгон гирифта аз Шӯроободро озод карданд

0




 




           

Кӯлоб. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чӯпон Шермамон Мамонов, сокини ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, ки аз ҷониби қочоқбарони афғон гаравгон гирифта шуда буд, озод гардид.




           

Чӣ тавре ки раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аввали моҳи март Ш.Мамонов дар мавзеи харобаҳои Бардара, ки он ҷо чарогоҳи хоҷагии деҳқонии «Сайдамир ҷойгир аст, аз ҷониби қочоқбарони кишвари ҳамҷавори Афғонистон гаравгон гирифта шуда буд.




           

Сарчашма аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия гуфт, як рӯз пештар аз ин ҳодиса сарчӯпони ин хоҷагӣ Ҷумъахон Менглиевро низ қочоқчиён гаравгон гирифтаанд, вале рӯзи дигар ӯро озод кардаанд.




           

Сарчашмаҳо аз додситонӣ ва хадамоти махсус мегӯянд, чӯпонҳо дар корҳои марбут ба «қочоқи маволи мухаддир» даст надоранд ва гунаҳкори аслӣ – роҳбари хоҷагии деҳқонии «Сайдамир», ки дар содир намудани ҷиноёти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад, чанде қабл ба ҳабс гирифта шудааст.


Сиёсатшиносони варзидаи Тоҷикистон масоили амнияти кишварҳои Осиёи Миёнаро баррасӣ мекунанд

0



           

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар толори Маркази русии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон конфронси илмӣ таҳти унвони «Мушкилоти таъмини амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба кор шурӯъ мекунад.





           

Чӣ тавре ки аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар конфронс намояндаи муваққатии умури Русия дар То


ҷ


икистон Вячеслав Светличний, сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини вазири мудофиаи ҶТ Рамил Нодиров ва сиёсатшиносони варзидаи ҷумҳурӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, Академияи улуми ҶТ ва макотиби олии кишвар маърӯза хоҳанд кард.




           

Конфронс бо мусоидати сафорати Русия дар Тоҷикистон баргузор мегардад.


Раиси «Ориёнбонк» ба ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон барои бунёди канисо дар маркази пойтахт бино тақдим кард

0


Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси ҶСК «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ба ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон

 

барои бунёди канисо дар маркази пойтахт бино тақдим кард.

 






           

Чӣ тавре ки сархохоми канисои шаҳри Душанбе Михаил Абдураҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бинои тақдимгардида ба сифати канисо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. «Пас аз кӯчонидани бинои кӯҳнаи канисои ягона дар ҷумҳурӣ, ки беш аз сад сол қабл бунёд гардида буд, муддати 9 моҳ аъзои ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон имкон надоштанд, ки ба таври бояду шояд маъракаҳои динии худро доир созанд», – гуфт ӯ.




           

М.Абдураҳмонов мегӯяд, бино дар вазъи хуб қарор дошта, таъмирталаб ҳам нест. «Айни замон ба мо баҳри бунёди канисо ҷамъиятҳои яҳудии кишварҳои хориҷӣ кӯмак мекунанд ва ният дорем, ки дар арафаи иди мазҳабии яҳудиҳо, ки 8-уми апрел баргузор мешавад, корҳоро пурра ба анҷом расонида, фаъолияти канисоро ба роҳ монем», – изҳор дошт вай.




           

Ба қавли номбурда, муаррифиномаи хурди канисо рӯзи 18-уми март баргузор гашта, дар он Ҳ.Асадуллозода низ иштирок доштааст. «Ҳама аъзои ҷамъияти яҳудиҳои пойтахт барои дар чунин рӯзҳои душвор дастгирӣ намудан ба ӯ миннатдорӣ баён карданд», – афзуд ӯ.




           

Тибқи маълумоти ӯ, феълан беш аз 300 нафар аъзои ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон мебошад.


Созмони байнулмилалии меҳнат хостори имзои Аҳдномаи глобалӣ оид ба ҷойҳои корӣ аст

0



           

Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Директори генералии Созмони байнулмилалии меҳнат Хуан Сомавия изҳор доштааст, ки баҳри пешгирии «бӯҳрони дарозмуддат ва амиқ дар бахши шуғли аҳолӣ», ки метавонад ба афзоиши бесобиқаи бекорӣ ва «коргарони қашшоқ» боис гардад, мебояд Аҳдномаи глобалӣ оид ба ҷойҳои корӣ ба имзо расонд.





           

Х.Сомавия сатҳи ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи мубориза бо оқибатҳои бӯҳрони молиро нокофӣ арзёбӣ намудааст. «Иллатҳои бӯҳрон дар бахшҳои молия, тиҷорат, иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ ва шуғл ба ҳам алоқамандан ва аз ин рӯ, зарур аст, чораҳои сиёсӣ низ дар ин самт танзим карда шаванд», – гуфтааст ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, тибқи пешбиниҳо, барои танзими фаъолияти мӯътадили бозори меҳнат дар солҳои 2009-2010, мебояд қариб 90 млн. ҷойи корӣ ташкил кард. «Таҷрибаи бӯҳронҳои молии гузашта собит месозанд, ки бозори меҳнат пас аз 4-5 соли барқароршавии иқтисод мӯътадил мегардад», – қайд намудааст Х.Сомавия.




           

Бӯҳрони сартосарӣ, ба қавли вай,

 

тасмимҳои глобалиро тақозо мекунад. «Бо муттаҳидшавӣ дар чаҳорчӯбаи Аҳдномаи глобалӣ шарикони СБМ имкон пайдо хоҳанд кард, ки дар ҳамоҳангсозии чораҳои сиёсии зиддибӯҳронӣ дар сатҳи глобалӣ саҳми арзанда гузоранд», – афзудааст Х.Сомавия.


Вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси СҲШ оид ба Афғонистон ба Маскав рафт

0


Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари кории серӯза ба шаҳри Маскав рафт.




Чӣ тавре ки аз департаменти иттилооти вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, пагоҳ Ҳ.Зарифӣ дар Конфронси бахшида ба вазъи Афғонистон дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай суханронӣ хоҳад кард.



Дар рӯзномаи конфронс баррасии масоили мубориза бо терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил пешбинӣ шудаанд. Аз рӯи натиҷаҳои конфронс Нақшаи амал ва Изҳороти кишварҳои узви СҲШ ва Афғонистон оид ба масоили зикргардида қабул хоҳад гардид.



Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ бо Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, вазири умури хориҷии Покистон Маҳмуд Шоҳ 

Қурайшӣ

ва намояндаи ҳайати Олмон дар назар аст.




 

Дар Душанбе Гурӯҳи Балинт оид ба пешниҳоди машварат ба аҳолӣ дар бораи бемории СПИД ва нашъамандӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад

0



           

Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бори нахуст дар шаҳри Душанбе Гурӯҳи Балинт оид ба пешниҳоди машварат ба аҳолӣ дар бораи бемории СПИД ва нашъамандӣ ҷиҳати роҳандозии кӯмаки мутақобила барои мутахассисони ин соҳа ба фаъолият шурӯъ мекунад.





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, гурӯҳи мазкур ҳафтае як маротиба дар Маркази солимии рӯҳӣ ва ВИЧ/СПИД дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, масоили ҷалби коршиносони соҳа ва ташкили фаъолияти муштараки мутахассисонро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.



«Ба гурӯҳ мутахассисоне, ки бо хоҳиши худ омодаанд, бо тарзҳои нави пешгирии ин падидаҳои номатлуб миёни аҳолӣ огаҳии хуб пайдо намоянд, шомил мегарданд», – гуфт манбаъ.


Тоҷикистон аз рӯи сатҳи ришвахорӣ миёни 126 кишвари дунё мақоми 11-умро ишғол мекунад

0



           

Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи гузориши маҷаллаи маъруфи «


Forbes


», Тоҷикистон аз рӯи сатҳи ришвахорӣ миёни 126 кишвари дорои муҳити мусоиди роҳандозии тиҷорат мақоми 11-умро ишғол мекунад.





           

Тибқи маълумоти маҷалла, кишвари аз ҳама бештар ба фасод ғӯтаваршуда Чад мебошад. Ҷойҳои дуввум, саввум ва чаҳорумро кишварҳои Зимбабве, Камбоҷа ва Қирғизистон ишғол мекунанд.




           

Бурунди, Гамбия, Венесуэла ва Озарбойҷон дар мақоми аз 5 то 9-ум қарор доранд. Русия, Сурия, Бангладеш, Кения ва Қазоқистон дар зинаҳои аз 13 то 17-ум ҷойгир шудаанд.




           

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Украина дар зинаи 20, Молдавия -36, Арманистон – 37 ва Гурҷистон дар мақоми 72-ум аст.


Президенти Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми сафари расмии нахустин ба Муғулистон рафт

0



           

Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Муғулистон шуд.





           

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, президентро дар сафар мушовири президент оид ба масоили байнулмилалӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев ва муовини аввали вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Абдулло Юлдошев ҳамроҳӣ мекунанд.



Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзи 27-уми март нахуст мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо баргузор мешавад.



Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор асноди дуҷониба дар назар аст. Ғайр аз ин, президенти Тоҷикистон бо муовини раиси парлумони Муғулистон ва муовини аввали нахуствазири Муғулистон низ дидору гуфтушунид хоҳад кард..



Шоми рӯзи 27-уми март сарвари давлати Тоҷикистон ба ватан бармегардад.


Вазирони молияи кишварҳои узви ИДМ мавқеи умумии иттиҳодро дар нишасти сарони кишварҳои G-20 мувофиқа месозанд

0



           

Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда дар шаҳри Маскав ҷаласаи Машварати доимо амалкунандаи вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масоили вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои узви иттиҳод ва чораҳои андешида ҷиҳати рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба нақша гирифта шудаанд. Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин мавқеи умумии кишварҳои узви иттиҳодро дар нишасти сарони кишварҳои


G


-20, ки 2-юми апрел дар Лондон доир мегардад, мувофиқа месозанд.




           

«Ғайр аз ин, бо супориши Шӯрои нахуствазирони давлатҳо дар кишварҳои узви иттиҳод пешниҳоду тавсияҳо оид ба рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ таҳия гардидаанд», – гуфта мешавад дар хабар.